Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Ҷавоб ба хабари «Фирор аз биҳишт»
Главная > --- > Ҷавоб ба хабари «Фирор аз биҳишт»

Ҷавоб ба хабари «Фирор аз биҳишт»


12-12-2018, 18:17. Разместил: admin

Сомонаҳои ифротии наҳзат, барои реклама ҳаргиз номашонро намегирем, хабар додаанд, «имсол 750 тоҷикистонӣ дар Аврупову ИМА паноҳгоҳи сиёсӣ талаб кардаанд»

Паноҳгоҳ не, ин қишр ба истиснои 30 нафар наҳзатии хоин ва 2 нафар Г24  ҳама барои муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд. Барои қути лоямут роҳ пайдо кардаанд. Меҳнат ор нест. Рафтанд боз тобистон меоянд. Муҳоҷират як амали умумиҷаҳонист ва кишваре нест, ки аз ин раванд раҳо бошад. Бо таъмини ҳуқуқи рафтуомади озод, ҳар нафар ба кадом кишвар ки хоҳад меравад. Ин чизе нест ки ҳангома кунед.

Мантиқи ин хабар аз бунёд хато ва иштибоҳ ҳаст.  Наҳзатиҳо худро тасаллӣ медиҳанд, ки танҳо нестанд.  Бо як тафовут аз ин ки ин муҳоҷирон боз бо виқор ба Ватан бармегарданд, вале наҳзатиҳо дар таҳхонаҳои хонаҳои ғарибӣ пӯсида мераванд. Ҳанӯз, ки ҳанӯз аст, тавону қудрати баргаштанро надоранд. Ҳар рӯз ки мегузарад, бо ин митингбозиашон, ки анъанаи падарӣ ва авлодиашон аст,  қабрашонро тадриҷан мекананд. Бадии ин ҳолат боз аз он иборат аст, ки 1 метр замин барои қабр пули газоф дар кишварҳои ғарбӣ қиматгузорӣ мешавад ва ин бечораҳои нафспарасти наҳзатӣ ҳатто чойдоди қабр ҳам надоранд.

Хиёнати наҳзатиҳо дар Аврупоро, ки мардумро боз ба митингу хархаша даъват мекунанд, ангезаи худхоҳӣ, такаббур, зиёдаравӣ, пастҳимматӣ, мансабталошӣ, мухолфатманишӣ, сарватҷамъкунӣ, муомилагарӣ, шикасти савганд ва беарзиш сохтани вафодорӣ метавон унвон кард. Агар ангезаи дигар собит шавад, ки ин качрафторҳо барои кӯҳнаарзишҳои ришпарварӣ даст ба қиём заданианд, онро аҳмақтарин ҳизб бояд хонд, ки дар таърих сабт хоҳад шуд. Ин балворо метавон «Балвои риш» ном ниҳод.  

Айнан, худбохтаи рақами 1 наҳзатиҳо ҳастанд, вақте ин гуна хабарҳо нашр мекунад, тасмими шабохун задан ва митинг карданро мекунанд, дар назди онҳо на Ватан дигар ҷилва мекард, на шаҳрвандон ва на хонавода. Ҳатто разолати ин ашхос бемаҳдуд будааст, ҳад надоштааст ба хонаводааш  ҳам раҳм намекунанд, ҳамаро мавриди туъмаи худхоҳӣ ва худпарастӣ мекунад.

Ал-ҳазар аз митингбозӣ! Роҳи ин бахтгумкардаҳо фақат ба дӯзах аст. Боқӣ худ донанд. 

 

Кимсанов Ислом, муҳоҷири меҳнатӣ              

 


Вернуться назад