Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 DataLife Engine > Версия для печати > Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳзат
Главная > --- > Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳзат

Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳзат


28-05-2019, 13:40. Разместил: admin

Фоҷеаи зиндони Ваҳдат - ҳақиқати ДОИШ-у наҳзат

 Ҳодисаи задухўрди зиндониён дар муассисаи ислоҳотии 3/2-и шаҳри Ваҳдат дар расонаҳо ва шабакаҳои иттилооти ҳануз ҳам барраси мешавад. Назар ва мавқеъгириҳои дар ин бора нашршуда нишон медиҳанд, ки бо гузашти даҳ рўз, ҳодисаи зиндони Ваҳдат чанд чизро ба таври возеҳ нишон дод. Аз ҷумла:

 

1.Ин ҳодиса моҳияти даҳшатноки тафаккури доишию наҳзатиро пурра исбот кард. Дарафтодан ба ҷони ҳамдигар, надоштани заррае таҳаммулпазири нисбати дигарандеши, худсарона ҳукм кардан нисбати мусулмонони дигар, аз мафҳуми раҳму шафақат дур будан, бо бераҳмии махсус ба қатл расонидани инсон ва ғайра, ки хусусияти ташкилотҳои террористие чун «Ал-Қоида», «Толибон», «ДОИШ», Ҳизби наҳзат ва ғайра мебошад, дар ин ҳодиса бори дигар дар амал дида шуданд. Ифротгароён ҳамон гуна, ки дар Сурия, Ироқ ва Афғонистон сари мардумро мебуриданд ва ҷасадҳоро таҳқир мекарданд, дар ин ҳодиса низ ҳамон усули худро такрор карданд.

Гарчи дар инъикоси ин ҳодиса баъзе расонаҳо асосан доишиёнро золим ва наҳзатиёнро мазлум нишон додани мешаванд, аммо тафаккур ва тарзи амали наҳзатиҳо низ аз онҳо фарқе надорад. Дар замони ҷанги шаҳрванди, ки наҳзатиҳо муддате дар минтақаи Рашт назоратро дар даст доштанд, ҷиноятҳои даҳшатноке содир намуданд, ки аз ҷиноятҳои ДОИШ ҳам бадтаранд. Ба дор овехтани одамони бегуноҳ, сар буридани асирон, қатли муаллимону духтурон, буридани забони санъаткорон, чок кардани шиками занону духтарон ва ғайра, ки наҳзатиён дар Рашт анҷом доданд, ҳоло ҳам аз ёди ин мардум намеравад.

Ин ҳодиса нишон дод, ки идеологияи ифротгарои, фаҳмиши  ҷоҳилонаи дини ва фанатизми мазҳаби чи гуна инсонҳоро ба мавҷуди даҳшатнок ва бераҳм табдил мекунад. Ин аст хатар ва даҳшати асосии ифоротгарои…

 

2.Ин воқеа бори дигар нишон дод, ки ин қувваҳо барои ҷомеа чи қадар хатарноканд ва агар пеши роҳи онҳо гирифта нашавад, онҳо метавонанд чи даҳшатҳои бузурге офаранд. Тасаввур кунед, ки агар пеши роҳи паҳншавии тафаккури салафия ва шиъаи ифроти гирифта намешуд ва агар фаъолияти гурўҳи террористии «ДОИШ» ва ташкилоти террористии ҲНИ манъ карда намешуд, онҳо ҳазорон нафарро ба сафи худ фирефта, ба қувваҳои калон табдил мешуданд. Сипас, онҳо ҳамдигарро ва тамоми касонеро, ки мисли онҳо фикр намекунад, ба қатл расонида, ҷомеаро ғарқи хун мекарданд. Яъне, онҳо ҳамон сенарияи зиндони Ваҳдатро дар сатҳи тамоми Тоҷикистон амали мекарданд. Он вақт на чанд нафар, балки ҳазорон нафар қурбони мебуданд.

Яъне, аз ин ҳодиса бо чи даҳшати бузург рў ба рў будани ҷомеаи мо исбот шуд. Ин ҳодиса бори дигар нишон дод, ки ихтилофи динию мазҳаби чи даҳшати калон аст ва ҷомеаи дунявию таҳаммулпазир чи неъмати бузург. Он нишон дод, ки пешгирии қатъии фаъолияти ин гуна қувваҳои иртиҷои чи қадар зарур ва ҳатмист!

 

3.Маводу назарҳое, ки дар ин рўзҳо аз тарафи фаъолони хориҷии ТЭТ Ҳизби наҳзат ба нашр расидаанд, ҷанбаи дигари воқеиятро низ исбот карданд. Онҳо нишон доданд, ки инсон метавонад аз таъсири сиёсату манфиат ба мавҷуди беҳиссе табдил шавад, ки дигар барояш ягон арзиши инсони боқи намонад.

Мавқеъгириҳои онҳо исбот кард, ки М.Кабири, Ҷаннатуллоҳи Комил ва ҳаммаслакони онҳо он қадар дар кинаю адоват нисбати давлату миллати тоҷик ғарқ шудаанд, ки ҳар боре ба сари миллати мо фоҷеае биёяд, онҳо табли шоди зада, онро ба маъракаи васеи таблиғотии худ табдил мекунанд. Шояд М.Кабири ва атрофиёнаш шабҳо дуъо кунанд, ки кош фардо дар Тоҷикистон ягон ҳодисаи нохуше рўй диҳад, то онҳо онро истифода карда, бори дигар зидди ҳукумат таблиғот кунанд. Бинобар ин, дар атрофи ҳодисаи зиндони Ваҳдат низ ба ҷои зоҳир намудани эҳсосоти инсони, ба ҷойи изҳори ҳамдардии одами, онҳо бо пахши изҳороту тўҳматпароканиҳо мехоҳанд аз марги зиндониён манфиат бардоранд. Манфиатҷўию ғараз онҳоро ба лошахўрҳое табдил кардааст, ки аз маргу фоҷеаи касе хурсанд мешаванд. Тавре халқ мегўяд, наҳзатиҳо «мурдаро монда тутхўри доранд». Ҳайфи ин хел одамгари.

 

4.Маъракаи таблиғотии М.Кабири ва наҳзатиёни дигар дар ин масъала нишон дод, ки чашмони онҳоро пардаи ғараз кўр карда, дигар ҳеҷ қадами некро дида наметавонанд. Вақте ин фоҷеа рух дод, Роҳбарияти кишвар бо зоҳир намудани эҳсосоти баланди инсони дастур дод, ки ҷасадҳои қурбониён ба зодгоҳашон фиристода шуда, дар зодгоҳашон гўронида шавад. Хусусан, ҷасади ҳамҳизбии онҳо Саттор Каримов (Махсуми Абдусаттор) ба хонааш оварда шуда, пас аз намози ҷаноза ва маросими видоъ ба хок супорида шуд. Ба атрофиёни ў иҷозат доданд, ки ҷасади ўро дар ҷойи интихобкардаи худашон, дар паҳлўи қабри С.А.Нури гўронанд. Ҷасади Эшони Қиёмиддин ва Шайх Темур низ ба зодгоҳашон фиристода шуд. Ҳатто ҷасади писар ва бародари полковники хоин Г.Ҳалимов, ки аз ҷумлаи саркардагони бетартиби буданд, ба зодгоҳашон, деҳаи Дараи Фонии ноҳияи Варзоб оварда дафн карда шуданд.

Аммо Кабири ва атрофиёнаш дар шабакаҳои иҷтимои ва расонаҳо таблиғот карданд, ки гўё ҳукумат ҷасадҳои қурбониёни фоҷеаро намедиҳад. Яъне онҳо ин иқдоми инсонии ҳукуматро ҳам инкор карда, дар пайи гирифтани манфиати сиёси аз ҷасадҳои қурбониён  мебошанд. М.Кабирии тоҷир мехоҳад барои худаш аз ин ҷасадҳои қурбониёни ҳодиса як сармояи сиёси созад, ки камоли бешармист.

Бинобар ин, бояд ба диққати онҳо расонем, ки дар ягон кишвар ҷасади шахсонеро, ки ба амалҳои террористи даст задаанд ва ҳамчун террорист маҳкум шудаанд, ба наздиконашон намедиҳанд. Агар ёдатон бошад, вақте пири тариқати Шумо, «террористи №1» - Усома Бен Ладен аз тарафи ИМА дастгир ва кушта шуд, ҷасади ўро натанҳо ба наздиконаш ва кишвараш насупориданд, балки умуман, дар рўи замин гўрондани ўро роҳ надоданд. Ҷасади Бен Ладенро сўзонда, хокистари онро ба Баҳри Сурх пошиданд, ки дигар аз ў ягон ному нишоне боқи намонад. Ана муносибати ИМА ба ҷасадҳои террористон.

Аммо роҳбарияти кишвари мо боз ҳам аз рўи усулҳои инсони ва тараҳҳуми махсуси тоҷики рафтор карда, дар ин масъала истисно қоил мешавад. Агар фаромўш накарда бошед, соли 2015 низ ҷасади ҳаммаслаки Шумо Абдуҳалим Назарзода ё Ҳоҷи Ҳалимро, ки дар натиҷаи ташкили амалҳои террористи ва кўшиши табаддулоти давлати кушта шуда буд, ба атрофиёнаш доданд, то дар қабристони маҳалли зиндагияш гўру чўб кунанд. Ҳол он, ки дар ҳар давлати дигари дунё ҷасади чунин инсоне, ки бар зидди давлату ҷомеа чунин ҷиноят намудааст, ҳаргиз ба наздиконаш ҳатто нишон намедоданд.

Ин аст, ки агар ҷасади ягон нафари бо ҷурми терроризм маҳкумшуда, хусусан ҷасади ягон нафар аз террористони ДОИШ ё наҳзати ба зодгоҳашон ва наздиконашон дода намешуд, боз ҳам мувофиқи қонунгузории кишвар ва мувофиқи меъёрҳои қабулшудаи байналхалқии муносибат бо террористон, пурра дуруст мебуд. Аммо дидем, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид нигоҳи комилан инсони зоҳир намуда, нисбати ҷасадҳои зикршуда чунин истисно қоил шуд.  

Бинобар ин, аз тарафи М.Кабири ва атрофиёнаш инкори ин иқдоми инсониии давлати Тоҷикистон ва кўшиши суиистифодаи сиёси ва таблиғоти аз масъалаи ҷасади қурбониёни ин фоҷеа як амали шармовар, номардона, ғайриинсони ва ғайримусулмони мебошад.

 

Хулоса, бале, ҳодисаи фоҷеави дар муассисаи ислоҳии шаҳри Ваҳдат, ки дар он доишиён ва наҳзатиён ҳамдигарро бо бераҳмии махсус ба қатл расониданд, як ҳодисаи ногувор, андуҳгин ва ғамангез буд. Аммо, дар айни замон, он як силсила воқеият ва ҳақиқатҳоеро нишон дод, ки бояд ба онҳо ҳамчун сабақ нигоҳ карда шавад. Аз ҷумла, ин ҳодиса нишон дод, ки гурўҳҳои экстремистию террористие чун ДОИШ ва ҲНИ барои ҷомеа даҳшати мудҳиш буда, пешгирии фаъолияти онҳо ва роҳ надодан ба паҳншавии идеологияи онҳо дар ҷомеа як зарурати ҳаёти мебошад.

 

Нуралӣ Нурзод, дотсенти Донишгоҳи давлатии ш.Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филологӣ

 

 


Вернуться назад