Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2063
  • Автор: admin
  • Дата: 9-09-2024, 12:20
9-09-2024, 12:20

ВОХӮРӢ БО ЗОДАГОНИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН, КИ БЕРУН АЗ НОҲИЯ КОРУ ФАЪОЛИЯТ МЕНАМОЯНД

Категория: Хабар

      Рӯзи 8 сентябри соли ҷорӣ дар арафаи истиқбол аз ҷашни 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон вохӯрии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ва Роҳбари Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Балҷувон Давлатзода Нусратулло бо зодагони ноҳияи Балҷувон, ки берун аз ноҳия дар вазифаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ кору фаъолият менамоянд, доир гардид. 

      Ҳадаф аз вохӯрии мазкур пеш аз ҳама иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва татбиқи сиёсати бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, асоси мантиқии онро дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат ташкил медиҳад.

Информация к новости
  • Просмотров: 4669
  • Автор: admin
  • Дата: 7-03-2024, 10:02
7-03-2024, 10:02

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Категория: Хабар

    Модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

 

    Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам зан - Модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. 

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми Шумо модарону бонувони иззатманди ноҳияи тозабунёдамонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон - Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

     Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, Модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.

Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.

Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

    Аз ин рӯ, зан-Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз баробар омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад. 

Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. 

Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». 

Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.

Меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими зиндагӣ ва роҳбарии дохили хона фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад. 

Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст.

Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат намуда истодаанд.

Аз ҷумла, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда мебозанд. Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Шумо занону бонувони гиромӣ, дар раванди тарбияи фарзандон нақши ҳалкунанда доред ва набояд фаромӯш созед, ки тарбияи фарзанд дар навбати аввал вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.

Бузургони гузаштаи халқамон, ки аз худ барои наслҳои оянда одобномаву насиҳатномаҳои зиёд ба мерос гузоштаанд, фармудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва фарзандон дар назди Худованд ҷавобгаранд.

Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кӯшиши доимӣ дошта бошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1993
  • Автор: admin
  • Дата: 7-03-2024, 09:57
7-03-2024, 09:57

ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИДОНА БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

   Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд. Раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр нахуст ҳамаи модарону хоҳарон ва бонувони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беназир арзёбӣ намуданд. Иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ба он хотир чунин ном ниҳоданд, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи Ҳукумати мамлакат ва худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созанд. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст.

Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат намуда истодаанд.

Ҳамзамон раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ба як қатор занони фаъоли ноҳия аз номи мақомот Сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравиро дар фазои тантанавӣ тақдим намуданд. 

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз меҳру муҳаббати зан-Модар хотири аҳли нишастро шод гардониданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2226
  • Автор: admin
  • Дата: 24-02-2024, 19:53
24-02-2024, 19:53

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

     Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бо таваҷҷуҳ ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 январи соли ҷорӣ ва дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2023 баён доштанд, ҷаласаи васеи назди раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур муовини якум, муовин ва роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия, мудирони шуъбаю бахшҳои дастгоҳ ва мақомот, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, хоҷагиҳо, корхонаҳои саноатӣ, директорони муассисаҳои таълимӣ, мудирони бунгоҳу марказҳои саломатӣ, имомхатибони масҷидҳо ва раисони маҳаллаҳо иштирок доштанд. Раиси ноҳияи Балҷувон дар ҷараёни ҷаласа оид ба масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта, ки аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, бо дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомот пешниҳод гардидааст, муҳокимаронӣ намуда, масъулинро вазифадор намуданд, ки барои сари вақт бартараф намудани камбудию мушкилотҳои ҷойдошта, тадбирҳои амалӣ андешанд. Махсусан дар самти кам кардани бақияпулиҳои андоз, дарёфти манбаъҳои нави андозбандӣ, иҷрои дурнамои кишти зироатҳои кишоварзӣ, бунёди майдонҳо ва толорҳои варзишӣ, анҷом додани корҳои соҳилбандӣ, рушди инфрасохтори соҳахои маорифу тандурустӣ, таъмиру барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, рушди соҳаи сайёҳӣ, вусъат додани корҳои ниҳолшинонию сарсабзгардонӣ, пешгирии гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, риояи ҳатмии талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд" ва дигар масъалаҳои пешниҳодгардида аз масъулон пурсон шуда, барои иҷрои саривақтии ҳадафҳои гузоштаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сохторҳои дахлдори ноҳиявӣ, дастуру супоришҳо доданд. Инчунин иброз доштанд, ки масъалаҳои пешниҳодгардида зери назорати доимии Роҳбари Гуруҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ муҳтарам Давлатзода Нусратулло ва раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид қарор дошта, дар ҷаласаҳои навбатии Гуруҳи корӣ ва маҷлисҳои назди раиси вилоят, мавриди муҳокима қарор дода мешаванд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2407
  • Автор: admin
  • Дата: 18-02-2024, 15:16
18-02-2024, 15:16

ШИНОСОӢ БА ҲОЛАТИ КОРҲОИ СОХТМОНӢ ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ НАВБУНЁДИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

    Дирӯз раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр бо ҳамроҳии Директори иҷроияи Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Сатторӣ Баҳром Бобоқул аз ҳолати корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои таълимии тавассути Лоиҳаи мазкур бунёдшаванда, шинос гардида, бо масъулини иншоотҳо барои такмили низоми корбарӣ ва бо сатҳу сифати баланд анҷом додани корҳои сохтмонӣ, дастуру тавсияҳои судманд доданд. Қайд намудан ба маврид аст, ки бо таваҷҷӯҳ ба сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маблағгузории Гурӯҳи татбиқи Лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёна сохтмони муассисаҳои таълимии №24 дар деҳаи Самари Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим, №4 дар деҳаи Охбулоқ ва №5 дар деҳаи Солмолидашти Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон ва №11 дар деҳаи Хироби Ҷамоати деҳоти Балҷувон, рафта истодааст. Ҳолати кор дар иншоотҳо хуб ба роҳ монда шуда, муҷаҳҳаздорнии муассисаҳо бо тамоми таҷҳизотҳои зарурӣ, пешбинӣ гардидааст. Дар моҳи марти соли ҷорӣ мавриди истифода қарор додани муассисаи таълимии №24 дар деҳаи Самар нақшабандӣ гардида, ақйни замон зиёда аз 90 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудааст. 

     Ёдовар шудан ба маврид аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бевосита Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди инфрасохтори соҳаи маорифи ноҳия таъмин гардида, ба беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, заминаи воқеӣ гузошта истодааст. Айни замон бо ҷалби тамоми сарчашмаҳои маблағгузорӣ корҳои сохтмонӣ дар зиёда аз 15 муассисаи таълимӣ ҷараён дошта, дар соли ҷорӣ мавриди истифода қарор додани 5 муассиса, пешбинӣ гардидааст. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Информация к новости
  • Просмотров: 2463
  • Автор: admin
  • Дата: 18-02-2024, 15:14
18-02-2024, 15:14

ҲАДАФ: ГУСТАРИШ ДОДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ РУШДИ СОҲАИ САНОАТ ВА ЭНЕРГЕТИКА

Категория: Хабар

    Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон вохурии раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр бо вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер баргузор гардид. Дар вохурии мазкур муовини раиси ноҳия, роҳбари дастгоҳи раис, роҳбарони ташкилотҳои дахлдори ноҳиявӣ, инчунин аз ҷониби Вазорат муовини вазир, директори ҶСК “Нафту газ” ва дигар шахсони расмӣ иштирок доштанд.       

     Ҳадафи асосии вохурии мазкур пеш аз ҳама иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи эълон намудани солҳои 2022-2026 ҳамчун “Солҳои рушди саноат” ба ҳисоб рафта, дар ин доира тарафҳо мубодилаи афкор намуданд. Раиси ноҳияи Балҷувон дар ҷараёни вохурӣ оид ба захираю имкониятҳои соҳаи саноат ва энергетикаи ноҳия ва ҳамзамон мушкилотҳои дар ин самтҳо ҷойдошта маълумот дода, аз ҷониби Вазорат даъват ба амал оварданд, ки вобаста ба мушкилотҳои ҷойдошта, махсусан ҷалби сармоя дар самти истихроҷи нафту газ, таъмини деҳаҳои бебарқи ноҳия бо барқ, иваз намудани зеристгоҳи барқии ноҳия, иваз намудани симчубҳо ва хатҳои барқи солҳои тулонӣ фаъолиятдошта ва бо хатти барқи ноҳия пайваст намудани Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим, мусоидат намоянд. Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер пешниҳодҳои раиси ноҳияро ба хубӣ пазируфта, иброз доштанд, ки Вазорат тамоми имкониятҳоро барои амалӣ намудани ҳадафҳои гузошташуда ва ҳалли мушкилотҳои ҷойдоштаи ноҳия, равона месозад. 

     Дар охир тарафҳо ба мувофиқа омаданд, ки барои муайян намудани вазъи хизматрасонии соҳаи барқ ва мушкилотҳои ҷойдошта Гуруҳи кории Вазорат ба ноҳия ташриф оварда, дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ таҳлили пурраи соҳаро гузаронида, тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда шавад.

Информация к новости
  • Просмотров: 6975
  • Автор: admin
  • Дата: 30-01-2024, 12:45
30-01-2024, 12:45

ТЭТ НАҲСАТ ВА ҲАДАФҲОИ ТЕРРОРИСТИИ ОНҲО ИДОМА ДОРАД!

Категория: Маълумот

ТЭТ ҳизби наҳзати исломи Тоҷикиситон аз оғози фаъолияташ  сиёсати дурўйагӣ, фиребу  зўровариро  пеш гирифта  ба ҷомеа ва ҳукумати қонунии ҷумҳурӣ муносибати хиёнаткорона мекард. Дар солҳои ҷанги бародаркуш ТЭТ ҲНИ сиёсати экстремистӣ террористиро пеша намуда, ба муқобили ҳокимияти қонунии ҷумҳурӣ муборизаи шадид мебурд.

Дар урфият мегўянд: – дили одаткарда балои ҷон, ҳамин тавр ҳам шуд. Раванди ҳаёт нишон дод, ки он ваъдаҳо дурўғ буданд, насҳатиҳо ба мардум, ба тамоми ҷомеа, на танҳо бало, балки вабо оварданд. Онҳо дар марҳилаи нав бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ ва раҳнамоии хоҷагони хориҷиашон сиёсати экстремистӣ – террористиро пеша намуда, барои бо роҳи зўроварӣ гирифтани ҳокимият мубориза бурданд, ба ҳамагон маълум аст, ки онҳо нақшаи ғасби ҳокимияти қонуниро доштанд, яъне табаддулоти давлатиро.

Информация к новости
  • Просмотров: 2643
  • Автор: admin
  • Дата: 30-01-2024, 04:58
30-01-2024, 04:58

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ЗОДАИ МАНФИАТҲОСТ, НА ДИНУ МАЗҲАБ

Категория: Маълумот

«Терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун як вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки терроризм ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Ҳамзамон, як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла ба дини мубини ислом надорад ва бо истифода аз номи ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад».**

> **Эмомалӣ Раҳмон**

Информация к новости
  • Просмотров: 2618
  • Автор: admin
  • Дата: 28-01-2024, 23:38
28-01-2024, 23:38

ҲХДТ-ҲИЗБИ ИТТИҲОДУ СОЗАНДАГӢ

Категория: Хабар

      Мақсаду мароми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дархосту манфиатҳои мардум ҳамоҳанг мебошад ва ҳизби мо дар татбиқи барномаҳои созандаи худ ҳамеша ба неруи зеҳнии халқ такя менамояд.***

> *Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон*

 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар замоне таъсис ёфт, ки фазои кишвари азизамонро ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ фаро гирифта буд. Дар чунин шароит таъсис додани ҳизб кори басо душворе маҳсуб меёфт, аммо Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо иродаи қавӣ ва донишу заковати хеш тавонистанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро таъсис ва онро ба яке аз ҳизбҳои пурнуфӯз табдил диҳанд. Соли равон аз таъсисёбиву фаъолияти пурсамаронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 30 сол пур мешавад. 30 соли созандагӣ, 30 соли талошу заҳматҳои хастанопазири ҳизбиён баҳри рушду пешрафти кишвари азизамон ва 30 соли муттаҳидию баҳамоӣ маҳсуб меёбад.

 

Информация к новости
  • Просмотров: 2272
  • Автор: admin
  • Дата: 28-01-2024, 23:35
28-01-2024, 23:35

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМРО МАҲКУМ МЕНАМОЕМ.

Категория: Хабар

        Чунончи, ба ҳамагон маълум аст, тамоми давлатҳои ҷаҳон, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ободу пешрафта, макони сулҳу субот шинохта ва пазируфтаанд. 

         Бояд қайд намуд, ки имрўз раванди гиополитикӣ ҳамоно мураккабу печида боқӣ монда, боиси афзоиши мухолифоту низоъҳо  гардида истодааст.

Назад Вперед

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^