Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Эълонхо, Хабар > Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро
Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро3-09-2018, 19:57. Разместил: admin |
Вақтҳои охир интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд Бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон ҳастанд, вале дар асл муносибати дурушт бо ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд. Изҳороти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи маводи дур аз ҳақиқат мебошад, ки бемантиқона вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро бо хости худ баррасӣ намуда, онро «аз афзоиши фишор болои хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъол ва узви раёсти Олии ин ҳизб» меҳисобад. Дар ҳоле, ки ин ҳизб дар дохили кишвар фаъолият намекунад, чӣ гуна метавонад дар хориҷ ва зери ақидаҳои хоҷагонаш вазъияти дохилиро баррасӣ намояд. Рустам Раҳимов Вернуться назад |