Вақтҳои охир интишори матлаби иғвоангез дар сомонаҳои ба ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ вобастабуда паҳн мешаванд Бо мақсади паст задани мавқеи давлату миллати тоҷик дар миқёси байналхалқӣ ва минтақавӣ, махсусан, зери интиқод гирифтани ҳукумати имрӯзаи кишвар, изҳороту нигоштаҳои зиёди хусусияти интиқодӣ дошта аз ҷониби ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ (ТТЭ ҲНИ) ба назар мерасад. Ҳарчанд муаллифон зодаи Тоҷикистон ҳастанд, вале дар асл муносибати дурушт бо ватани хеш доранд ва пайравӣ бо душманони миллати тоҷик зидди ин марзу буманд. Бадномкуниҳо шабеҳи туҳматҳои қаблӣ ҳаст, аммо бо шаклу намуди дигар. Ҳасудхӯрон аз дурӯғу буҳтон истифода мебаранд, то давлатро назди аҷнабиёни ба худ наздик, сиёҳ бикунанд.
Изҳороти ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи маводи дур аз ҳақиқат мебошад, ки бемантиқона вазъияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Тоҷикистонро бо хости худ баррасӣ намуда, онро «аз афзоиши фишор болои хонаводаи Ҷаннатуллоҳи Комил, фаъол ва узви раёсти Олии ин ҳизб» меҳисобад. Дар ҳоле, ки ин ҳизб дар дохили кишвар фаъолият намекунад, чӣ гуна метавонад дар хориҷ ва зери ақидаҳои хоҷагонаш вазъияти дохилиро баррасӣ намояд.
Мазмуни баёния ба кулли аҳолии Тоҷикистон маълум аст, ки онро бо хости худ ва бо ба инобат нагирифтани манфиатҳои халқи тоҷик омода шудааст. Дар изҳорот аз ҳодисаҳои рухдодаи 4-уми сентябри 2015 ёдоварӣ накарда, қазияи хиёнаткорӣ ва исёни А.Назарзодаро дар ҳамкорӣ бо ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ изҳор намедорад. Маҳз ҳамлаи А.Назарзода бо дастгирии ТТЭ ҲНИ дар ҳамин шабу рӯз ба вуҷуд омада буд, вале дар ин бора ҳарфе ба лаб намеоранд, онро дар изҳорот нодуруст шарҳ медиҳанд ва бо иштибоҳ амали дасти наҳзатиҳоро пинҳон кардан мехоҳанд.
Ҳарчанд раҳбари фирории ҳизб ва пайравони гурезааш вобаста ба ҳар воқеае изҳороти нодуруст медиҳанд, тамоми сокинон ва бошандагони Тоҷикистон аз хурд то бузург якдилона аз ҳақиқат огаҳанд ва онро хуш қабул мекунанд. Ташкилоти террористӣ ва экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ бо доираҳои ғаразҷӯ ва манфиатхоҳ дар ҷомеа тибқи барномаҳои тарҳрезишуда ва ҳадафманди хоҷагонаш дар хориҷ аз кишвар зидди миллати тоҷик мубориза мебарад, ки ба мақсадҳои нопокаш нахоҳад расид.
Рустам Раҳимов