Информация к новости
  • Просмотров: 601
  • Автор: admin
  • Дата: 10-04-2017, 07:48
10-04-2017, 07:48

Маросими супоридани мукофотҳо ба ғолибони озмуни грантҳои хурди Раиси ноҳияи Балҷувон

Категория: Хабар

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар доираи ҳамкориҳо бо Иттиҳодияи ҷамъиятии “Маърифати шаҳрвандӣ” ва  дастгирии молиявии Хазинаи авруосиёгии Осиёи Марказӣ – Тоҷикистон давоми моҳҳои октябр-ноябри соли 2016 Лоиҳаи  “Омода кардани духтарони Балҷувон дар идоракунии давлатӣ” бо ташкили курсҳои омӯзишии “Духтарон – роҳбарони ояндасоз”-ро амалӣ гардонида, зиёда аз 20 нафар занону духтарони фаъоли касбу кори гуногунро ба он ҷалб сохт.