Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ҲХДТ-ҲИЗБИ ИТТИҲОДУ СОЗАНДАГӢ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ҲХДТ-ҲИЗБИ ИТТИҲОДУ СОЗАНДАГӢ
Информация к новости
  • Просмотров: 860
  • Автор: admin
  • Дата: 28-01-2024, 23:38
28-01-2024, 23:38

ҲХДТ-ҲИЗБИ ИТТИҲОДУ СОЗАНДАГӢ

Бахш: Хабар

Аз барномаи ҳизб, ки бар худ унвон гирифтааст **“Барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум”**, маълум мегардад, ки тамоми фаъолияташ ба беҳбуд гардидани вазъу ҳолати зиндагии мардум, рушду тараққиёти бемайлони кишвар ва мустаҳкам гардидани мавқеи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ равона шудааст. Саҳми бузургу бевоситаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, зери роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баҳри хомӯш гардонидани ҷанги хонумонсӯзи шаҳрвандӣ ва равона намудани кишвар ба сӯйи созандагию бунёдкорӣ, боиси таҳсину дастгирист.

 

Ҳанӯз дар давраи бисёр ҳам ҳассоси таърихӣ, дар арафаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, 25 июни соли 1997 дар шаҳри Душанбе, Анҷумани III ҳизб барпо шуд ва дар ин росто номи Ҳизби Халқии Тоҷикистон ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон табдил дода шуд. Пешвои маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии ҳизб, ҷаҳду талошашонро ба хотири беҳтару хубтар гардидани фаъолият ва зиёдтар намудани аъзоёни ҳизб бахшидаанд. Ҳамин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имрӯз яке аз ҳизбҳои пурқудрат на танҳо дар ҳудуди ҷумҳурӣ, балки дар байни ҳизбҳои сиёсии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шинохта шудааст.

 

Роҳбари ғамхору ҷавонпарвари кишвар дар назди ҳизб, шуъбаву ташкилотҳои махсусро таъсис додаанд, ки ҷиҳати кор бо занону ҷавонон равона гардидаанд ва ин аз тавваҷуҳи бевоситаи Раиси муаззами ҳизб ба ин қишрҳои ҷомеа далолат медиҳад. Аз ҷумла фаъолияти пурсамаронаи намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон - “Созандагони Ватан” дар назди Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон далели гуфтаҳои болост. Тамоми ҷавонону бонувони тоҷик дарк намудаанд, ки тавваҷуҳи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба онҳо равона буда, самти кор бо занон ва ҷавонон қисми муҳиме аз фаъолияти рӯзмарраи ҳизб ба ҳисоб меравад.

 

Бешак талошу заҳмат ва ҷонбозиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ин ҳизбро ба яке аз ҳизбҳои пурнуфӯзи минтақа табдил дод. Рӯз то рӯз зиёд гардидани шумораи аъзоёни ҳизб, шаҳодати бештар гардидани эътимоду боварии мардум нисбат ба ин ҳизби мардумист. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худ роҳбари мардумиянд ва зери роҳбарияшон бо ин ҳизби мардумӣ, ояндаи Тоҷикистони азизамон дурхашону пурнур хоҳад буд. Чун фаъолияти асосии ҳизбро корҳои идеологӣ-сиёсӣ ташкил медиҳад, имрӯз тамоми кормандони ҳизб фаъолияти хешро баҳри решакан намудани терроризм ва нишон додани муқовимати шадид бар зидди экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти ҷиноии одамфурӯшӣ ва кам намудани шумораи ҳуқуқвайронкуниҳо миёни ноболиғону ҷавонон равона намудаанд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаҳои хешро оиди масъалаи мазкур ба таври зайл баён намуда буданд**: “Имрӯз тамоми кормандони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷонибдоронашро зарур аст, ки дар таъмини амнияти саросарӣ, ҳифзи фазои орому осоиштаи кишвар ва раванди давлатсозӣ саҳмгузор бошанд”**

 

Пешвои маҳбуби мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бунёдгузори асосии иншооти аср, неругоҳи барқии обии “Роғун” маҳсуб меёбанд ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бошад, сарпарасти маънавии кохи нур мебошанд. Аз ин ҷост, ки дар ин самт Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо намояндагии “Созандагони Ватан” аксияву семинар ва вохӯриҳои зиёдеро дар самти таблиғу ташвиқи корҳои созандагӣ дар ин иншооти муҳташам, таъмини ҷойҳои кории холибуда, дастгирии маънавии коргар-қаҳрамонони “Роғун” анҷом додааст.

 

Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо перомони шомил гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва ҳимояи марзу буми он таъкид менамоянд ва вазифаи ҳизбиён ҳам аст, ки ҷавонони синну солашон даъватиро баҳри хизмат ба халқу миллат ҳидоят намоянд.

 

Дар самти мубориза алайҳи хатару таҳдидҳои замони муосир, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хело фаъол буда, дар ин самт якчанд корҳои муфидро ба анҷом расонидааст. Кормандону ҷонибдорони ҳизб ҳамеша аз фазои сулҳу оромӣ ҷонибдорӣ намуда, даҳшатафканию тундаравиро маҳкум менамоянд. Чуноне, ки аз суханони пурмуҳтавои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд: **“Террорист ватан, модар, миллат, нажод, дин ва мазҳаб надорад. Ва мо набояд террористро ба худию бегона, хубу бад ва дуру наздик ҷудо намоем”.** Дарвоқеъ вазъияти геополитикии минтақа ва Сайёра аз ҳар як ҷонибдори ҳизб талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва нисбат ба ин вабои аср бетараф набошанд.

 

Баргузор гардидани конфронсу ҷаласаҳои сатҳи баланди ҳизбӣ бо иштироки бевоситаи Пешвои муаззами миллат ва додани дастуру супоришҳои мушаххас ба кормандони ҳизб, омили дигари рушди ин ҳизби ҳоким гардидааст. Зеро кормандон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳар гоҳе, ки дар вохӯриҳои Раиси муаззами ҳизб иштирок меварзанд, ба худ рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба сифатнокии фаъолияти меҳнатии хеш диққати бештар мебахшанд. Чун ҷонибдорони ҳизб аз чеҳраи Садри Олии мамлакат, иродаи қавию дониши беҳудуд ва орзуву омоли неки ояндаи миллати тоҷикро меёбанд.

 

Бо боварӣ метавон гуфт, ки чун дилу нияти роҳбарият, кормандон ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон софу муҷҷалост, бешак ояндаи ин ҳизб боз ҳам ободтару мустаҳкамтар аст. Тарафдоронаш марзи миллионҳоро мегузараду тамоми мардуми кишварро ба равандаи давлатсозӣ муттаҳидтар месозад. Ва номи некашро дар саҳифаҳои таърих зери роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳарфҳои заррин сабт менамояд.

 

Ҷамшед МУРОДОВ

Тегхо

Анбори хабархо

Май 2024 (4)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
Февраль 2024 (6)
Январь 2024 (13)
Декабрь 2023 (13)
^