Мо мардуми сарбалнди тоҷик дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи Пешвои муаззами миллат, баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон тамоми талошҳои хешро ба харҷ дода, баҳри ҳифзи марзу буми ин меҳани аҷдодӣ ҷон сипар хоҳем кард.
Қаҳрамониву корнамоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби бузургӣ инсонӣ дар дили ҳар як тоҷику тоҷикзабон далериву шуҷоатмандиро касб намудааст, ки баҳри ҳимояи хоки поку гуҳаррези Тоҷикистони ба ҷон пайванд ҷон қурбн хоҳанд кард.
Хоки файзхези Тоҷикистони азизро мо ба ягон душмани бехонумон намедиҳем, “Хок мехӯрему хок намедиҳем”
Тоҷикистон барои ҳар яки мо ҳамчун каъбаи имону нанг ва қалъаи номуси мардонаги аст, ки ҳимоя аз ҳар як ваҷаб замини он вазифаи ҳар яки мост!
Эй падар Ту мехони номаамро ғам махӯр,
Ашк ҳаргиз ту марезон номаамро тар макун.
Аз барои дурии ман фикри худ ноҷо масоз,
Ман барои меҳани худ то абад ҷон додамм.
Нуров Х.С- Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон.