Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 18.12.2022 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2075
  • Автор: admin
  • Дата: 18-12-2022, 16:34
18-12-2022, 16:34

БАРРАСИҲОИ АРЗИШМАНД ВА ВОҚЕИЯТҲОИ ИНКОРНАШАВАНДА ДАР МАҚОЛАИ СИЁСАТШИНОСИ СОҲИБАНДЕША АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

Категория: Хабар

Чанд муддат аст, ки дар фазои маҷозӣ, доираҳои илмӣ, ҷамъияти донишҷӯён, донишгоҳҳо, чорабиниҳои тарғиботӣ, телевизиону радиоҳои ватанӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ мақолаи коршиноси масоили байналмилалӣ, сиёсатшиноси ватанӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?" мавриди таҳлил ва баррасии умум қарор дорад. Ҳамзамон дар атрофи мақолаи мазкур даҳҳо шарҳу тавзеҳот ва андешаву тақризҳо нашр гардидаанд, ки муҳиммияти масъалагузории коршиносро нишон медиҳанд. Дар ин раванд банда низ мақолаи коршиносро ҳам аз нуқтаи назари мазмунӣ ва ҳам аз нуқтаи назар асосноккунӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додам ва пеш аз он, ки андешаҳои худро роҷеъ ба муҳтавои сиёсатшиноси ватанӣ иброз намоям, чанд нуктаи мушаххасро оид ба худи мақола мехоҳам баён намоям:

 

1. Нуктаи аввал ин аст, ки мавриди баррасӣ қарори гирифтани чунин як масъалаи нозук ва муҳимму печида аз ҷониби сиёсатшинос кори хеле аҳамиятнок ва бузург аст.  Дигар ин, ки муаллифи мақола як шахси тасодуфӣ нест, балки шахсияти огоҳ, эътирофшуда, сиёсатшинос ва донандаи равандҳои байналмилалӣ аст, ки ҳамин нишондодҳо боис гардидаанд, ки мақолаи дар сатҳи баланд, устувор ва арзишманд таҳия гардад. Эътирофи дохилӣ ва хориҷӣ пайдо намудани мақола ва дар сархати расонаҳо қарор гирифтани он далели андешаҳои болозикр аст. 

 

2. Нуктаи дуюм ин аст, ки аз нигоҳи масъалагузорӣ мақола кори анҷомшуда аст. Вуруд ба масъала, шарҳҳои алоҳида ва хулосагириву асоснокнамоӣ кори муаллифро арзишманд гардонидаанд. 

 

3. Нуктаи сеюм ин аст, ки такя намудан ба ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва ҳуқуқии марҳилаҳои гуногун ва муқоисаи онҳо бо равандҳо аҳамиятнокии корро даҳчанд афзоиш додаанд. Масалан, истифодаи харитаҳои давраҳои гуногун ва овардани иқтибосҳо аз санадҳои меъёрӣ далелӣ баррасии огоҳонаи муаллифро нишон медиҳанд. 

 

4. Нуктаи чорум ин аст, ки сиёсатшинос дар раванди навиштани мақолаи нозукии илмиро ба таври кулли риоя кардааст. Яъне дар мақола ба таври илмӣ, воқеӣ ва методологӣ вазъият ва равандро шарҳ додааст. 

 

5. Нуктаи панҷум ин аст, ки дар мақола мавқеи сулҳхоҳонаи Тоҷикистон, сиёсати дуруст ва санҷидашудаи кишвар бо далелҳои радношаванда нишон дода шудаанд. 

 

Акнун дар зер баъзе андешаҳоро вобаста ба муҳтавои мақолаи "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?" баён менамоем. 

 

Бале, чунин унвон гузоштан ба мақола кори дуруст ва муҳим аст. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ пайваста сиёсати сулҳҷуёнаро пайгирӣ намуда, ҳамсоягии некро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Ин сиёсати огоҳона ва санҷидашудаи кишвари мо маҳсули тамаддуни шашҳазорсолаи миллат аст, ки дар масири таърих обутоб ёфта то имрӯз идома дорад. Ин ҳолатро шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ ба риштаи назм кашида чунин гуфтааст: 

 

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст...

 

Оре, ҳақ ба ҷониби устод Лоиқ Шералӣ аст, ки миллати мо ҳеҷ гоҳ ба хоки дигаре ҳуҷум накардааст. Аммо, борҳо шоҳиди ҳуҷуми аҷнабиён ба хоки худ будааст. Дар ҳодисаҳои охири марзӣ низ ҳама шоҳид буданд, ки ба хоки кишвари мо ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом шуд. Аз ин ҷост, ки номгузории мақола ва нишон додани он, ки Тоҷикистон кишвари "таҷовузгар" нест кори арзишманд аст. 

 

Аз тарафи дигар факт, ҳуҷҷатҳо ва далелҳое, ки сиёсатшиноси соҳибандеша Абдуллоҳи Раҳнамо дар мақолаи худ овардааст, тамоми таблиғотҳои сохтаву дуруғ ва муборизаҳои иттилоотии ноҷавонмардонаи кишвари ҳамсояро оид ба ҳодисаҳои марзӣ ба тамоми ҷаҳониён бори дигар ошкор намуд. Бо мутолиаи маводи мазкур ҳар як фард бо мавқеи дуруст ва мушаххаси Тоҷикистон ошно гардида, аз амалҳои ноҷавонмардонаи ҷониби ҳамсоя огоҳӣ пайдо менамояд. 

 

Девонсолор Сайф, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

Информация к новости
  • Просмотров: 1366
  • Автор: admin
  • Дата: 18-12-2022, 16:30
18-12-2022, 16:30

БЕИҚБОЛИ САДРИДДИН БА ХИЗМАТИ ҚИРҒИЗҲО КАМАР БАСТААСТ!

Категория: Хабар

Саркардагони ТЭТ ҳизби наҳзат, мисле ки дар оғози солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо пулу сармояи хоҷагони хориҷиашон ба сари мардуми тоҷик бадбахтиҳои азим оварданд, имрӯз низ талош доранд, ки бо ҳар роҳ фазои осудаи кишварро халалдор созанд.

Ин гурӯҳи худбохта, дар мисоли иқболаки голубой ҳамеша бо пахши иттилои дурӯғу хаёлӣ нисбат ба давлату миллат ва шахсиятҳои алоҳида кӯшиш дорад, ки мардумро гумроҳ намояд. Дар баробари садҳо амали ноҷавонмардонаи наҳзатиҳо мо ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард, ки дар авҷи муборизаҳои танбатани сарбозони ватан бо Қирғизистон ва муборизаҳои иттилоотӣ ин душманони миллати тоҷик, сарсахтона саъй карданд, ки аз ин фоҷеаи миллӣ низ ба нафъи хеш истифода намоянд. Дар пасманзари иттилои носаҳеҳу ҳангомасозӣ расонаҳои таҳти фармони наҳзатиҳои фурӯхташуда маълум буд, ки хоинони миллати тоҷик хостори ноамниву хунрезӣ дар баҳсҳои марзӣ ҳастанд ва хурсанданд, ки ин бӯҳрони марзӣ печидатар гардад. Имрӯз ниҳ аз роҳи дурӯғпароканӣ талош мекунанд, ки дар байни мардум нисбат ба давлату ҳукумат бадбинӣ ба вуҷуд оранд. 

Хушбахтона, таҳти роҳбарии сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳсҳои марзӣ бо қирғизҳо ҳаллу фасл хоҳад шуд. Дар пайи тадбирҳои Пешвои миллат ҳукумати мамлакат кӯшиш намуда истодааст, ки масъалаи марзиро бо кишвари ҳамсоя тариқи осоиштаву гуфтушунид муайяну аломатгузорӣ намоянд. 

Наҳзатиҳои худбохтаву ватанфӯруш кӯшиш доранд, ки бо роҳу усулҳои сохтаву бофтаи душманонаи худ масъалаи марзро мушкил нишон диҳанд ва дурӯғҳои навбатӣ ба фоидаи қирғизҳо амал карда истодаанд. Вале бо ин амалҳои худ ҳамеша дар баробари иродаи мардум шикаст мехӯранд ва ноком мешаванд. Бояд гуфт, ки наҳзатиҳо дигар мардуми тоҷикро фирефта наметавонанд ва дасисаҳои пайдарпайашон нокоромад хоҳад шуд. Аз ин рӯ, иқболаки муханнас ва дигар ҳампаймононаш дар пайи эҷоди тавтеаҳои нав бо роҳи бадном кардани шахсиятҳои миллӣ ва донишмандони тоҷик, ки дар масъалаи марз фикру ақидаҳои худро баён менамоянд, даст зада истодаанд. Лекин мардуми тоҷик дигар дар вазъияти ғафлатзада қарор надоранд, ки наҳзатиҳои хоин битавонанд, бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ вазъи марзи сарҳадиро харобу ноором созанд. 

Халқи шарафманди тоҷик, низ дигар мисли солҳои навадуми асри гузашта нест, ки гурӯҳҳои тахрибкоре чун наҳзатиҳои беҳувият онҳоро ба доми худ кашанд. Бо вуҷуди ин зарур аст, ки мо оқибатҳои фоҷиабор, ғаразу ҳадафҳои аслии ин гурӯҳи худбохтаи манфиатҷӯро бишносем ва барои ҳифзи арзишҳои сулҳу ваҳдати миллӣ содиқона талош варзем.

Информация к новости
  • Просмотров: 1333
  • Автор: admin
  • Дата: 18-12-2022, 16:28
18-12-2022, 16:28

НИШОНАҲОИ ШИАЪ БУДАНИ КАБИРӢ

Категория: Хабар

ОЁ ШИЪА ШУДАНИ НАҲЗАТИЁН ТУҲМАТ АСТ?

 

Далелҳои қатъӣ дар бораи мазҳаби шиъаро пурра қабул кардани роҳбарияти ТЭТ ҳизби наҳзат

 

 12-уми майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа саҳифаҳои нави хиёнату ҷинояти ҳизби наҳзати исломӣ ва хоҷагони хориҷии онро нисбат ба давлату мардуми Тоҷикистон ифшо намуданд. Дар ин суханронӣ Роҳбари давлати Тоҷикистон бо такя ба далелҳои муътамад ва мисолҳои дақиқ бо ин мазмун таъкид карданд, ки пайравони ҳизби наҳзат мазҳаби бегонаро қабул карда, баъзе аз онҳо дар хизмати доираҳои махсуси идеологии он қарор гирифтаанд.

Пас аз садо додани ин ҳақиқати ошкор, роҳбарони гурезаи ТЭТ ҲНИ ва хоҷагони он ба изтироб афтода, маъракаи васеи иттилоотиро барои инкори ин ҳақиқат ба роҳ монданд. Аз ҷумла, ин ҳафта Раиси ташкилоти экстремистию террористии ҲНИ М.Кабирӣ аз тариқи сайтҳои ифротгарои наҳзатӣ атрофи ин мулоқоти Пешвои миллат мусоҳиба ороста, талош дорад, ки наҳзатиёнро аҳли мазҳаби ҳанафӣ нишон дода,  шиъа шудани онҳоро бо ҳар роҳ пинҳон кунад.

Албатта, мазҳаби шиъаро қабул кардани наҳзатиён ягон ҷойи шубҳа надорад. Далелҳои бешумор, шоҳидии аъзои ҳизб, санаду навору суратҳои зиёд борҳо исбот мекунанд, ки роҳбарони ТТЭ ҲНИ мазҳаби халқи худро фурўхта, пурра ба мазҳаби бегонаи шиъа даромадаанд. Раванди шиъа шудани наҳзатиён як ҷараёни тўлонӣ буда, он аввал аз таваҷҷуҳи роҳбарони ТЭТ ҲНИ ба инқилоби исломии Эрон оғоз шуда, дар шакли робитаҳои сиёсию вобастагии молиявии ТЭТ ҲНИ аз доираҳои шиъа ва зиндагию таҳсили як насли пурраи наҳзатиҳо дар мактабҳои махсуси динии ҶИ Эрон идома ёфта, дар ниҳоят, ба пайравӣ ва қабули мазҳаби шиъа аз тарафи роҳбарони ин ҳизб анҷомид.

Бинобар ин, ҳамчун яке аз шоҳидони бевоситаи раванди шиъашавии роҳбарияти ин ҳизб, мехостам чанд далели раднашавандаро дар ин бора пешниҳод кунам. Ин ҷо масъаларо баррасӣ накарда, фақат факту далелҳои ошкорро пешкаш менамоем, то худи хонандаи боҳуш дар бораи сад фоиз шиъа шудани наҳзатиён хулосаи зарурӣ барорад.

Пас, чи далелҳои ошкоре дар бораи мазҳаби шиъаро қабул кардани ҳизби наҳзати исломӣ вуҷуд дорад?

Санадҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки аксари роҳбарияти ТЭТ ҲНИ ҳанўз аз даврони Иттиҳоди Шўравӣ то имрўз худро муриди роҳбари инқилоби шиъии Эрон Оятулло Хумайнӣ дониста, ҳамчун шиъаёни инқилобӣ ўро бо эҳтиром «Ҳазрати Имом» меномиданд. Наҳзатиҳо ҳоло ҳам Хумайниро ҳамин хел номида, ба ҷойи Қуръону ҳадис китобҳои мазҳаби шиъаро мехонданд. Баъзе роҳбарони наҳзатӣ, аз ҷумла С.А.Нурӣ, Эшони Қиёмиддин, Саъдиддини Рустам, Бобоҷон Қаюмов ва ғайра дар васфи Хумайнӣ чандин мақолаю шеъру рубоию достон навиштаанд, ки дар рўзнома ва маҷаллаҳои ҲНИ чун «Наҷот» ва «Сафина» ба таври муназзам чоп шудааст. Дар ин бора ҳар кас метавонад саҳифаҳои ин нашрияҳоро варақ занад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1239
  • Автор: admin
  • Дата: 18-12-2022, 16:26
18-12-2022, 16:26

ҲУНАРМАНД ҲАРҶО, КИ РАВАД АЗИЗ БОШАД ВА ДАР САТР НИШИНАД.

Категория: Хабар

Ҳунарҳои дастӣ дар инсон завқи бадеиро ташаккул дода, таҳаммулу тозакориро тарбия менамояд ва дунёи ботинии шахсро ғанӣ мегардонад. Дар замони мо ҳунарҳое, ки замоне фаромўш шуда буданд, эҳё гардида, арзиши маҳсулоти дастӣ нисбат ба молҳои оммавӣ меафзояд.

Ҳунарҳои халқӣ беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунанд. Гузашта аз ин, на фақат эҷоди асарҳои санъат, балки дастгирии ҳунармандон халқ, ки эҷодкорони зебоӣ ҳастанд, нишони камолот ва олиҳимматӣ мебошад.

Инкишофи ҳисси зебоипарастии инсонро дар бозёфтҳои бостоншиносон, ба монанди китобу дастхатҳои нодир ва мусаввараҳо, ки дар онҳо фарҳанг, ҳунари меъморӣ ва рассомӣ, ҳамчунин хусусияти рўзгори маишии мардуми давраҳои қадим инъикос ёфтаанд, пайгирӣ метавон кард. Ҷомеаи давраҳои гуногун равияҳои хосро дар соҳаҳои мухталифи санъату ҳунар ба мерос гузошт, ки дар ҳар яке тарзи зиндагии мардум таҷассум ёфтааст. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дар вақти ҳукмронии ягон ҷараён таъсири он дар ороиши ашё, намунаҳои ҳунари меъморӣ, сару либос, ҷиҳози манзил амри воқеист.

Дар замони мо тадқиқоти илмӣ дар соҳаи тарбияи ҷавонон бо назардошти таълими ҳунарҳои мардумӣ мавқеи назаррасро ишғол мекунад. Ҳадафи олимон баҳодиҳӣ ва таҳлили рушди ҳунармандӣ ва таъсири он, ба ҷавонон омўзонидани ҳунарҳои аҷдодӣ, бо такя ба онҳо ташаккул додани ҳунарҳои наву муосир мебошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1239
  • Автор: admin
  • Дата: 18-12-2022, 16:25
18-12-2022, 16:25

ТОҶИКИСТОН ГАВҲАРИ ЯКТОВУ ҲАМ ИМОНИ МОСТ!

Категория: Хабар

   Мо мардуми сарбалнди тоҷик дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаву ободкоронаи  Пешвои муаззами миллат, баҳри ободиву пешрафти Ватани азизамон тамоми талошҳои хешро ба харҷ дода, баҳри ҳифзи марзу буми ин меҳани аҷдодӣ ҷон сипар хоҳем кард.

   Қаҳрамониву корнамоиҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун мактаби бузургӣ инсонӣ дар дили ҳар як тоҷику тоҷикзабон далериву шуҷоатмандиро касб намудааст, ки баҳри ҳимояи хоки поку гуҳаррези Тоҷикистони ба ҷон пайванд ҷон қурбн хоҳанд кард.

   Хоки файзхези Тоҷикистони азизро мо ба ягон  душмани бехонумон  намедиҳем, “Хок мехӯрему хок намедиҳем”

   Тоҷикистон барои ҳар яки мо ҳамчун каъбаи имону нанг ва қалъаи номуси мардонаги аст, ки ҳимоя аз ҳар як ваҷаб замини он вазифаи ҳар яки мост!

       Эй падар Ту мехони номаамро ғам махӯр,

       Ашк ҳаргиз ту марезон номаамро тар макун.

       Аз барои дурии ман фикри худ ноҷо масоз,

       Ман барои меҳани худ то абад ҷон додамм.

Нуров Х.С- Мудири шӯъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон.

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^