Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 БАРРАСИҲОИ АРЗИШМАНД ВА ВОҚЕИЯТҲОИ ИНКОРНАШАВАНДА ДАР МАҚОЛАИ СИЁСАТШИНОСИ СОҲИБАНДЕША АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » БАРРАСИҲОИ АРЗИШМАНД ВА ВОҚЕИЯТҲОИ ИНКОРНАШАВАНДА ДАР МАҚОЛАИ СИЁСАТШИНОСИ СОҲИБАНДЕША АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО
Информация к новости
  • Просмотров: 2106
  • Автор: admin
  • Дата: 18-12-2022, 16:34
18-12-2022, 16:34

БАРРАСИҲОИ АРЗИШМАНД ВА ВОҚЕИЯТҲОИ ИНКОРНАШАВАНДА ДАР МАҚОЛАИ СИЁСАТШИНОСИ СОҲИБАНДЕША АБДУЛЛОҲИ РАҲНАМО

Бахш: Хабар

Чанд муддат аст, ки дар фазои маҷозӣ, доираҳои илмӣ, ҷамъияти донишҷӯён, донишгоҳҳо, чорабиниҳои тарғиботӣ, телевизиону радиоҳои ватанӣ ва воситаҳои ахбори оммаи хориҷӣ мақолаи коршиноси масоили байналмилалӣ, сиёсатшиноси ватанӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзӯи "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?" мавриди таҳлил ва баррасии умум қарор дорад. Ҳамзамон дар атрофи мақолаи мазкур даҳҳо шарҳу тавзеҳот ва андешаву тақризҳо нашр гардидаанд, ки муҳиммияти масъалагузории коршиносро нишон медиҳанд. Дар ин раванд банда низ мақолаи коршиносро ҳам аз нуқтаи назари мазмунӣ ва ҳам аз нуқтаи назар асосноккунӣ мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор додам ва пеш аз он, ки андешаҳои худро роҷеъ ба муҳтавои сиёсатшиноси ватанӣ иброз намоям, чанд нуктаи мушаххасро оид ба худи мақола мехоҳам баён намоям:

 

1. Нуктаи аввал ин аст, ки мавриди баррасӣ қарори гирифтани чунин як масъалаи нозук ва муҳимму печида аз ҷониби сиёсатшинос кори хеле аҳамиятнок ва бузург аст.  Дигар ин, ки муаллифи мақола як шахси тасодуфӣ нест, балки шахсияти огоҳ, эътирофшуда, сиёсатшинос ва донандаи равандҳои байналмилалӣ аст, ки ҳамин нишондодҳо боис гардидаанд, ки мақолаи дар сатҳи баланд, устувор ва арзишманд таҳия гардад. Эътирофи дохилӣ ва хориҷӣ пайдо намудани мақола ва дар сархати расонаҳо қарор гирифтани он далели андешаҳои болозикр аст. 

 

2. Нуктаи дуюм ин аст, ки аз нигоҳи масъалагузорӣ мақола кори анҷомшуда аст. Вуруд ба масъала, шарҳҳои алоҳида ва хулосагириву асоснокнамоӣ кори муаллифро арзишманд гардонидаанд. 

 

3. Нуктаи сеюм ин аст, ки такя намудан ба ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва ҳуқуқии марҳилаҳои гуногун ва муқоисаи онҳо бо равандҳо аҳамиятнокии корро даҳчанд афзоиш додаанд. Масалан, истифодаи харитаҳои давраҳои гуногун ва овардани иқтибосҳо аз санадҳои меъёрӣ далелӣ баррасии огоҳонаи муаллифро нишон медиҳанд. 

 

4. Нуктаи чорум ин аст, ки сиёсатшинос дар раванди навиштани мақолаи нозукии илмиро ба таври кулли риоя кардааст. Яъне дар мақола ба таври илмӣ, воқеӣ ва методологӣ вазъият ва равандро шарҳ додааст. 

 

5. Нуктаи панҷум ин аст, ки дар мақола мавқеи сулҳхоҳонаи Тоҷикистон, сиёсати дуруст ва санҷидашудаи кишвар бо далелҳои радношаванда нишон дода шудаанд. 

 

Акнун дар зер баъзе андешаҳоро вобаста ба муҳтавои мақолаи "Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?" баён менамоем. 

 

Бале, чунин унвон гузоштан ба мақола кори дуруст ва муҳим аст. Ба ҳама маълум аст, ки Тоҷикистон дар муносибатҳои байналмилалӣ пайваста сиёсати сулҳҷуёнаро пайгирӣ намуда, ҳамсоягии некро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Ин сиёсати огоҳона ва санҷидашудаи кишвари мо маҳсули тамаддуни шашҳазорсолаи миллат аст, ки дар масири таърих обутоб ёфта то имрӯз идома дорад. Ин ҳолатро шоири бузурги тоҷик устод Лоиқ Шералӣ ба риштаи назм кашида чунин гуфтааст: 

 

Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳеҷ замоне

Тоҷик ба хоки дигаре аз сари кина

Бо ҳамҳамаю дамдама лашкар накашидаст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар арсаи таърих

Тоҷик зи роҳи ҳасаду ҷаҳлу таассуб

Бар фарқи саре найзаю ханҷар накашидаст...

 

Оре, ҳақ ба ҷониби устод Лоиқ Шералӣ аст, ки миллати мо ҳеҷ гоҳ ба хоки дигаре ҳуҷум накардааст. Аммо, борҳо шоҳиди ҳуҷуми аҷнабиён ба хоки худ будааст. Дар ҳодисаҳои охири марзӣ низ ҳама шоҳид буданд, ки ба хоки кишвари мо ҳуҷуми мусаллаҳона анҷом шуд. Аз ин ҷост, ки номгузории мақола ва нишон додани он, ки Тоҷикистон кишвари "таҷовузгар" нест кори арзишманд аст. 

 

Аз тарафи дигар факт, ҳуҷҷатҳо ва далелҳое, ки сиёсатшиноси соҳибандеша Абдуллоҳи Раҳнамо дар мақолаи худ овардааст, тамоми таблиғотҳои сохтаву дуруғ ва муборизаҳои иттилоотии ноҷавонмардонаи кишвари ҳамсояро оид ба ҳодисаҳои марзӣ ба тамоми ҷаҳониён бори дигар ошкор намуд. Бо мутолиаи маводи мазкур ҳар як фард бо мавқеи дуруст ва мушаххаси Тоҷикистон ошно гардида, аз амалҳои ноҷавонмардонаи ҷониби ҳамсоя огоҳӣ пайдо менамояд. 

 

Девонсолор Сайф, таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^