Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 **ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ОМОДАИ ҲИФЗИ ҚАЛАМРАВУ МАРЗИ ХУД МЕБОШАД** » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » **ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ОМОДАИ ҲИФЗИ ҚАЛАМРАВУ МАРЗИ ХУД МЕБОШАД**
Информация к новости
  • Просмотров: 1287
  • Автор: admin
  • Дата: 14-12-2022, 08:07
14-12-2022, 08:07

**ТОҶИКИСТОН ҲАМЕША ОМОДАИ ҲИФЗИ ҚАЛАМРАВУ МАРЗИ ХУД МЕБОШАД**

Бахш: Хабар

(Дар ҳошияи мақолаи коршинос оид ба масъалаҳои сиёсӣ Адуллоҳи Раҳнамо таҳти унвони «Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?»)*

 

***Шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва инкишофи муносибатҳои ҷамъиятӣ ба шаклгирии сифатан нави муносибатҳои байналмилалии муосир замина гузошта, ҳар як давлатро водор менамояд, ки ҷиҳати таъмини амнияти давлатӣ ва рушди давлатдори миллии худ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намояд.***

 

Ташвишовар он аст, ки дар натиҷаи рушди босуръати илмию техникӣ ва нанотехнологияи сермаҳсул дар ҷаҳон байни давлатҳо оид ба имконоти азхуд намудани сарватҳои табиӣ, неъматҳои моддӣ ва болоравии арзиши онҳо нобаробарӣ ба миён меояд. Мушоҳида мешавад, ки ин раванд боиси бо суръати баланд сарватмандшавии қисми давлатҳо ва баръакс бемайлон қашшоқшавии гурӯҳи дигари давлатҳо ва халқу миллатҳо гаштааст.

 

Ҳалли ин масоили муҳимми рӯз барои ҳар як давлат, вазифаи аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, зарурияти нигоҳи навинро дар рушд ва таъмини бехатарии давлатдории миллӣ ба миён овардааст.

 

Дар раванди тағйирёбии муносибатҳои байналмилалӣ тавсеаи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва таъмини амният нақши муҳим доранд ва татбиқи ин ҷанбаҳо дар сиёсати хориҷӣ, пеш аз ҳама ба пешбурди сиёсати сарҳадии давлатҳо алоқамандӣ дорад. Аз як тараф, равандҳои ҷаҳонишавӣ мақоми сарҳади давлатиро дар муносибатҳои байналмилалӣ тағйир дод, зеро бо ташаккули созмонҳои ҳамгироӣ, таъсиси иттиҳодҳои гумрукӣ, ташаккули бозорҳои озоди минтақавӣ, соддагардонии реҷаи сарҳадӣ, озодии ҳаракати молу маҳсулот ва мусофирон омили сарҳадӣ дар сиёсати хориҷии давлатҳои алоҳида нақши калидиро иҷро менамояд.

 

Бо дарназардошти ин равандҳо, гуногуншаклии ҳамкориҳо дар соҳаи сарҳадӣ, имкониятҳои муайянро барои рушди алоқаҳои ҳамшарикӣ ва дӯстона миёни давлатҳои ҳамсарҳад ба вуҷуд меоранд.

 

Мутобиқи муқаррароти қисми 1 моддаи 11 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷикистон сиёсати сулҳҷӯёнаро ба амал татбиқ намуда, соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд ва муносибатҳои хориҷиро дар асоси меъёри байналмилалӣ муайян мекунад.

 

Сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ҳадафи ба даст овардани ҳамдигарфаҳмӣ, пастшавии мутақобилаи низомӣ, пешгирии ҳамлаи ногаҳонӣ ё низои ғайри муҷозотиро дорад.

 

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо дарназардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад».

 

Бо назардошти андешаҳои болозикр, муаллифи мақолаи “Мавқеи Тоҷикистон ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест?” коршиноси масоили сиёсӣ, доктори  илмҳои сиёсатшиносӣ – Абдуллоҳи Раҳнамо қайд менамояд, ки: «Низои марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки инак наздики сад сол идома дорад, дар солҳои охир моҳияти боз ҳам мураккабу муташанниҷ гирифтааст. Баррасии мавқеъ ва изҳороти намояндагони ҷонибҳо ва арзёбии равандҳои сиёсию иттилоотии атрофи масъала нишон медиҳанд, ки ин буҳрон на танҳо дар ҳоли ҳалшавӣ, балки дар ҳоли амиқшавию васеъшавӣ қарор дорад. Хусусан, ба ин баҳс пайвастани Русия ва созмони СПАД ва даъвати роҳбарияти Қирғизистон аз СММ, САҲА ва ташкилотҳои дигари байналмилалӣ барои «миёнаравӣ» дар ҳалли ин буҳрон, имкони аз як масъалаи маҳаллию байнидавлатӣ ба як баҳси калони минтақавӣ ва байналмилалӣ табдил ёфтани онро боз ҳам бештар намудааст».

 

Дар ин замина, Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо дарназардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад.

 

Нигаронии муаллифи мақолаи мазкур дар он аст, ки дар масъалаи байнидавлатии Тоҷикистону Қирғизистон ҳамроҳ ва ё дахолати қувваи сеюм боиси мураккабшавии вазъият мегардад.

 

Аз ин рӯ, муаллиф қайд менамояд, ки: «таҷрибаи низоъҳои марзию қавмӣ дар фазои пасошӯравӣ нишон додааст, ки дар аксари мавридҳо пайдошавии «миёнаравон»-и шарқию ғарбӣ боиси васеътару тӯлонитар шудани чунин буҳронҳо гаштааст».

 

Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори сулҳу субот ва ваҳдат дар минтақа ба ҳисоб рафта, барои таъмини зиндагии осоишта ва рушди иқтисодии кишварҳост ҳавасманд мебошад. Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамеша омодаи ҳифзи қаламраву марзҳои худ буда, кӯшиш мекунад, ки худро аз ҳама хатарҳои муосир ҳифз намояд.

 

**Фаридун ИСМАТУЛЛОЗОДА,

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^