Зеро яке аз хатарҳое, ки имрӯзҳо ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст, ин хатари терроризм ва экстремизм ба шумор меравад. Ин хатари хонумонсӯз чандин давлатҳоро дар Ховари миёна ба коми маргбори худ кашидааст, ин давлатҳоро ба як харобазоре мубаддал гардонидаанд, ки дигар касе хоҳиши дар он зиндагӣ карданро надорад. Мисоли ин гуфтаҳоро мо дар давлатҳои Сурия, Ироқ, Яман, Афғонистон ва дигар давлатҳое амсоли инҳо гуфта метавонем.
Ҳамарӯза тавассути воситаҳои ахбори омма ва сомонаҳои иҷтимоӣ мо мушоҳида мекунем, ки чи тавр дар пайи амалиётҳои бераҳмонаи гуруҳҳои террористӣ чандин нафарон қурбонӣ ва чандин бинову иншоотҳои маишӣ ба хок яксон мегардад, ки ин аз он далолат медиҳад, ки терроризм ба ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз раҳм надорад. Онҳо ҳамчун хатар ба давлатҳои миллӣ ва рӯ ба инкишоф ҳастанду халос. Онҳо аз номи дини мубини Ислом сӯиистифода намуда, амалҳои бераҳмонаи худро миёни мардуми омма анҷом медиҳанд, ки ин амалҳои онҳо далолат аз бераҳмиву хунхорӣ чизи дигареро ба мо нишон нахоҳанд дод.
Ҳамчунин, Пешвои миллат зимни муроҷиат изҳор доштанд, ки ҳамаҷониба густарин бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон аз ҳадафҳои муҳими давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Ҳоло яке аз масъалаҳои мубрами рӯз ин ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу субот дар Ватани азизамон- Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар айни замон Истиқлолияти давлатӣ ба мардуми Тоҷикистон имкон дод, ки мактаби давлатдории миллии худро рушд дода, модели муосирро озодона интихоб намояд. Маҳз дар ҳамин давра заминаҳои устувори сиёсӣ ва ҳуқуқии сохти нав, яъне давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд гузошта шуданд.
Аммо як гуруҳи манфиатҷӯён ва иғвогарон дар чунин шароити ҷаҳони муракаб мехоҳанд дар минтақа нооромӣ ба вуҷуд оваранд ва фазои сиёсиву сармоягузориро бад намоянд. Ин манфиатҷуёни кишварҳои хориҷӣ ба мақсади ғаразноки худ нахоҳанд расид. Чунки мардуми шарафманди кишварамон арзиши сулҳу субот ва осудагии зиндагиро дарк менамоянд ва таҷрибаи муқовимат намудан бар зидди чунин таҳмилгаронро доро мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шимолу-шарқ бо Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамсарҳад мебошад. Қайд намудан ба маврид аст, ки дарозии умумии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон тахминан 987 км-ро ташкил медиҳад.
Ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сарҳадӣ мувофиқи шартномаҳои байналмилалии асосии зерин ба роҳ монда шудааст:
- Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳади се давлат аз 05.07.2000;
- Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба гузаргоҳҳо ба воситаи сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз 06.05.1998.
Мо, тоҷикон қадимтарин халқият мебошем, дар тӯли таърих боре нашудааст, ки миллати тоҷикон ба сари ягон халқ ҳуҷум карда бошем ва дар муҳофизати марзу бум мо ҳамеша вафодор ҳастем.
Бояд қайд намуд, ки дар Ҷумҳурии Қирғизистон то ба сари мансаб омадани ҳозира роҳбарият 8 Президенти дигар ин кишварро роҳбарӣ намудааст. Аммо дар он давра ягон маротиба муносибати Тоҷикистон ва Қирғизистон вайрон набуд.
Агар мо ба таърихи низоъҳои сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон назар афканем, мебинем, ки он ҳанӯз аз замони дар Иттиҳоди Шӯравӣ будани кишварҳои мазкур оғоз гардида, то ба имрӯз давом карда истодааст. Сабаби асосии ин низоъҳои бардавом дар он аст, ки ҷонибҳо то ҳол дар аломатгузорӣ ва муайянкунии хатти сарҳади байни якдигар ба мувофиқа нарасидаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон борҳо кӯшиш намуд, то ки масъалаи мазкур бо роҳи мусолиҳа зудтар ҳалли худро ёбад. Аммо ҷониби Қирғизистон доимо ба ин ё он баҳона ба музокиротҳо оид ба ҳалли мушкилоти мазкур ё аҳамияти ҷиддӣ намедиҳад ё ин ки онро ба низоъҳо бурда мерасонад.
Мушкилиҳое, ки дар санаи 14-17-уми сентябри соли равон ба вуҷуд омад ин маълум буд, ки ҷониби Қирғизистон ба ҷанг омодагӣ дида буданд. Чун, ки аҳолии марзиро бо пуррагӣ кучонида маҳаларо холӣ намуда, оташро ба ҷониби Тоҷикистон шурӯъ намуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара дар робита ба баҳсҳои сарҳадӣ чунин изҳор доштанд: “Таҷрибаи муносибатҳои байналмилалӣ нишон медиҳад, ки робита бо ҳамсоякишварҳо бояд бо назардошти эҳтироми комили якдигар, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба манфиатҳои миллии ҷонибҳо ба роҳ монда шавад. Вобаста ба ин, бояд гуфт, ки масъалаҳои баҳси марзиву ҳудудӣ, мувофиқа намудани хати сарҳади давлатӣ, аломатгузории он раванди мураккаб буда, ҳалли онҳо муҳлат ва заҳмати зиёдро тақозо менамояд. Табиист, ки чунин баҳсҳо бояд бо назардошти манфиатҳои дуҷониба ва дар заминаи асосҳои ҳуқуқии тасдиқшудаи тарафҳо ҳаллу фасл шаванд. Тоҷикистон бо мақсади ҳалли масъалаҳои мавҷуда қатъиян ҷонибдори гуфтушунид ва дарёфти роҳҳои ҳалли мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои миллии ҳар ду тараф мебошад”. Аз ин мулоҳизоти дурнигаронаи Пешвои миллат, мавқеи Тоҷикистон бори дигар ба таври барҷаста равшан мегардад, ки ҳамон сиёсати таҳаммулгароёна ва инсонсозонаро таҷассум мекунад.
Ваҳдат нишонаи сулҳу оромӣ, некуаҳволии халқ, созандагиву ободкорӣ ва пеш аз ҳама, бозгӯи бахти баланди ҳар миллате маҳсуб мешавад, ки ин арзиши бебаҳои ҳаётро ҳифз мекунад. Ҳодисаҳои ҷаҳони имрӯза ба он далолат мекунанд, ки ваҳдату оромиш беш аз ҳар вақта ба ҳифзу таҳким ниёз доранд, зеро ваҳдат пойдевори ҳар як миллат ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёт, беҳбудии зиндагии мардум бевосита аз он ибтидо мегирад. Ваҳдати миллии Тоҷикистон, ки бо ҷонбозиву талошҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фитрати халқи сулҳхоҳу матинирода ба даст омад, ҳамчун рамзи эҳёи миллати куҳанбунёди тоҷикон ҳифз мегардад.
Аз ин рӯ мо мардуми бонангу ори кишвар амалҳои ин гуна афродро маҳкум намуда, ҳаргиз намегузорем, ки як хоине ё нохалафе ин тинҷиву осудагии моро вайрон кунад ва ҳаргиз намегузорем, ки ин миллати баҳам омадаро парешон намоянд.
Итминони комил дорем, ки сокинони заҳматкаш, меҳнатдӯст, ободгар ва шарифи кишварамон тамоми саъю кӯшиши худро ба иҷрои вазифаҳои муайяннамудаи Пешвои миллат, ҳифзу ҳимояи дастовардҳои истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати мардум, таъмини амнияти миллию давлатӣ, суботи сиёсӣ, рушди иқтисодиёт равона хоҳанд кард ва дар афзоиши нерӯ ва иқтидори Тоҷикистони азиз саҳми арзанда хоҳанд гузошт.
Фасеҳзода Ислом Саймирзо, директори пажуҳишгоҳи идоракунии давлатӣ ва хизмати давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент