Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 НИЗОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: ТАЪРИХ, ЗАМИНАҲО ВА МУШКИЛОТ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » НИЗОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: ТАЪРИХ, ЗАМИНАҲО ВА МУШКИЛОТ
Информация к новости
  • Просмотров: 8197
  • Автор: admin
  • Дата: 12-02-2022, 16:38
12-02-2022, 16:38

НИЗОИ САРҲАДИИ ТОҶИКИСТОНУ ҚИРҒИЗИСТОН: ТАЪРИХ, ЗАМИНАҲО ВА МУШКИЛОТ

Бахш: Маълумот

Дар солҳои охир яке аз қитъаҳои баҳсбарангези сарҳади ду кишвар ин гирду атрофи деҳаи бостонии Ворух (аз забони эронии қадим гирифта шуда, маънояш “қаъла” аст)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Роҳе, ки имрӯз ҷамоати деҳоти Ворухро ба дигар минтақаҳои Тоҷикистон пайваст мекунад, аз деҳаи Ақ-Сойи Қирғизистон мегузарад. Лекин агар аз ҷиҳати ҳуқуқӣ гирем, Ворух таърихан ба ҳудуди Тоҷикистон дохил мешуд, аммо на дар шакли “анклав”. Инчунин, заминҳои деҳаи Ақ-Сойи Қирғизистон ҳам низ.

Исботи ин гуфтаҳоро мо дар шартномаҳое, ки солҳои 1924, 1927 ва 1947 вобаста ба масъалаи сарҳадӣ миёни тарафҳо мувофиқа шуда, ба имзо расида буд, дида метавонем. Аммо аз солҳои 50-уми асри ХХ шурӯъ карда, қабули қарор дар масъалаи мазкур хусусияти якҷониба гирифта, бештар вақт дар вохӯриҳо вобаста ба ҳалли масъалаҳои сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар зери фишори Марказ – Ҳизби коммунистӣ (Москва) қарорҳо қабул мешуд, ки бештар ба нафъи ҷониби Қирғизистон буд.

Ҳамзамон, дар таърихи низоъҳои сарҳадӣ ҳамеша ҷониби Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон ғайриқонунӣ ё ба таври ошкоро ҳуҷуми мусалаҳона карда, зарари ҷонию иқтисодӣ ба мардуми тоҷик овардааст. Масалан, 31 декабри соли 1974 як гурӯҳ шаҳрвандони мусаллаҳи Қирғизистон ба ҳудуди деҳаи Ворухи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷум карданд, ки дар натиҷаи он қисми зиёди мардуми маҳаллии тоҷик захмдор гардиданд. Баъдан, чи тавре ки мебинем, дар ҳалли низои мазкур Прокуратураи Генералии ИҶШС дахолат карда, баъд аз тафтишоти тӯлонӣ ба хотири хомӯш намудани низоъ як қисмати замин аз ҳудуди деҳаи Ворух (аниқтараш 300 га) ба мардуми ноҳияи Боткенти Қирғизистон дода шуд, ки дар натиҷа дар он ҳудуд онҳо ба сохтмони деҳаи ҳозираи Ақ-Сой оғоз карданд. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки чаро низоъро ҷониби Қирғизистон шурӯъ кард, аммо боз қарор ба нафъи онҳо қабул шуд? Саволест, ки посухи дақиқ мехоҳад.

Низои дуюм миёни Тоҷикистону Қирғизистон тобистони соли 1989 сар зад. Сабаби асосии ин низоъ ин аз меъёр зиёд истифода бурдани дарёи Исфара аз ҷониби мардуми қирғиз буд, гарчанде ки тибқи қарори Марказ-Москва аз 1 апрел то 1 июн ҳамарӯза танҳо 2%-и оби онро ҷониби қирғиз бояд истифода мебурд. Дар натиҷа мардуми деҳаи Хоҷаи Аъло садди роҳи обро баста, аз мардуми қирғиз талаб карданд, ки обро тибқи меъёр истифода баранд ва заминҳои ғайриқонунӣ гирифтаашонро баргардонанд. 13 июни соли 1989 мардуми деҳаи Самарқандак ва деҳаҳои гирду атрофи ноҳияи Боткент бо теъдоди 3000 нафар мусаллаҳ бо силоҳҳои шикорӣ ба деҳаи Хоҷаи Аъло ҳуҷум карданд. Низои мазкур ду рӯз идома ёфт, ки дар натиҷа аз ҷониби тоҷикон 2 нафар кушта ва 24 нафар захмӣ шуданд.

Ҳамин тавр, барои ҳалли ин низоъ ва баҳсҳои сарҳадӣ бо супориши роҳбарияти ИҶШС комиссияи муштарак таъсис дода шуд. Дар натиҷаи фаъолияти чандрӯза комиссияи мазкур протоколеро таҳия кард, ки мувофиқи он танҳо 86 гектар аз ҳудудҳои баҳсӣ ба ҷониби Тоҷикистон баргардонда, бо ҳамин сарҳади тарафайн муайян карда мешуд. Лекин ҷониби Тоҷикистон протоколи мазкурро бо аҳолии маҳаллӣ баррасӣ намуда, нодуруст буданашро фаҳмида, онро тасдиқ накард.

Дар натиҷа, бо ташаббуси Қирғизистон аз ҷониби роҳбарияти КМ ҲКИШ ва Шӯрои Олии ИҶШС ба роҳбарони Тоҷикистон фишор оварда шуд, то ки протоколи дар боло ишорашударо қабул намоянд. Аммо ҷониби Тоҷикистон ба шаҳри Исфара рафта, баъзе аз масъалаҳоро аз нав таҳлил карда, ҷиҳати қонунӣ будани талаботи мардуми деҳаҳои Ворух ва Чоркӯҳро ба Маскав ҳисобот доданд.

Ҷониби Қирғизистон охирин саъю кӯшиши худро ҷиҳати ба имзо расонидани протоколи мазкур намуда, ба Марказ муроҷиат карданд. Дар натиҷа тирамоҳи соли 1989 бо супориши Котиби якуми КМ ҲКИШ М.С. Горбачёв аъзои Бюрои сиёсӣ, котиби КМ ҲКИШ Гиренко Андрей Николаевичро ба минтақаи баҳснок омад, ки мақсади асосии он бо кадом роҳе, ки набошад, ҷониби Тоҷикистонро қонеъ ё маҷбур кунад, ки протоколи таҳияшударо қабул намояд. Аз он сабабе ки ташаббускори ин кор ҷониби Қирғизистон буд, намояндагони Тоҷикистон барои баррасии масъалаҳои сарҳадӣ ба он ҷо рафтанд. Дар ин ҷо яке аз аъзоёни ҳайати тоҷикон Иззатулло Ҳаёев буд. Ҳангоми музокирот Гиренко А.Н. ба И. Ҳаёев фишор оварда, аз ӯ мепурсад, ки барои чӣ протоколро ба имзо нарасонд. И. Ҳаёев дар ҷавоб мегӯяд, ки мардум розӣ нест. Ин ҷавоб Гиренко А.Н-ро ба ғазаб меорад ва ӯ мегӯяд, ки агар мардуми худро розӣ карда наметавонӣ, пас аз вазифаат ба истеъфо рав! Вобаста ба ин, И. Ҳаёев мегӯяд, ки ту маро аз истеъфо рафтан натарсон! Ман тайёрам ҳозир ба истеъфо равам, аммо бар муқобили иродаи халқам намебароям ва шумо ҳеҷ гоҳ маро маҷбур карда наметавонед, ки ин протоколро ба имзо расонам.

Ҳамин тавр, ин масъала ба охир расид. Солҳои 90-уми асри ХХ онҳо кӯшиши ташкил кардани Комиссияи муштаракро карданд, аммо аз сабаби дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ оғоз ёфтан он фаъолияти худро қатъ кард.

Яке аз санадҳои дигаре, ки ҳақ будани Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад ин хулосаи комиссияи аз ҷониби Шӯрои миллии Шӯрои Олии ИҶШС мебошад. Шӯрои мазкур Комиссияро дар ҳайати се нафар вакилони машҳури Шӯрои Олии ИҶШС таъсис дода, баҳри таҳлил ва ҳалли низои сарҳадии байни Тоҷикистону Қирғизистон равон мекунанд, то ки омилҳои мушкилоти мазкурро омӯхта, роҳҳои ҳалли онро пешниҳод намоянд.

Дар натиҷа, баъд аз анҷоми таҳлилҳояшон дар ҳудудҳои баҳсӣ, онҳо тамоми санадҳое, ки дар бойгонии шаҳри Москва мавҷуд буд, омӯхта, дар хулосаашон пешниҳод карданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар баҳсҳои сарҳадӣ бо Қирғизистон доимо ҳақ буданд ва деҳаи Ворух ҳеҷ гоҳ анклав набуд ва таърихан ба таври мустақим бо шаҳри Исфара якҷоя буда, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.

Мушкилоти сарҳадӣ боз аз нав солҳои 2000-уми асри ХХ1 шурӯъ гардид. Ноҳияи Лайлаки Қирғизистон, ки аз ҷиҳати ҷойгиршавии географӣ ҳамеша ба хотири рафтан ба ноҳияҳои дигари вилояти Боткент аз роҳҳои шаҳри Исфара истифода мекарданд. Ҷониби Қирғизистон аз Тоҷикистон дархост намуд, то ки барои бунёди роҳ дар ҳудуди заминҳои Тоҷикистон барои пайваст шудани ин минтақаҳои аз ҳам ҷудои онҳо иҷозат диҳад.

Ба хотири нигоҳ доштани дӯстӣ ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ соли 2007 Тоҷикистон ба онҳо иҷозат дод, ки дар ҳудудаш ба сохтмони роҳ оғоз намояд ва он ҳудудро бо дарозии 272 метр ба муҳлати 49 сол ба онҳо иҷора дод.

Ҷониби Қирғизистон дар ин қитъаи замини ҷудошуда роҳи мошингардро сохта, ноҳияи Лайлакро аз бунбасти коммуникатсионӣ баровард ва баъд аз ин, боз ба фишороварӣ ва даъво нисбати қитъаҳои дигари ҳудуди Тоҷикистон оғоз карданд. Аксар вақт онҳо роҳе, ки деҳаи Ворухро бо шаҳри Исфара пайваст мекард, маҳкам мекарданд ва ин кор рафта-рафта ба онҳо ба як одат табдил ёфт. Маҳз ҳамин амали онҳо ба низоъҳои баъдӣ замина гузошт.

Низои сарҳадии баъдӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон соли 2019 рӯх дод, ки дар натиҷаи он 2 нафар аз деҳаи Ворух ва 1 нафар аз деҳаи Хоҷаи Аъло ҷони худро аз даст дода буданд.

Охири моҳи апрели соли 2021 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон боз аз нав низоъ рӯх дод, ки дар он бештар аҳолии маҳаллӣ зарари моддию ҷонӣ диданд.

Низои охирин миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон рӯзи 27-уми январи соли ҷорӣ низ маҳз аз тарафи қирғизҳо рӯх дод. Як гурӯҳи шаҳрвандони ношинос аз қаламрави Қирғизистон дар ҳудуди 50 нафар аз сокинони шӯрои деҳаи Ақ-Сойи вилояти Бодканд мошини як шаҳрванди Тоҷикистонро дар болои пули назди рустои Хоҷаи Аъло иҷборан боздоштанд. Мошин ба деҳаи Сомониёни ноҳияи Исфара рег мекашонд. Ҳамааш аз партоби санг оғоз шуда, баъдан муноқиша ба тирпарронии мусаллаҳона табдил ёфт. Бояд қайд кард, ки дар низои мазкур ҷониби Қирғизистон аз силоҳи миномётӣ аз ҷумла зидди аҳолии осоишта истифода бурд. Ҳамчунин, ҳавопаймоҳои бесарнишини Қирғизистон ҳарими ҳавоии Тоҷикистонро вайрон карданд. Дар пайи ин муноқиша аз ҷониби Тоҷикистон 10 нафар захмӣ гардиданд, ки аз онҳо 6 нафар низомӣ ва 4 нафар сокинони мулкӣ мебошанд. Ҳамчунин, 2 нафари дигар фавтидаанд.

Хулоса, чи тавре ки мебинем, тамоми низоъҳои сарҳадие, ки миёни Тоҷикистону Қирғизистон рӯх додааст, сабабгор ва ташаббускори асосии он аҳолии Ҷумҳурии Қирғизистон мебошанд ва дар онҳо доимо мардуми тоҷик зарари зиёд дидааст. Дар баробари оне, ки ҳеҷ гоҳ ҷониби Тоҷикистон ба ҳудуди онҳо бо силоҳ ворид нашудааст, аммо мақомоти қудратии Қирғизистон мардуми бегуноҳи тоҷикро, ки ҳеҷ ҷинояте содир накардаанд, тавассути Интерпол ба кофтукови байналмилалӣ медиҳанд.

Раҷабзода А.Н. – ходими хурди илмии Пажӯҳишгоҳи равандҳои сиёсӣ, дипломатия ва масоили ҷаҳонишавии Академияи идоракунии давлатии назди Президент

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^