Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон
Информация к новости
  • Просмотров: 2166341
  • Автор: admin
  • Дата: 28-04-2016, 04:42
28-04-2016, 04:42

Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон

Бахш: Маълумот

Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон

 

Диёри Балҷувон - як гӯшаи офтобию биҳиштосои Тоҷикистони азиз мебошад. Балҷувон дар гузашта  яке  аз қадимтарин ва калонтарин вилоятҳо дар аморати Бухоро буд. Бозёфтҳои таърихшиносӣ дар  мавзеҳои  гуногуни ин диёри бостонӣ шаҳодат медиҳанд, ки ин сарзамин дар ҳудуди Бохтар дохил буд.  Дар  сарчашмаҳои қадима Бохтарро сарзамини 100 шаҳр ва маркази он Балхро модари шаҳрҳо  номидаанд.  Балҷувон, ки вориди ҳудудҳои Бохтар буд, аз ин лиҳоз дар байни олимону донишмандон дар  хусуси  пайдоиши этимологияи номи Балҷувон ақидаҳои ҳархела то ҳол маҳфуз мебошад. Ба ақидаи  муйсафедони  рӯзгордидаю донишмандони таҳҷоӣ, Балҷувон аз ду вожжа «Бале» ва «Ҷавон» бармеояд.  Яъне маънояш  Бале-ҷавон аст. Сайдаҳтам Юнусов, Ҷонибеки  Асрориён  дар  китоби  худ «Авроқи  рангини Кӯлоб» ва  корманди академияи улуми Тоҷикистон Ҷумъахон Алимӣ мутахассиси соҳаи луғатшиносӣ дар чунин ақидаанд, ки Балҷувон шакли вайроншудаи вожаи Балхиён аст. Балҷувон чун вилояти мустаъқил дар давраҳои бекигарии Сарахон(1856 - 1870) ба аморати Бухоро ҳамроҳ буда, ба воситаи дарёи Вахш бо Ҳисор ҳамсарҳад буд. Ба ҳайати бекигарии Балҷувон ҳудуди ноҳияҳои ҳозираи Данғара, Темурмалик, як қисми Восеъ, Ховалинг, Кангурт, Сари Хосор, Ҷорубқул ва Тутқавул дохил мешудаанд. Мувофиқи маълумоти сайёҳи рус Покатило  соли 1886 дар15 амлоки  бекигарии  Балҷувон 20  ҳазор хоҷагӣ мавҷуд буд, ки 60 ҳазор аҳолӣ дошт ва дар ибтидои асриXIX чун вилояти мустақил танга сикка мезад. Бо  бекҳои  Ҳисор,  Дарвоз  ва  Қаротегин  робитаи тиҷоратӣ дошта, ба бозорҳои он аз Туркистон, Ҳиндустон, Афғонистон ва Россия маҳсулот оварда мешуд.

Аз  солҳои 1870 то1901 бештар  аз 15 экспедитияҳои татқиқотӣ  барои  муайян  намудани  металҳои  қимматбаҳои Хатлонзамин  ташкил  карда  шуда  буд.  Экспедитсияи татқиқотчиён муайян карданд, ки дар ин вилоят на танҳо тилло, нуқра ва мисс балки боз конҳои ангиштсанг, сурб, намак, курғошим, нафту газ маҳфуз аст. Аз 20 марти соли 1921 дар Балҷувон Ҳукумати Шӯравӣ барқарор карда шуда буд. Дар  байни  ноҳияҳои  Хатлонзамин,  Балҷувон  яке  аз ноҳияҳои аввалин ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз 23 ноябри соли 1930 он ҳамчун ноҳия таъсис ёфта буд. Он вақт бо Фармони Презедиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон деҳшӯроҳои зерин ба ҳайати ноҳияи Балҷувон шомил гардида буданд: Балҷувон, Саталмуш, Садайбарда, Дараи  Калот, Хам, Дашти  Гулҳо,  Дектур, Афардӣ, Дошмандӣ ва Хазлаат. Дар ҳудуди ноҳия 260 деҳаҳои аҳолинишин мавҷуд будааст. Аз ин шумора дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7696 нафар ба фронт рафта аст, ки аксарияти онҳо дар ҷанг шаҳид гаштаанд. Аз ин сар-замини  кӯчаки  Балҷувон  сазовори  номи  Олии  Қаҳрамони иттиҳоди Шуравӣ шудани 3 нафар фарзандони ҷигарбанди он Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов ва Сафар Амиршоев корнамоии фаромушнашуданист.  Бояд  иқрор  шуд,  ки  дар  шароити  имрӯза  дар  бисёр соҳаҳо  мушкилоту  монеаҳои  зиёд  садди  комёбиву пешравиҳоямон  мегарданд.  Ҳанӯз  бисёр  масъалаҳои ҳалталабе  ҳастанд,  ки  аз  сабаби  маҳдуд  будани  вазъи иқтисодиву молиявӣ ҳалли онҳо гаронӣ мекунад. Таҳлили  аниқу  нуқтасанҷона  ва  омӯхтани  имконоту шароитҳои мусоиди минтақа моро водор месозад, ки барои рушду  пешрафти  ноҳия  қадамҳои  устувор  гузорем.

Аз захираҳои табиӣ ва шароиту иқлими мусоиди ин минтақа ба хубӣ  метавон  натиҷагириву  хулоса  баровард,  ки  ноҳияи Балҷувонро ояндаи хеле дурахшон аст. Ба  ҳайси  Раиси  ноҳия  аз  таҳияи «Барномаи  рушди ноҳия  барои  солҳои 2009-2011»  изҳори  мамнунияту сарфарозӣ  баён  менамоям  ва  хурсанд  аз  онам,  ки  нияту ормонҳои чандинсолаи банда ва тамоми сокинони ин диёри кӯҳистон амалӣ мегарданд. Барои татбиқи пурраи ҳадафу вазифаҳои дар Барнома зикрёфта корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур аст. Аз ин нуқтаи  назар,  вазифаи  аввалиндараҷаи  ҳамаи  сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳар як соки-ни он дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур мебошад. Ҳамзамон  мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти  давлатии ноҳия ҷиҳати расидан ба нияту ҳадафҳои Барнома омодааст бо  ҳамаи  ташкилоту созмонҳои  дохиливу  хориҷӣ, ки  дар татбиқи  ин  ҳуҷҷат  мехоҳанд  саҳмгузорӣ  намоянд,  дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ қарор гирад. Иқдоме,  ки  Вазорати  рушди  иқтисод  ва  савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар  Барномаи  рушди  ноҳия  пеш  гирифта, бо Шӯрои  рушди  ноҳияи  Балҷувон, ҷамоатҳои деҳот, марказҳои  дастгирии ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия  ҳамкорӣ  намуда,  ин  Барномаро  тарҳрезӣ  кардаанд, арзи сипос менамоям. Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки барои тарҳрезии ин Барномаи муҳим ва бомаврид саҳми худро гузоштаанд, миннатдории худро иброз медорам.

Боварии комил дорам, ки мо ҳарчӣ зудтар ба мақсаду вазифаҳои  гузоштамон  мерасем  ва  дар  рушду  нумӯи  пешрафти як порча хоки муқаддаси кишвари аҷдодии худ нақши босазое мегузорем.

Ба ҳамаи Шумо хонаободӣ ва расидан ба мақсадҳои ниҳоиро хоҳонам!

 

 

Раиси ноҳияи Балҷувон 

 Б.Сафарзода

 

 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^