Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343
Главная > Маълумот > Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон
Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон28-04-2016, 04:42. Разместил: admin |
Сухани ифтитоҳии раиси ноҳияи Балҷувон
Аз солҳои 1870 то1901 бештар аз 15 экспедитияҳои татқиқотӣ барои муайян намудани металҳои қимматбаҳои Хатлонзамин ташкил карда шуда буд. Экспедитсияи татқиқотчиён муайян карданд, ки дар ин вилоят на танҳо тилло, нуқра ва мисс балки боз конҳои ангиштсанг, сурб, намак, курғошим, нафту газ маҳфуз аст. Аз 20 марти соли 1921 дар Балҷувон Ҳукумати Шӯравӣ барқарор карда шуда буд. Дар байни ноҳияҳои Хатлонзамин, Балҷувон яке аз ноҳияҳои аввалин ба ҳисоб меравад, ки ҳанӯз 23 ноябри соли 1930 он ҳамчун ноҳия таъсис ёфта буд. Он вақт бо Фармони Презедиуми Шӯрои Олии Тоҷикистон деҳшӯроҳои зерин ба ҳайати ноҳияи Балҷувон шомил гардида буданд: Балҷувон, Саталмуш, Садайбарда, Дараи Калот, Хам, Дашти Гулҳо, Дектур, Афардӣ, Дошмандӣ ва Хазлаат. Дар ҳудуди ноҳия 260 деҳаҳои аҳолинишин мавҷуд будааст. Аз ин шумора дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 7696 нафар ба фронт рафта аст, ки аксарияти онҳо дар ҷанг шаҳид гаштаанд. Аз ин сар-замини кӯчаки Балҷувон сазовори номи Олии Қаҳрамони иттиҳоди Шуравӣ шудани 3 нафар фарзандони ҷигарбанди он Саидқул Турдиев, Исмат Шарипов ва Сафар Амиршоев корнамоии фаромушнашуданист. Бояд иқрор шуд, ки дар шароити имрӯза дар бисёр соҳаҳо мушкилоту монеаҳои зиёд садди комёбиву пешравиҳоямон мегарданд. Ҳанӯз бисёр масъалаҳои ҳалталабе ҳастанд, ки аз сабаби маҳдуд будани вазъи иқтисодиву молиявӣ ҳалли онҳо гаронӣ мекунад. Таҳлили аниқу нуқтасанҷона ва омӯхтани имконоту шароитҳои мусоиди минтақа моро водор месозад, ки барои рушду пешрафти ноҳия қадамҳои устувор гузорем. Аз захираҳои табиӣ ва шароиту иқлими мусоиди ин минтақа ба хубӣ метавон натиҷагириву хулоса баровард, ки ноҳияи Балҷувонро ояндаи хеле дурахшон аст. Ба ҳайси Раиси ноҳия аз таҳияи «Барномаи рушди ноҳия барои солҳои 2009-2011» изҳори мамнунияту сарфарозӣ баён менамоям ва хурсанд аз онам, ки нияту ормонҳои чандинсолаи банда ва тамоми сокинони ин диёри кӯҳистон амалӣ мегарданд. Барои татбиқи пурраи ҳадафу вазифаҳои дар Барнома зикрёфта корҳои зиёдеро ба сомон расонидан зарур аст. Аз ин нуқтаи назар, вазифаи аввалиндараҷаи ҳамаи сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳар як соки-ни он дар амал татбиқ намудани Барномаи мазкур мебошад. Ҳамзамон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати расидан ба нияту ҳадафҳои Барнома омодааст бо ҳамаи ташкилоту созмонҳои дохиливу хориҷӣ, ки дар татбиқи ин ҳуҷҷат мехоҳанд саҳмгузорӣ намоянд, дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ қарор гирад. Иқдоме, ки Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид дар Барномаи рушди ноҳия пеш гирифта, бо Шӯрои рушди ноҳияи Балҷувон, ҷамоатҳои деҳот, марказҳои дастгирии ҷамоатҳо ва ташкилоту муассисаҳои ноҳия ҳамкорӣ намуда, ин Барномаро тарҳрезӣ кардаанд, арзи сипос менамоям. Ҳамчунин ба ҳамаи онҳое, ки барои тарҳрезии ин Барномаи муҳим ва бомаврид саҳми худро гузоштаанд, миннатдории худро иброз медорам. Боварии комил дорам, ки мо ҳарчӣ зудтар ба мақсаду вазифаҳои гузоштамон мерасем ва дар рушду нумӯи пешрафти як порча хоки муқаддаси кишвари аҷдодии худ нақши босазое мегузорем. Ба ҳамаи Шумо хонаободӣ ва расидан ба мақсадҳои ниҳоиро хоҳонам!
Раиси ноҳияи Балҷувон Б.Сафарзода
Вернуться назад |