Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Маълумот оиди нохия » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » Маълумот оиди нохия
Информация к новости
  • Просмотров: 4806
  • Автор: admin
  • Дата: 28-04-2016, 04:41
28-04-2016, 04:41

Маълумот оиди нохия

Бахш: Маълумот

 

П е ш г у ф т о р

 

   Барномаи мазкур аз тарафи Шӯрои рушди ноҳия дар асоси таҳлили  вазъи кунунии ноҳия ва соҳаҳои афзалиятноки рушди ноҳия ва он мушкилоте, ки дар натиҷаи  омӯзиш  ва муайянкунӣ ба даст омада, ҳамоҳанг бо санадҳои стратегӣ аз қабили Стратегияи миллии рушд, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва Ҳадафҳои рушди ҳазорсола мебошанд, тартиб дода шудааст. Дар он самтҳои афзалиятноки  байнисоҳавӣ  ва дохилисоҳавии рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳия дар давраи банақшагирифташуда, тамоми  паҳлӯҳои масъалаҳои рушди  ноҳия,  усулҳо  ва  ҳадафҳои  ҳамкорӣ  бо тамоми тарафҳои дахлдор, самтҳои барномавии баланд бардоштани маҳорати касбӣ ва донишҳои ташкилотҳои сатҳи ноҳиявӣ, муқаррар намудани маблағҳои умумии барнома, воситаҳои молиявии мавҷуда ва норасоӣ (бо нишон додани манбаъҳо) ва ҳамчунин масъалаҳои МваА-и БРН пешниҳод шудаанд.

Таҳияи Барномаи рушди ноҳия амалҳои зеринро дар бар мегирад:

•Ташкили гурӯҳи ташаббускор барои муайян намудани ҳадафҳои асосии рушди деҳоти ноҳияи Балҷувон

•Таъсиси гурӯҳи корӣ барои таҳияи БРН ва гурӯҳои секторӣ дар доираи ҳадафҳои асосии муайяшуда;

•Таҳлили  ҳолати  кунунӣ  ва  муайян  намудани мушкилиҳои  асосии  соҳаҳои  афзалиятноки  рушди ноҳия;

•Омӯзиши якҷояи мушкилиҳои афзалиятдоштаи деҳот ва ноҳияи Балҷувон;

•Муайян намудани афзалиятнокии самтҳои рушди соҳа, лоиҳаҳои  рушди деҳот ва манбаъҳои маблағгузории онҳо;

•Таъсиси гурӯҳи мониторинг ва арзёбии ноҳия барои муайян сохтани  индикаторҳои иҷроиш ва таҳлили ояндаи пешравӣ дар татбиқи БРН;

•Муҳокимаи барномаи таҳияшуда дар доираи кушоди мутахассисон, аз ҷумла бо иштироки шаҳрвандон.

Ҳангоми  таҳияи  ин  ҳуҷҷат аз ҷумла аз тадқиқоти иқтисодӣ–иҷтимоии ноҳия ва натиҷаҳои татбиқи системаи кортҳои ҳисоботии шаҳрвандон оид ба сифати хизматрасоние  истифода  шудааст,  ки  аз  тарафи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шуданд. Дар таҳияи барнома иштироки васеи намояндагони соҳаҳои гуногун таъмин гардида, дар он афзалиятҳои асосии рушд, ки пешниҳодхои аҳолӣ мебошанд, дарҷ гардидааст.

Барномаи мазкур миёнамӯҳлат буда, ҳар се сол як маротиба таҳия меёбад, соле як маротиба барои инъикос намудани тағйироту иловаҳо дар пешравии сатҳи ноҳия баъд аз ба ҷо овардани мониторинги солона баррасӣ мегардад.

Дар БРН лоиҳаҳои афазлиятноки воридгардида аз рӯи хусусияти маблағгузориашон ба ду қисм тақсим карда мешаванд.

1.  Лоиҳаҳои маблағгузорашон муайяншуда;

2.  Лоиҳаҳои ба маблағгузорӣ эҳтиёҷдошта.  

 

 

Ҳолати умумӣ ва таҳлили вазъи воқеии ноҳияи  Балҷувон

 

Балҷувон 23 ноябри соли 1930 ҳамчун ноҳия ташкил ёфта, дар ҳудудаш 8 деҳшуроҳо ва 220 деҳа дохил буданд. 15 ноябри соли 1954 ноҳия барҳам дода шуда, як қисмаш ба ноҳияи Темурмалик ва дигараш ба ноҳияи Ховалинг мансуб шуданд. 2 феврали соли 1996 ноҳияи Балҷувон бо маркази маъмурияш дар деҳаи Балҷувон аз нав таъсис дода шудааст. 

Балҷувон дар қисмати шимолу шарқии Ҷумҳурии  Тоҷикистон ҷойгир буда,  аз  шимол бо ноҳияи  Нуробод, аз ғарб бо шаҳрҳои Роғун, Норак ва ноҳияи Файзобод,  аз шарқ ба ноҳияи Ховалинг ва шаҳри Кӯлоб, аз ҷануб ба ноҳияҳои Темурмалик ва Восеъи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамсарҳад мебошад. Ноҳия аз маркази ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе дар масофаи 175 км ва аз маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа дар масофаи 127 км ҷойгир аст.

Масоҳати ноҳия 1327 км2 буда,  97 фоизашро кӯҳҳо фаро гирифтаанд.  Релефи Балҷувон кӯҳсор буда, ҳудуди ноҳияро аз ғарбу шимол  як қаторкӯҳ бурида мегузарад. Дар ҳудуди ноҳия дарёҳои Сурхоб Тира, Оби-Мазор, Талхак, Қирқсой ва 200 чашмаҳои шифобахш мавҷуданд.

Кӯҳистони Балҷувон хазинаи бебаҳои сарватҳои табиӣ аст. Кормандони Экспедитсияи иктишофи геологӣ дар минтақа теъдоди зиёди конҳои  ангиштсанг,  нафт, газ, рух, сурб, кашф гардидаанд, ки  аҳамияти калони иқтисодӣ доранд. Аз канданиҳои фоиданок, ки аҳамияти энергетикӣ дар ҳудуди Балҷувон конҳои ангиштсанг ва сурб ба қайд гирифта шудааст.  Дар заминаи ин ҷустуҷӯйҳо барои коркарди маъдани тилло  мавҷуд аст. Дар сурати ҷалби сармоя ва ҳамкорӣ бо шарикони хориҷӣ  бо истифода аз захираҳои фаровони кашфшудаи маъданҳои гуногун корхонаҳои коркард бунёд намуда, ба ин васила ҳам барои мардум ҷойҳои нави корӣ муҳайё намуда, ба кам шудани сатҳи камбизоатӣ таъсири ҷиддӣ расонидан мумкин аст.

Балҷувон аз растаниҳои муфид ғанӣ аст. 145 навъи растаниҳои дорувор, 47 навъи растании асаловар, 107 навъи растании ғизоӣ, 118 растании дорои равғани эфир сабт шудааст.

Олами ҳайвоноти ноҳия ҳам гуногун буда, аз водиҳо то минтақаи кӯҳҳои баланд паҳн гардидаанд. Дар ин ҷо бузи кӯҳӣ, гург, қутос, хирс, хуки ёбоӣ, ҷайра, рӯбоҳ,барс, гавазн, заргӯш, морҳои обӣ, гурза, калтакалос, аз паррандагон кабки ҳилол, кабки дарӣ, гунҷишк, кабутар, турна, қарроғ, зарғов, булбул ва  ғайра дучор мешаванд.

Мавқеи ҷуғрофӣ, мавҷудияти чашмаҳои гуногуни шифобахш ва мероси бойи таърихию фарҳангӣ ин ноҳияро дар нақшаи дурнамо барои сайёҳати тамоми гушаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди сайёҳати экологӣ  имконият фароҳам меоварад. Дар ноҳия манбаҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ мавҷуд аст, ки онро 190 чашма, рудҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Руи об, Шаршараи Пушти Боғ,Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов,Чашмаи шифобахши Оби гугирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Қалъанак, Чашмаи Булғурӣ,Чашмаи Оби Гӯр, Чашмаи Оби шулук,Чашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимчуссаи Шинг (деҳаи Шингидара),Чувоз Чинор (деҳаи Даштарҳо) ва ғайраҳо дарбар мегиранд.

Мавзеъҳои туристии ноҳия ин қалъаи Мир (мутаалиқ ба асрҳои XVI-XIX), қалъаи Чорбоғ  (асри миёна), қалъаи Тупхона (асрҳои I-и пеш аз мелод то 6-и мелодӣ), қалъаи Дектур (асрҳои XVIII-XIX), қалъаи Турк (асрҳои XII-XIII), қалъаи Чаноро, қалъаи Ҷавгони, қалъаи Додӣ, бошишгоҳои даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон мебошанд.

Барои рушди туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон шӯъбаи туризм, Маркази туризм, алпинизм ва шикори хориҷӣ "Сари Хосор",  Муассисаи давлатии "Маркази рушди сайру сайёҳати Балхиён" ва Намояндагии туристии ноҳияи Балҷувон дар шаҳри Душанбе таъсис дода шудааст.

 

Ноҳияи Балҷувон дорои 104 деҳа, ҷойгир дар 5 ҷамоати деҳоти Балчувон, Тоҷикистон, Сайф Раҳим, Сафар Амиршоев ва Сари Хосор мебошад.

Маълумот оиди нохия

 

1.Ҷамоати деҳоти  Балҷувон (21 деҳа -  5138 нафар аҳолӣ)

2.Ҷамоати деҳоти Тоҷикистон (6 деҳа – 5189 нафар аҳолӣ)

3.Ҷамоати деҳоти С.Амиршоев (24 деҳа – 4785 нафар аҳолӣ)

4. Ҷамоати деҳоти С.Раҳим (18 деҳа – 7305 нафар аҳолӣ)

5.Ҷамоати деҳоти Сари Хосор (35 деҳа 6021 нафар аҳолӣ)

 

Ба ҳолати 1 январи соли 2015 аҳолии ноҳияи Балҷувон 28438 нафарро ташкил дода, аз ин 14637 нафар мардҳо (51,4%) ва 13801нафар занҳо (48,6%)  мебошад. Зичии аҳолии ноҳия 21,4 нафар дар 1км2 ташкил медиҳад. Ноҳия аз рӯи хусусияташ аграрӣ  буда, 100% аҳолӣ дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Ҳайати иҷтимоии аҳолии ноҳияро 99,7% тоҷикон  ва 0.3% дигар миллатҳо (русҳо, узбекон ва ғ.) ташкил медиҳанд.

 

 

 

Шумораи аҳолии муқимии ноҳияи  Балҷувони вилояти Хатлон

Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар охири сол, ҳ.нафар)

 

Номгуй

Соли 2011

Соли 2012

Соли 2013

Соли 2014

 

Ҳамагӣ

мард

зан

Ҳамагӣ

мард

зан

Ҳамагӣ

мард

зан

Ҳамагӣ 

мард

зан

Ҳамаги аҳолӣ

26,8

13,5

13,3

27,9

14,2

13,7

28,3

14,5

13,8

28,4

14,6

13,8

Аҳолии деҳот

26,8

13,5

13,3

27,9

14,2

13,7

28,3

14,5

13,8

28,4

14,6

13,8

 

Дар солҳои 2013-2014 зиёдшавии шумораи аҳолӣ ба ҳисоби миёна 0,3 фоизро ташкил медиҳад, ки ба ташаккули бозори меҳнат таъсири бевосита мерасонад. Аз шумораи умумии аҳолӣ  50,3 фоизашон захираҳои меҳнатиро ташкил медиҳанд. Яке аз мушкилоте, ки дар ин самт ба назар мерасад, ин сол то сол зиёдшавии шумораи аҳолии қобили меҳнати бешуғл(дар ҳамаи табақаҳо) ба ҳисоб меравад. Аҳолии қобили меҳнати бешуғл дар соли 2014  36,3 %-и захираҳои меҳнатиро ташкил дода, 12,2-%-и он дар муҳоҷирати меҳнатии  беруна қарор доранд ва танҳо  51,3% - и он ба бозори дохили ворид шудааст.

Дар ноҳия 2 корхонаи саноатӣ (коркарди нафту газ), 11 ташкилоти сохтмонӣ (2 давлатӣ ва 9 хусусӣ),   1 корхонаи таъмири роҳҳо, 286 хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва 18 кооперативҳои истеҳсолӣ, 45 муассисаҳои таълимӣ, 16 муассисаҳои фарҳангӣ, 27 муассисаҳои тандурустӣ ва 1 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд.

Ноҳияи Балҷувон аз қабили он минтақаҳои ҷумҳурист, ки аз сатҳҳои дигари буҷетӣ  кӯмаки молиявӣ  (субвенсия) мегирад.  Дар тӯли се соли сипаригашта ноҳия аз буҷети вилояти Хатлон ба ҳисоби миёна 70,1 фоизи даромади буҷети маҳаллиро пурра намудааст, ки ин нишондиҳанда дар соли 2014 ба 70.8% расидааст. Яъне қариб бе тағйир мондааст

Ноҳияи минтақаи аграрӣ ба шумор меравад. Хоҷагии қишлоқ соҳаи асосии пешбурди иқтисодиёт мебошад ва дар ҳаёти иқтисодии ноҳия нақши аввалиндараҷаро мебозад. Дар соҳаи хоҷагии қишлоқ қисми асосии аҳолии қобили меҳнат фаъолият мекунад. Бахшҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия чорводорӣ, растанипарварӣ, боғдорӣ  ва занбӯриасалпарварӣ мебошанд. Дар  ноҳияи Балҷувон, ки дорои 4440 га заминҳои кишоварзӣ, аз ҷумла 68 га обӣ  мебошад, ки барои парвариши картошкаю сабзавот, меваю ангур, ғалла, аз ҷумла шароити махсус гардонидани ноҳия ба соҳаи чорводорӣ  ва ба роҳ мондани коркарди он ноҳия имконият дорад, ки тамоми минтақаи Кӯлоб ва дигар минтақаҳои ҳамсояро ба маҳсулоти ширӣ  таъмин намояд.

Омили дигаре, ки ба сатҳи камбизоатӣ таъсири манфӣ мерасонад, сатҳӣ нокифояи муайянкунии бемориҳо дар деҳот аст. Ҳарчанд шабакаи муассисаҳои табобатӣ  саросари  ноҳияро фаро гирифтааст, ҳанӯз садҳо нафар ба ноҳияҳои ҳамсоя, маркази вилояту ҷумҳурӣ барои ташхису табобат мераванд. Яке аз мушкилотҳои асосие, ки дар соҳаи тибби ноҳия ба назар мерасад ин афзудани  шумораи нобудшавии кӯдакони то синни 1 сола ба ҳисоб меравад. Дар тӯли се сол  коэффитсиенти фавти кӯдакони то синни 1 сола ба 1000 нафар навзоди зинда таваллудшуда 2,5% афзудааст.

Дар соҳаи маорифи ноҳияи Балҷувон айни замон 1 муассисаи томактабӣ, 44 муассисаи таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла 21 муассисаи таҳсилоти умумии ибтидоӣ, 11 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 12 муассисаи таҳсилоти умумии асосӣ, 1- гимназия  ва 1 гурӯҳи мақсадноки филиали омӯзишгоҳи тиббии ноҳияи Данғара дар ноҳияи Балҷувон фаъолият мекунад. Мушкилоти аввалиндараҷаи ин соҳа аз хонаҳои шахсӣ  баровардани 5 филиали муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва азнавсозии 3 муассисаи дар ҳолати садамавӣ буда иборат мебошад. Аз шумораи умумии омӯзгорон дар соли 2014 -167 нафарашон дорои маълумоти олӣ, 46 нафарашон дорои маълумоти олии нопурра, 77 нафар дорои  маълумоти миёнаи махсус ва 100 нафар дорои маълумоти миёнаи умумӣ  мебошанд. Дар ноҳия 54 нафар омӯзгорони маълумоти олидор намерасад, ки асосан мактабҳо ба муаллимони фанҳои  математика, забонҳои русию англисӣ, биология, география ва технологияи информатсионӣ ниёз доранд.

Ноҳияи Балҷувон аз сарчашмаҳои обҳои зеризаминӣ хело бой бошад ҳам, вале мутаасифона ин неъмати бебаҳо на ба ҳама дастрас мебошад. Деҳаҳое  мавҷуданд, ки аз норасоии оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд. Шумораи аҳолии бо оби нӯшокӣ дастрас набуда 48,6%-и аҳолии ноҳияро ташкил медиҳад. Яке аз мушкилотҳои асосие, ки дар ноҳия ба назар мерасад ин пардохт нагардидани ҳаққи истифодаи об мебошад.      Маблағ барои таъмир ва нигоҳубинӣ хатҳои оби нӯшокӣ сари вақт ҷамъ оварда намешавад ва ҳангоми аз кор баромадан ва фарсуда шудани иншоотҳо барои таъмири онҳо дарёфт намудани сармоя мушкил мегардад.

Дар ҳудуди ҷамоатҳои  деҳоти ноҳияи Балҷувон зиёда аз 30 деҳаҳои хурду калон (зиёда аз 300 хоҷагӣ),  бунёд шудаанд, ки бо барқ таъмин намебошанд. Ин деҳаҳо асосан аз маркази ноҳия дар масофаи 20 то 70 км дур ҷойгир шуданд. Дар ҳудуди ҷамоати Сари-Хосор 16 деҳаҳои нав бунёдшуда (аз 5 то 20 оӣла доранд) шароити хуб барои сохтани  НОБ-ҳои хурдро дорад, вале набудани маблағи зарурӣ ба ин монеагӣ мерасонад. Ҳамзамон азнавсозии  ХИБ 04-10 кВт  ва кашонидани хатти интиқоли барқ аз деҳаи Даштаро то деҳаи Мулоконӣ зарурият дорад, зеро қисми зиёди деҳаҳо тавассути он бо барқ  таъмин карда мешаванд. Мувофиқи қарори ҲҶТ аз 3.07.02. № 276  «Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012» сохтмони хати интиқоли барқ дар деҳаҳои Шаидон, Пештова, Пушти Боғ, Мулкон ва Хуҷахитобонӣ тулӣ  солҳои 2005-2012 дар ҳаҷми 1712 ҳазор сомонӣ  аз ҳисоби буҷет пешбини шуда буд.

Бо мақсади таъмин намудани аҳолии ноҳия бо қувваи барқ дар солҳои 2009-2011 сохтмони неругоҳи хурди барқии «Ҳорма» (360 кВт), НОБ-и «Пештова-1» (55 кВт),  НБО-и «Пушти боғ» (500 кВт),  силсилаи НБО-и «Балҷувон» (100 кВт) ба нақша гирифта шудааст. Дар сурати ба истифода додани неругоҳҳо таъмини барқ барои сокинони деҳаҳои номбурда беҳтар хоҳад шуд.

Сохтмон барои ноҳияи Балҷувон соҳаи муҳим ба шумор рафта, дар бунёду барқарорсозии ноҳия мавқеи хосаро ишғол менамояд. Хусусияти хоси ноҳия дар қиёс ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ  дар он аст, ки ноҳия навтаъсис буда, дар маркази ноҳия бунёди биноҳои маъмурӣ, маишию маданӣ ва хонаҳои истиқоматии барои аҳолӣ идома дорад.

Дар ноҳия 59,3 км роҳҳо мавҷуд мебошад, ки аз он 44,7 км роҳҳои аҳамияти ҷумҳуриявӣ  ва 14,6 км аҳамияти маҳаллӣ доранд. Дар ноҳия сохтмони роҳҳои дохилии  аз маркази ноҳия то ҷамоати Сари-Хосор зарурият дорад, ки ин роҳ метавонад алоқаи доимии маркази ноҳияро ба деҳаҳои дурдаст ва ташрифи зиёди туристонро ба мавзеъҳои таърихӣ таъмин намояд. Умуман роҳҳои ноҳия ба меъёрҳои роҳсозӣ ҷавобгӯ   нестанд ва аз соли таъсиси ноҳия то ба имрӯз ягон маротиба таъмири капиталӣ  нагардидаанд.

Дар Балҷувон солҳои Иттиҳоди шуравӣ парвози ҳавопаймоҳо мавҷуд буд. Фурудгоҳ  дар деҳаи Боғи зоғон  амал   мекард, ки ҳавопаймоҳоро аз Кӯлоб, Ховалинг ва Душанбе  қабул мекард. Ҳоло ин фурудгоҳ барҳам хурдааст.

Бахши Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷиктелеком»- и ноҳияи Балҷувон  яке аз корхонаҳои бонуфузи алоқаи ноҳия маҳсуб меёбад. Як пойгоҳи рақамии дорои 500 рақам дар маркази ноҳия, як адад ДАМА дорои  4 рақам дар ҷамоати деҳоти Сари Хосор ва нуқтаи гуфтугӯи байнишаҳрӣ ба мардуми ноҳия хизмат мерасонанд.  Хизматрасони корхона ба муштариён сол аз сол зиёд шуда бошад ҳам, вале дар баъзе ҷамоатҳо то ҳол хатҳои телефонӣ  вуҷуд надорад. Аз ҷумла, дар ҷамоатҳои  Сари-Хосор (45 км), Сафар Амиршоев  (20 км), Сайф Раҳим  (25 км) ва Тоҷикистон (15 км) хатҳои итиқоли телефони вуҷуд надоранд. Сокинони ноҳия инчунин аз шабакаҳои мобилии  «Индиго», «Вавилон», «МЛТ», «Билайн» ва «ТК-Мобайл» истифода мебаранд.

Дар қаламрави ноҳия барномаҳои телевизионии Шабакаи якуми, ТВ Сафина, ТВ Баҳористон ва ТВҶаҳоннамо пахш карда мешаванд.

Дар ноҳия рӯзномаи «Навиди Балҷувон» нашр мешавад, ки нашрияи мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон буда, бо теъдоди  1000 нусха (моҳе ду маротиба) чоп мешавад.

 

 

 

 

<
махмад

29 октября 2016 08:59

Информация к комментарию
  • Группа: Гости
  • ICQ:
  • Регистрация: --
  • Статус:
  • Публикаций: 0
  • Комментариев: 0

хамаш хуб

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^