Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/comments.class.php on line 205 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Соҳаи туризм » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 3534446
  • Автор: admin
  • Дата: 20-05-2016, 08:50
20-05-2016, 08:50

Соҳаи туризм

Бахш: Javonon

СОҲАИ ТУРИЗМ

Туризм ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушд эътироф гаштааст.  Мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҷойгиршавии ноҳия ва обу ҳавои тоза аз сабаби набудани корхонаҳои саноатӣ ва чашмаҳои гуногуни шифобахш ин ноҳияро дар нақшаи дурнамо барои сайёҳати тамоми гушаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди сайёҳати экологӣ имконият фароҳам меоварад. Рушди соҳаи туризм замина ва имкониятҳои муфидро баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳия мусоидат карда метавонад. Инчунин рушди соҳаи мазкур барои ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ноҳияи Балҷувон табияти басо зебою нотакрор ва мавзеҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахшаш дорад, ки метавонанд барои инкишофи соҳаи туризм дар ноҳия истифода шаванд.  Бахусус инкишофи соҳаи туризми экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, фарҳангӣ ва дигар намудҳо  барои ноҳия хос мебошанд. Барои туризми экологӣ – фарҳангӣ хатсайрҳои аз 2 то 10 рӯза муайян шудааст.    

Соҳаи туризмДар ноҳия манбаҳои зиёди неъмати бебаҳои табиӣ мавҷудаст, ки онро 200 чашма, рудҳои Дашти Ангора, Дароз Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Руи об, дарёхои Сурхоб Тира,Оби-Мазор,Талхак, Шаршараи Пушти Боғ,Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов,Чашмаи шифобахши Оби гугирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Ќалъанақ, Чашмаи Булғурӣ,Чашмаи Оби Гӯр, Чашмаи Оби шулук,Чашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимчуссаи Шинг (дехаи Шингидара),Чувоз Чинор (дехаи Даштархо) ва ғайраҳо мебошанд. Дар базаи ин таъсис додани туризм дар асоси иштироки ҷомеа хело муфид аст. Дар ин ҷо назорати асоси ба дӯши ҷомеаи маҳаллӣ таалуқ дошта, барои рушд ва идоракунии он, худи онҳо ҷалб карда шуда, қисми зиёди даромад бошад дар дохили худи ҷомеа нигоҳ дошта мешавад.

Барои рушди мибаъдаи туризм дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон шӯъбаи туризм, Маркази туризм, алпинизм ва шикори хориҷӣ "Сари Хосор",  Муассисаи давлатии "Маркази рушди сайру сайёҳати Балхиён" ва Намояндагии туристии нохияи Балчувон дар шахри Душанбе таъсис дода шудааст.

Воқеъан ҳам ноҳияи Балҷувон мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва дорои захираҳои табиию рекреатсионие мебошад, ки барои рушди туризми дохилӣ ва қабули саёҳони хориҷӣ мусоидат менамоянд. Омилҳои зикршударо ба инобат гирифта, соҳаи туризми ноҳия самти афзалиятноки маҳсуб мешавад. Ҷиҳати рушди ин соҳа аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори махсус аз 3 июли соли 2002 таҳти № 276 «Дар бораи Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтакаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012» қабул гардидааст. Барномаи мазкур стратегия, самтҳои асосӣ, афзалятҳо, вазифаҳо ва механизмҳои татбиқи сиёсати давлатро роҷеъ ба туризм дар сатҳи минтақавӣ дар давраи дарозмӯҳлат муайян менамояд.

Соҳаи сайёҳӣ яке аз соҳаҳои даромаднок маҳсуб ёфта, давлатҳои мутараққӣ аз ин ҳисоб маблағҳои зиёде ба даст меоранд ва барои рушди иқтисодиёти мамлакаташон пурсамар истифода мебаранд. Ноҳияи Балҷувон дар қатори дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нисбати рушди соҳаи сайёҳӣ имкониятҳои хело калон дорад ва ин имкониятҳо дар давоми солҳои охир шумораи зиёди сайёҳони хориҷиро аз мамоликҳои гуногуни ҷаҳон ҷалб карда истодаанд. Масалан агар солҳои охирро ҷиҳати натиҷабардорӣ қарор диҳем, шумораи сайёҳони хориҷӣ нисбати солҳои пешин якчанд маротиба афзудааст ва ин нишондод раванди афзоиш дорад. Соли 2014 ба ноҳияи Балҷувон аз давлатҳои Олмон, Испания, Франсия, Австрия, Россия ва дигар кишварҳо 74 нафар ва дар соли 2015 низ 80 нафар дохил шудаанд, ки  шумораи сайёҳони воридшуда нисбати солҳои 2012-2013 40 нафар зиёд мебошад.

Соҳаи туризмНоҳия дорои мавзеъҳои туристӣ буда, рушди соҳаи туризмро тақозо менамояд. Мавзеъҳои туристии ноҳия ин қалъаи Мир мутаалиқ ба (асрҳои XVI-XIX), қалъаи Чорбоғ (асри миёна), қалъаи Тупхона (асрҳои I-и пеш аз мелод то 6-и мелодӣ), қалъаи Дектур (асрҳои XVIII-XIX), қалъаи Турк (асрҳои XII-XIII), қалъаи Чаноро, қалъаи Чавгонӣ, қалъаи Додӣ, бошишгоҳҳои даври асри сангин дар деҳаҳои Файзобод, Шаҳидӣ, Бобохон  Ҷимбулоқ ва мақбараю оромгоҳи орифон мебошанд. 

 

Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ (Заробӣ). Шайх Неъматуллоҳи Кирмонӣ дар ҷаҳони илму маърифат бо номҳои Шоҳ Неъматуллоҳи Валӣ, Шайх Сайидшоҳ Неъматуллоҳи Кирмонӣ ва Шоҳ Неъматуллоҳи Зарробӣ маълуму машҳураст. Ному насаби пурраи олим, шоир ва мутафаккир Сайид Нуриддин Неъматуллоҳ бинни  Абдуллоҳ буда, яке аз барҷастатарин чеҳраҳои муқаддаси руҳонияти ислом мебошад. Аксари муҳаққиқони ватанию хориҷӣ санаи валодати ӯро тақрибан ба соли 1329 ба қалам додаанд.  

Дар аксари манбаҳо омадааст, ки алломаи улуми "Ќуръонӣ" ва пешвои ҷамоаи бонуфӯз 103-сол умр дида, соли 1431-и мелодӣ аз олам даргузаштаст. Оромгоҳи ин марди фозил соли 2000 бо дастгирии  ширкати "Самар" ва мусоидати мардони саховатманд аз сари нав пурра таъмиру тармим гардид.  Соҳаи туризм

 

Осорхонаҳо. Осорхонаи мардумии ноҳияи Балҷувон соли 1979 таъсис дода шудааст. Осорхонаи мардуми ноҳия дорои 3140-нигораҳои даврони гуногун гирд оварда шудааст. Бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар соли 2011 осорхонаи таърихию кишваршиноси дар деҳаи Шаидони ҷамоати деҳоти Сари Хосор ва осорхонаи таърихи ҶБВ ба номи қаҳрамони иттиҳоди шуравӣ С.Турдиев дар деҳаи Хонаободи ҷамоати деҳоти Балҷувон сохта ба истифода дода шуд.

Шаршараи Сари Хосор.  Ин ёдгории нодири табиатдар мавзеи Пушти Боғӣ деҳаи Мулоконии ҷамоати деҳоти Сари Хосор ҷойгир шудааст.                                    

Соҳаи туризмГарчанде ноҳия табиати зебо ва мавзеъҳои хуб барои инкишофи соҳаи туризм дошта бошад ҳам, вале дар ноҳия омилҳое вуҷуд доранд, ки садди роҳи рушди соҳа мегарданд. Пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани ифрасохтори ноҳия мебошад, ки ин бевосита ба инкишофи соҳа таъсири манфӣ мерасонад. Аз ҷониби дигар муайян набудани хатсайрҳо, омода набудани сокинони ноҳия барои қабули тӯристон, мененҷменти заиф дар худи саноати туристӣ, паст будани корҳои рекламавӣ ва ҷой накардани маълумот оид ба мавзӯъҳои туристии ноҳия дар интернет мебошанд. Дар доираи «Барномаи маҷмӯии рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ дар давраи солҳои 2002-2012» сохтмони базаи туристӣ иборат аз 50 ҷой дар деҳаи Султон Увайси Ќаравии ҷамоати деҳоти Сари Хосор аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ба маблағи 998 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, аммо бинобар сабаби норасогии маблағ амалӣ нашуд.

Яке аз сабабҳои рушд наёфтани соҳаи сайёҳи ин дар давраи таҷдиди хоҷагиҳои кишоварзӣ ба назар нагирифтани соҳаи сайёҳи мебошад. Дар ин марҳила ҳамаи мавзеъҳои барои сохтмони сайёҳи мувофиқ (мавзеҳо ва ҷойҳои диққатҷалбкунанда) новобаста ба заминҳои кишоварзӣ набуданашон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ вобаст карда шудаанд, ки ин ҳангоми ба соҳибкорон ё ширкатҳои сайёҳӣ ҷудо намудани қитъаи замин монеа эҷод менамояд.

Дигар мушкилоти муҳимтарини рушди соҳаи туристӣ ин дастгирии мақомоти маҳаллӣ ва маблағгузоӣ ба соҳа мебошад, ки масъалаи мазкур ҳалли худро наёфтааст ва барои ҳалли он андешидани тадбирҳои зерин зарур аст:

-мавзеъҳои барои инфрасохторҳои сайёҳӣ мувофиқ аз тарафи мутахасисони соҳа муайян карда шавад. Ва ин мавзеъҳо аз мувозинаи хоҷагиҳои кишоварзӣ ва ҷангал бароварда, ба фонди заминҳои махсус гузошта шавад, то ин ки ҳангоми ҷудо намудани қитъаи замин барои инфрасохторҳои сайёҳӣ монеа эҷод нагардад.

 -таъмини сатҳи мувофиқи менечменти давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин ҳамоҳангии дақиқи амалиёти мақомоти маҳаллӣ;

-мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ;

-тартиб додани системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти туристии ватанӣ ба бозорҳои ватанию хориҷӣ;

-ташаккули фазои иттилоотӣ дар соҳа;

Ҳамзамон  мушкилотҳое вуҷуд доранд, ки ба рушди соҳа таъсири манфӣ мерасонанд:

-ба талабот ҷавобгӯй набудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаҳо, мабразу дастшуйгоҳҳо ва ҷойҳои тамошои туристӣ;

-набудани мехмонхона, шиору овезаҳои тағриботӣ бо забонҳои давлатию хориҷӣ аз кабили китобчаҳо, расмҳо, буклетҳо оид ба мавзеъҳои туристӣ;                           

-ҳолати ногувори инфрасохтори ноҳия;

-омода намудани хонаҳои истроҳатию хизматрасонӣ дар миқиёси хатсайрҳои кӯҳӣ.

Ҳадафи асосии соҳа - ин инкишоф додани туризм ва беҳтар намудани сифати хизматрасонии он мебошад.

 

 

Вазифаҳои соҳа:

 

1.   Беҳтар кардани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву дастшӯйгоҳҳо, ҷойҳои тамошои туристӣ ва сохтмони ҳаммому меҳмонхонаҳо;

2.    Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ барои истироҳати хуб ва тамошо дар мавзеъҳои туристии ноҳия;

3.    Бунёд намудани хонаҳои истироҳатию хизматрасонӣ дар миқёси хатсайрҳои кӯҳӣ;

4.    Паҳн намудани маълумотномаҳои ташвиқотию тарғиботӣ оиди мавзеъҳои ҷолиби диққати ноҳия;

5.    Ташкил кардани хатсайри туризми кӯҳӣ;

 

Лоиҳаҳо:

 

-сохтмони базаи туристӣ иборат аз 50 ҷой дар деҳаи Султон Увайси Ќаравии ҷамоати деҳоти Сари Хосор.

-бунёди мавзеъи истироҳати дар деҳаи Дашти ангораи ҷамоати деҳоти Сари хосор;

-сохтмони инфрасохтори сайёҳӣ дар «Шар-шара»-и Сари Хосор;

-такмил додани низоми ҳисоби оморӣ ва ҳисоботдиҳӣ дар соҳаи
туризм, ҷорӣ намудани ҳисоби ёрирасони туристӣ дар низоми
ҳисобҳои миллӣ;

-фаъол кардани ҳамкорӣ дар соҳаи туризм бо мамлакатҳои
хориҷӣ бо мақсади васеъ намудани заминаи шартномавии
байналмилалии соҳа;

-баланд бардоштани сифати хизматрасонии туристӣ ва
меҳмонхонаҳо мувофиқи талаботи муқаррарнамудаи низоми танзими
техникӣ;

-таъмини сатҳи дахлдори идоракунии туристӣ ба воситаи омӯзиш ва бозомӯзии мутахассисони соҳа;

-таъмини дастгирии давлатӣ барои рушди инфрасохтори туристӣ;

-мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ дар соҳаи туризм, ки ин самтҳои муҳим амалӣ нагардида, монеъ ба рушди соҳаи туризм дар ноҳия гардидааст, ки дар натиҷа мувофиқи нишондиҳандаҳои пешбинишудаи Барномаи давлатӣ бояд:

-ташрифи устувори туристон ба ноҳия зиёд мегардид;

-ба иқтисодиёти ноҳия аз туризми воридотӣ ҳамасола маблағи зиёде ворид бояд мешуд;

-ҷалбнокии маҳсулоти туристӣ;

-воридшавии ноҳия ба низоми бозори ҷаҳонии хизматрасониҳои туристӣ мусоидат мекард;

-инчунин, барои таҳкими рақобатпазирии саноати туристӣ, ки метавонад ба яке аз бахшҳои даромадноки иқтисодиёти ноҳия мубаддал гардад, замина мегузошт.

Бо мақсади бартараф намудани камбудиҳои зикргардида ва беҳтаршавии корҳо дар ин самт, чунин арзёбӣ менамоям. Аз ҷумла:

-мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ (дастгирии соҳибкорон ҷиҳати таъсиси инфрасохтори соҳаи туризм);

-ташкили ширкатҳои туристӣ;

-таҳия ва дарёфти системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти туристӣ ба бозорҳои дохилию хориҷӣ(маҳсулотҳои ҳунарҳои мардумӣ);

-дарёфт ва роҳҳои маблағгузории ташаккули фазои иттилоотӣ дар соҳа (пайвастшавӣ ба интернет-портали умумҷаҳонӣ);

-ба талабот ҷавобгӯй намудани ҳолати санитарию гигиении ошхонаву ҳаммомҳо, дастшӯйгоҳҳо дар мавзеъҳои туристӣ;

-иштирок намудани намояндагони ташкилот ва ширкатҳои сайёҳӣ дар намоишҳои туристии кишварҳои ҷаҳон;

-ташкили хонаҳои истироҳатию хизматрасонӣ дар  миқёсӣ хатсайрҳои кӯҳӣ.

-таъмини сатҳи мувофиқи менеҷменти давлатӣ ва хусусӣ ва ҳамчунин ҳамоҳангии дақиқи амалиёти ҳокимияти марказӣ ва минтақавӣ;

-мусоидат ба рушди ташаббусҳои хусусӣ;

-тартиб додани системаи самараноки пешниҳоди маҳсулоти туристии ноҳия ба бозорҳои  дохилию  хориҷӣ;

-қабул кардани санадҳои зарурии меъёрию ҳуқуқӣ дар масъалаҳои маблағгузорӣ ва андозбандӣ;

-минбаъд такмил додани расмиёти дохилшавии сайёҳони хориҷӣ ба ноҳия;

-ташаккули фазои иттилоотӣ дар соҳа.

Барои ҷалби сайёҳон ва истироҳаткунандагон махсусан мавҷудияти инфрасохтори рушдёфта муҳим аст, яъне:

-шабакаи роҳҳо, меҳмонхонаҳо, пансионатҳо, автокемпингҳо ва дигар  ҷойҳои истиқомат, индустрияи дилхушӣ, хатҳои сайёри нақлиёти байналмиллалӣ ва дохилӣ,  хизматрасониҳои  замонавиии алоқа  ва  бонк.

 

<
Далер

23 мая 2016 07:18

Информация к комментарию
  • Группа: Гости
  • ICQ:
  • Регистрация: --
  • Статус:
  • Публикаций: 0
  • Комментариев: 0

Балчувон ватани зебо

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^