Информация к новости
  • Просмотров: 3114159
  • Автор: admin
  • Дата: 20-05-2016, 08:50
20-05-2016, 08:50

Соҳаи туризм

Категория: Javonon

 

Соҳаи туризмТуризм ҳамчун яке аз соҳаҳои сердаромади иқтисодиёт барои суръати баланди рушд эътироф гаштааст.  Мавқеи ҷуғрофии мусоиди ҷойгиршавии ноҳия ва обу ҳавои тоза аз сабаби набудани корхонаҳои саноатӣ ва чашмаҳои гуногуни шифобахш ин ноҳияро дар нақшаи дурнамо барои сайёҳати тамоми гушаю канори дунё, аз ҷумла барои рушди сайёҳати экологӣ имконият фароҳам меоварад. Рушди соҳаи туризм замина ва имкониятҳои муфидро баҳри паст кардани сатҳи бекорӣ дар ноҳия мусоидат карда метавонад. Инчунин рушди соҳаи мазкур барои ғанӣ гардонидани буҷаи маҳаллӣ мусоидат мекунад.

Ноҳияи Балҷувон табияти басо зебою нотакрор ва мавзеҳои хушбоду ҳаво, растаниҳову чашмаҳои шифобахшаш дорад, ки метавонанд барои инкишофи соҳаи туризм дар ноҳия истифода шаванд.  Бахусус инкишофи соҳаи туризми экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, фарҳангӣ ва дигар намудҳо  барои ноҳия хос мебошанд. Барои туризми экологӣ – фарҳангӣ хатсайрҳои аз 2 то 10 рӯза муайян шудааст.