Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 24.04.2021 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 968
  • Автор: admin
  • Дата: 24-04-2021, 11:53
24-04-2021, 11:53

МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Категория: Javonon

МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

Муқаддима
Дарки воқеияти иҷтимоӣ, муайян кардани ниёзҳои мардум, масъалагузорӣ ва ҳаллу фасли онҳо аз рукнҳои асосии сиёсати давлатдорӣ мебошанд. «Тавре мебинем, ҳама гуна давлат як навъ муколамаро мемонад, машварат ҳам кӯшиши (stokhadzontai) ин ё он некӣ карданро дорад. Гузашта аз ин, аз ҳама бештар ва аз ҳама накуиҳо оне волотар аст, ки муҳимтарин бошад ва чунин муколама  кулли самтҳоро дар бар гирад. Ана ҳамин муколама давлат ном дорад ё ин ки муколамаи сиёсист» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 24).
Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ − Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат (26-уми январи соли 2021) ҳамин манзалатро дорад.
Дар Паём муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти давлат – сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори мудофиавӣ ва таъмини амнияти давлатӣ, мубориза ба муқобили терроризм ва экстремизм мавриди таҳлил, арзёбӣ ва хулосабарорӣ қарор гирифтаанд.
Илова бар ин, рушди фитрати инсонӣ, аз ҷумла, масъалаҳои таълим ва тарбияи омма, ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аз мавзӯъҳои калидии Паём маҳсуб мегарданд.
Боиси қаноатмандист, ки зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар соҳаи мактаб ва маориф насли нав ба камол расид. Он дар кулли самтҳои ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии кишвар муваффақона фаъолият мекунад. Имрӯз ва ояндаи рушди мамлакат ба дониш, касбият, таҷриба, ҷаҳонбинӣ, маънавиёт, эҳсоси масъулият ва ҷавонмардӣ, яъне сифатҳои шахсии насли нав пайвастагӣ дорад. Ва маҳз ба ҳамин хотир ин ҷараёни солим ва табиии рушди ҷомеа  сазовори дастгирии ҳамаҷониба мебошад. 
Сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таҳқиқоти алоҳидаи мукаммал ниёз дорад. Он бояд дар асоси методҳои сирф илмӣ мавриди омӯзиши густурда қарор бигирад. То насли имрӯза ва оянда бидонанд, ки дар солҳои навадуми асри гузашта ва даҳсолаҳои минбаъда тавассути хизматҳои ҷоннисоронаи Сарвари давлат дар мамлакат чӣ гуна инқилобҳои маданӣ ва фарҳангӣ сурат гирифтанд ва онҳо дар рушду такомули инсон ва ҷомеа чӣ натиҷаҳо ба бор овардаанд.
Кӯшиши ҳаддалимкони дарки муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат дар соҳаи маънавиёт, илму маориф ва тарбияи инсон мавзӯи баҳси мо мебошад. 
 
Иқтисодиёт ва маориф
Маълум аст, ки дар муносиботи ҷамъиятӣ ҷанбаҳои иқтисодӣ мавқеи муайянкунанда доранд. Ва муҳтавои ҷаҳонбинӣ, шеваи тафаккури инсон дар ҷомеа аз онҳо сарчашма мегирад. 
Арзишҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавиёт, маҳз тавассути муносибатҳои истеҳсолӣ ташаккул меёбанд ва низоми муайян пайдо мекунанд. Дар ин ҷараён омилҳои дигар, аз қабили характери миллӣ, оила, муҳит, муҳтавои тарбия ва таълим низ, албатта, таъсиргузор ҳастанд. Аммо шакли иштирок дар фаъолияти дастҷамъонаи истеҳсолӣ, ки ба пешрафти ҳаёти рӯзмарраи ҷомеа нигаронида шудааст, дар рушди инсон нақши аслӣ дорад.
Маҳз ба ҳамин хотир, Роҳбари давлат ҳангоми муҳокимаҳои муҳимтарин масъалаҳои давлатдорӣ қисмати асосии суханрониҳои хешро дар асоси маълумоти дақиқ ва таҳлилҳои амиқ ба соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат мебахшад. Ҳамзамон бо ин, илм, фарҳанг ва маънавиёти ҷомеаро ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи пойдевори мамлакат мешуморад. Кӯшиш менамояд, ки ҷаҳонбинии ҷомеа аз ҷараёни тараққиёти иқтисодии давлат ақиб намонад ва ҳатто дар ҳолатҳои муайян аз он пештар қадам гузорад ва омили таконбахши рушди ҷомеа бошад. 
Омӯзиши асарҳо, аз ҷумла Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон медиҳад, ки масъалаҳои ҷаҳонбинӣ ва ба ҳаёти давлатдории навин мувофиқ гардонидани маънавиёти миллиро Сарвари кишвар дар алоқамандии ногусастанӣ бо таърихи миллат мешуморад. Усули ба эътибор гирифтани ирсият, пайдарпайӣ, яъне муттасилиро дар ташаккули маънавиёти миллӣ омили муассири бунёди давлати миллӣ медонад. 
 
Принсипи таърихият ва масъалаҳои рушди тафаккур
Роҳбари давлат ҳанӯз дар солҳои аввали истиқлолият дар сарсухани худ ба «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷумла таъкид карда буд: «Агар мо аз роҳи тайкардаи пур аз шебу фарози миллати худ огоҳии нисбатан пурра медоштем ва аз хатоҳои содирнамудаи ниёгонамон сабақ мегирифтем, шояд тӯфони офатбори ҷанги гражданӣ, ки мо ба он дучор омадем, чунин ранги фоҷиавӣ намегирифт. Охир як сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳз ошноӣ бо мероси таърихӣ аст. То хотираи қавии таърихиро, ки дар осори фарҳангиву илмии бостон маҳфуз аст, ҷомеа аз худ накунад, аз хираду заковати гузаштагонамон баҳраманд нашавад, дар тамоми риштаҳои зиндагӣ ба дастовардҳои дилхоҳ ноил шуда наметавонад» (Б. Ғафуров. «Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим, асрҳои миёна ва давраи нав». – Душанбе: Дониш, 2008. − С. 5). 
Таваҷҷуҳи хос ба принсипи таърихият дар Паёми навбатии Пешвои миллат аз ҳамин мантиқи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ сарчашма мегирад: «Дар ин сол мо ҷашнҳои 5500 – солагии Саразми бостонӣ ва 700 – солагии Камоли Хуҷандиро дар асоси қарори созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО таҷлил кардем».
Таҳқиқ ва омӯхтани маводи таърихӣ дар асоси далелҳои муътамад ба мақсади муайянсозии ҳақиқати таърихӣ яке аз ҷанбаҳои мавриди таваҷҷуҳи махсуси Раҳбари давлат мебошад. Ӯ донистани қонунмандӣ ва ҳаракати тафаккурро ба хотири дарки раванди шаклгирии воқеияти тақдири миллат пояи маърифатнокӣ  мешуморад. 
Ҷараёни расидан ба қадри Ватани аҷдодӣ, шинохти аслияти фардӣ ва арзишҳои миллиро бо зарурати дарки суботу оромиш ва сулҳу осоиш ҳамчун асоси пешравии  ҷомеа,   дар андухтани донишҳо, аз бар кардан ва омӯхтани  сарнавишти  миллати тоҷик  медонад. 
 
Мантиқи диалектикӣ ва инкишофи ҷаҳонбинӣ
Яке аз муҳимтарин масъалаҳое, ки дар назди давлати миллии мо қарор дорад, сохтани ҷаҳонбинӣ, ба вуҷуд овардани ҳисси баланди хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ аст. Таъкиди доимии Пешвои миллат иборат аз он аст, ки тарбия ва таълим бояд қудрати бузурги дигаргун сохтани инсонро ба манфиати ҷомеа ва рушду нумӯи он дошта бошад.      
Бидуни шак, аз ёд кардани порчаҳои назмиву насрӣ, хондани китоб ва аз худ намудани донишҳо оғози кор аст.
Агар мағзи инсон тамоми асрори дунёро дар худ ҷо кунад, аз донишҳо ғанӣ гардонад, аммо онҳоро таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва ҳамвазн бо воқеияти зиндагӣ истифода карда натавонад, рафтору амали ҳаррӯзаи хешро тибқи ин донишҳо ҷараён набахшад, монанд ба китобхонае мешавад, ки пур аз сарвати илму маърифат, аммо беҷон аст. Амал карда наметавонад. 
Ақидаҳои хурофотие, ки ҳатто ба тафаккури мардуми доно ва огаҳ, дар ҷанбаҳои гуногуни илм, махсусан илмҳои дақиқ, аз ҷумла зистшиносӣ, одамшиносӣ ва табиатшиносӣ ҳоким ҳастанд, аммо моҳияти масъалаҳои тараққиёти табиат, ҷамъият ва тафаккурро ҳамчун падидаи фавқуттабиӣ мефаҳманд ва тафсир мекунанд, аз ҳамин  мафкура маншаъ мегиранд. Яъне доштани тавони инъикоси объективии шаклҳои мантиқӣ бо хосияти аслии онҳо дар майнаи инсон кори чандон саҳлу осон нест.
Қонунмандии ҳаракат ё наздикшавии тафаккур ба донистани воқеияти реалӣ тавассути донишҳои илмӣ ҷузъи муҳимми мундариҷа ва сифати идрок аст. Ин нукта водор месозад, новобаста аз ҳуҷҷати тасдиқкунандаи тахассусмандӣ, дараҷаи маълумот (миёна, олӣ, унвонҳои илмӣ), машғулият дар сохтори давлати дунявӣ (миллӣ) ба инобат гирифта шавад, ки дараҷаи тасаввуроти илмии шахсияти мавриди назар дар кадом поя аст. Соҳибилм аст ё донишу ҷаҳонбиние, ки дорад, ҳанӯз ба илм тавъам ва ҳамвазну ҳамгун нагаштааст, «зуҳуроти хизматӣ», муваққатӣ, аз рӯйи зарурат, як навъ намоишкорӣ ва ҳатто тавре ки маъмулан мегӯянд, «изҳори фазл» аст.
Дар истиноди ёдшудаи Роҳбари давлат дар муқаддимаи асари «Тоҷикон»-и Б. Ғафуров, ки қимати як асари бузурги илмиро дорад, мантиқи диалектикӣ бо истифода аз ҷумлаҳои мураккаби сертаркибаи мансуб ба шарт, сабаб ва натиҷа омадааст ва дар он омилҳои фоҷиаи дарозмуддати миллӣ ниҳоят дақиқ, амиқ, возеҳу равшан, бо дарки масъулияти бузурги давлатдорӣ ва тақдирсозии ҳидояткунанда, асоснок тафсир шудаанд. Аз нигоҳи ӯ маҳз надонистани гузаштаи миллат «сабабгори тӯфони офатбори ҷанги шаҳрвандӣ» гардидааст, ки бешубҳа ва бемуболиға дуруст аст.
Дар таълимоти Пешвои миллат илм, дониш, маърифат ва фарҳанг аз омилҳои наҷотбахши давлати миллӣ дар замони ҷаҳонишавӣ шуморида мешаванд. Аз мантиқи даъвати рӯй бар ин ганҷ ниҳодани Сарвари кишвар бармеояд: мо ҳамон вақт ҳадафмандона, оқилона ва муваффақона давлати миллии худро месозем ва онро аз таҳти дил, бо тамоми ҳастӣ − бошуурона ҳимоя карда метавонем, агар хонем, омӯзем. 
Озмунҳои «Тоҷикистон − Ватани азизи ман», «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Илм – фуруғи маърифат» дар баробари ин ки инқилоби фарҳангии Пешвои миллат доир ба ташкилу танзими тарзи ҳаёти нав мебошанд, оғозгари таҳавуллоти ҷиддиву бунёдӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат низ ба шумор мераванд. 
Методологияи таҳияи Паём ва сохтори мантиқии он низ, тавре хотирнишон шуд, таваҷҷуҳи махсусро талаб мекунад. Яъне мардум вақте ҷиддан, бори дигар дар сатҳи олӣ ба хондани китоб даъват гардид, ки имконоти комил ва дастрасӣ ба ин ғизои маънавиро пайдо кард: Ватанаш осуда, хонааш обод, дастархонаш пур аз неъмат, хотираш ҷамъ гашт. Мулк равшан шуд. Корхонаҳо ба кор даромаданд. Киштзору мазраву боғҳо сабзу хуррам ва серҳосил шуданд. Роҳу нақбҳо бунёд гардид. Дидори якдигарии қавми чор мулки асл, ки  қаблан фаслҳо дошт, васл ва муттасил гашт. Тибқи урфу одати миллӣ қонунмандӣ пайдо кард. Мулк ваҳдатобод, Тоҷикистон гулистон ва умедгоҳи ҳама ҳамватанон шуд. Беҳтарин мактабҳо бо шароиту имконоти сатҳи олӣ, ки макони хуби донишандӯзианд, бунёд гардиданд. 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз усули муқоисавӣ−таърихӣ рақамҳоеро мисол меорад, ки умумият ва фарқияти соҳаи маорифро дар самти тайёр кардани кадрҳо дар гузашта ва имрӯз баръало нишон диҳад: «Чунонки борҳо хотирнишон карда будам, то замони истиқлол дар Тоҷикистон ҳамагӣ 13 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ бо 69000 донишҷӯ фаъолият мекард.
Имрӯз шумораи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба 41, донишҷӯён ба 245 ҳазор ва бо иловаи донишҷӯёне, ки дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, ба 285 ҳазор нафар расидааст» (Ҳамон ҷо. − С. 25).
 
Сифат ва масъалаҳои таълим
Дар баробари дастовардҳо дар соҳаи рушди инфрасохтории  маориф, Роҳбари давлат ба он ишора мекунад, ки тағйироти миқдорӣ ҳанӯз нишонгари дараҷаи касбият ва тахассусмандии хатмкардагони мактабҳои олӣ буда наметавонад. Зеро ниёзҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар маҳз тавассути сатҳи баланди касбии кадрҳо таъмин карда мешаванд. Аз ин рӯ, ӯ доир ба касбомӯзӣ ва омодагии кадрҳо сухан ронда, таъкид месозад, ки кордонӣ, ташаббускорӣ, масъулиятшиносӣ бояд сифатҳои воқеии корманд бошанд. 
Тағйироти мусбати миқдории инфрасохтори соҳаи маорифро  ёдовар шуда, Сарвари миллат ҳамчунон ишора мекунад: «Бо вуҷуди ин, таъкид месозам, ки аз ҷониби роҳбарони Вазорати маориф ва илм, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар масъалаи қабули довталабон ва тарбияи кадрҳо, пеш аз ҳама, ба сифат эътибори аввалиндараҷа дода шавад» (Ҳамон ҷо. − С. 5).
Тахассусмандӣ ва сифатҳои шахсии соҳибкасб аввалин аломатҳое ҳастанд, ки омма онҳоро зуд эҳсос мекунад. Интизории ҷомеа аз хатмкардагони мактабҳои миёна, олӣ, соҳибунвонҳои илмӣ он аст, ки тибқи дараҷаи эълоншудаи маълумот шахс аз худ амалҳои судманди баробарвазн ва ҳатто зиёда аз онро нишон диҳад.
 
Маориф ва сиёсат
Маънии марказонидашудаи давлат – таъмини амнияти ҷомеа, рушди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ аст. Ин мафҳумҳо бо мактаб, маориф, ҷаҳонбинӣ ва маънавиёти ҷомеа робитаи мустақим доранд. 
Одамон ҳама вақт дар он сохти ҷамъиятие зиндагӣ мекунанд, умр ба сар мебаранд, ки дар натиҷаи тарбия ва таълим ба он расидаанд. Ба ибораи дигар, ҷомеа сазовори сохти давлатдорӣ ва сифати зиндагиест, ки афроди он дар давраи муайяни таърихӣ, тавассути ҳосил кардани донишҳо, сохтани ҷаҳонбиниҳо, эътиқодҳо ва боварҳо ҳамин сохти давлатдорӣ ва сифати зиндагиро ба вуҷуд овардаанд. Зеро низомҳои сиёсие, ки аз беруни давлат ба ҷомеа таҳмил карда мешаванд, тарзе таърих исбот кард, ноустувор ва ҳалокатбор хоҳанд буд. 
Дар ҷомеае, ки ба пайдоиши аломатҳо ва зуҳуроти бегонапарастӣ, зиддимиллӣ, иртиҷоӣ, хурофотӣ бетафовутӣ зоҳир шудааст, гурӯҳҳои муайяни ҳукуматхоҳ аз фурсат истифода карда, қудрати сиёсиро ба даст гирифтаанд. Дар ин раванд, арзишҳои миллӣ, ки асоси истиқлолият ва рушди давлатро ташкил мекунанд, поймол мешаванд. Мардумони ғафлатзадаи он то даҳсолаҳои дигар ҳам умеди бозгашт ба асли хешро надоранд. Ҳамин тариқ, муътақид бояд буд: «Шакли раҳбарӣ, пешбарии қудрате, ки мо дорем, қисмате аз тарбияи моро ташкил мекунад» (К. Гельвеций. О человеке. − М.: Азбука, 1928).
Тарбия ва таълим муҳимтарин воситаҳои ҳимояи сохти давлатдорианд. Зеро, дар сурати беэътиноӣ маҳз онҳо омили тағйири сифатӣ − шикасти давлат ва ҷомеа шуда метавонанд.
Вақте дар бораи тарбия сухан меравад, он танҳо мактаб ва низоми маорифро дар назар надорад.  Дар ин маврид, муносибат ва имконоти таъсиррасонии давлат ба ҳар як шаҳрванд, сарфи назар аз синну сол, шуғл, манзалати иҷтимоӣ, эътиқодмандӣ ва макони зисти ӯ низ ба эътибор гирифта мешавад. Манзалати ифтихории  «шаҳрванд» − ҳуқуқ ва вазифаҳои ӯ чунин муносиботи ҷамъиятиро танзим мекунад, таъмин месозад ва кафолат медиҳад. 
Кӯшишҳои нобасомони гурӯҳакҳое, ки мехоҳанд масъулияти давлатро нисбат ба тарбияи кӯдак, наврас ва калонсолон зери шубҳа гузоранд, содалавҳӣ, ғайриилмӣ, аммо  бошууронаву мақсаднок  ва аз лиҳози ҳуқуқию сиёсӣ комилан беасос аст. 
Принсипҳои соҳибистиқлолӣ, ҳуқуқбунёдӣ, ягонагӣ ва дунявият талаботеро ба миён мегузоранд, ки давлат барои нигоҳ доштани сохти конститутсионӣ, ташаккули ҷаҳонбинии ба он мувофиқ уҳдадорӣ ва вазифаи истисноии худро мустақиман, аз ячейкаҳои одӣ то сатҳи  олии ҷомеа бояд иҷро кунад. Ин вазифаи давлат, ҳамчун шахси ҳуқуқӣ, ихтиёрӣ нест. Онро Конститутсия муайян кардааст. Давлат тавассути ҳукумат муваззаф аст, масъулияти хешро «бо кулли имконоти дарихтиёрбуда» (ибора аз Конститутсияи ИМА) таъмин намояд. 
Ҳамин тариқ, муайян кардани барнома, мундариҷа, моҳияти тарбия ва таълими омма аз вазифаҳои бузурги давлатдорӣ маҳсуб мегарданд. 
Баъзе мухолифони сохти давлатдории миллии мо бар зидди ин воқеияти ҳуқуқӣ амал карда, бо ҳамин роҳ фитнабарангезӣ карданӣ мешаванд. Тавре мебинем, чунин амали хато аз адами завқи ҳузуру надонистани назми умури давлатдорӣ, ки барабас орзуи онро доранд, шаҳодат медиҳад. 
Алоқамандии бевосита ва масъулияти давлатро дар тарбияи одамон дар доираи мактаб, маориф, донишгоҳ, коргоҳҳои хизмати давлатӣ, ташкилоту муассисаҳо, сарфи назар аз шакли моликият, масҷид, маъракаҳои суннатӣ ва муассисаҳои таълими динӣ бузургтарин мутафаккирони олам Афлотун, Суқрот, Абулқосим Фирдавсӣ, Унсуралмаолӣ Кайковус, Низом ул Мулк, Саъдии Шерозӣ, Аҳмад Махдуми Дониш, Садриддин Айнӣ ва садҳо хирадмандони дигар низ эътироф, таъйид ва ҳамчун рукни асосии давлатдорӣ таъкид кардаанд. 
Барои мисол, Аристотел, ки ӯро аз асосгузорони илмҳои энсиклопедии олам – фалсафа, сиёсатшиносӣ, тиб, математика, назмшиносӣ ва мантиқ шинохтаанд, ҳанӯз дувуним ҳазор сол пеш ба ин савол посух дода, бе дудилагӣ ва қотеона таъкид кардааст: «Дар он давлатҳое, ки ба ин масъала (тарбия − С. Я.) беэътиноӣ мекунанд, худи сохти давлатдорӣ зарар мебинад. Охир, барои ҳар як сохти давлатдорӣ – тарбияи ба он мувофиқ аз вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад. Ҳар як сохти давлатдорӣ бо хосияти алоҳидаи худ аз дигараш фарқ мекунад. Он чизе, ки ба тарзи маъмулӣ барои ҳимояи ин сохти давлатдорӣ хизмат мекунад ва онро аз аввал муайян месозад, тарбия аст» (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 352). 
Аристотел, барҳақ, таъкид кардааст, ки зуҳури давлат худ як нақша ё ин ки барнома аст. Он тибқи мақсадҳои мушаххас арзи вуҷуд мекунад. Ана маҳз ҳамин мақсад бояд тавассути тарбия рӯйи кор оварда шавад ва амалӣ гардад. Зарур аст, дар ҷомеа ҳама аз рӯйи як барнома – он чиро ки худи давлат мақсадгузорӣ кардааст, таълиму тарбия бигиранд: «Ба хотири он ки тамоми давлат фақат як мақсадро пайгирӣ мекунад, ҳамакнун аниқ аст, ки барои тамоми шаҳрвандон тарбияи якхела зарур аст. Аммо масъулият барои тарбия бояд ташаббуси давлат бошад, на ташаббуси шахсӣ» (Ҳамон ҷо. – С. 352).
Таҳлил, баррасӣ, арзёбӣ ва хулосабарориҳо оид ба сабаб ва оқибати ширкат дар ҳаракатҳои террористӣ, аз ҷумла, «Ансоруллоҳ»-и собиқ ҳизби террористиву ифротгарои наҳзати ислом, «Ихвон-ул-муслимин», «ал-Қойида», «Давлати исломӣ» ва ғайраҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки таълиму тарбияи берун аз доираи барномаи давлатӣ суратгирифта хизмати мустақим ба равияҳои зиддимиллӣ, пеш аз ҳама, созмонҳои террористӣ мебошад. 
Ба ақл, хирад, дониш ва дурандешии Аристотел дар бораи мафҳум, мантиқ ва табиати давлатдорӣ эҳтиром бояд гузошт. Ӯ дар бораи муҳтавои тарбия ва таълим сухан ронда, таъкид мекунад: «Набояд фикр кард, ки гӯё ҳар як шаҳрванд − худ ба худ аст; не, ҳамаи шаҳрвандон ба давлат тааллуқ доранд, барои он ки ҳар яки онҳо пораи давлат мебошанд. Ғамхорӣ дар бораи ҳар кадоми онҳо, табиист, ки ғамхорӣ (тарбия ва нигоҳубин – С. Я.) нисбат ба ҷамъият аст». (Аристотель. Политика. − М.: Рипол классик, 2010. − С. 352).
Мафҳуми давлат, сохти давлатдорӣ ва тарбияи шаҳрванд истилоҳоти аз лиҳози маънӣ ҳамсанганд. Файласуфи машҳури фаронсавӣ Клод Адриан Гелветсий (1715-1771) таъкид мекунад: «Дар ҳар як давлат санъати ташаккули инсон то дараҷае ба шакли давлатдорӣ пайванд мебошад ва бисёр шубҳаовар аст, ки ворид кардани тағйирот дар тарбияи ҷамъиятӣ бе тағйир додани сохти давлатдорӣ имкон дошта бошад» (К. Гельвеций. Об уме. – М.: 1938). 
Модоме ки тамоми хушбахтиҳо ва бадбахтиҳо аз тарбия вобастагӣ дорад, он таваҷҷуҳи афрод ва қувваҳои гуногуни ҷомеа ва пеш аз ҳама, бозигарони геополитикиро ба худ ҷалб мекунад.  Гелветсий дар ин маврид менависад: «Низоми тарбия ҳама вақт баҳснок аст ва агар кулли ин фаъолиятро ба мақсади ягона пойбанд накунанд, номуайян мемонад. Ин мақсад чӣ гуна бояд бошад? – Манфиатдории бештари ҷомеа аз чунин некӣ, қаноатмандии аз ҳама бештари ҷомеа аз натиҷаи ин навъи накукорӣ, хушбахтии бештари шаҳрвандон аз ин амал» (К. Гельветсий. О человеке. − М.: Азбука, 1938. − С. 5).
Саволи ниҳоят одӣ, аммо пурмаънои Роҳбари давлат, ҳамчунон посухи мантиқии ӯ: «Мамлакатро кӣ обод мекунад?  Мутахассис, соҳибкасб, шахси донишманд!» паёми абадии шахсияти бузурги илммеҳвар аст. Акси ин садо мудом саросари кишварро пахш мекунад. 
Ба ақидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инсон як умр бояд илм омӯзад. Аз фарҳанг ва таҷрибаи зиндагӣ баҳравар бошад. Аз онҳо хулоса барорад. Дар ин маврид, мухотаби Сарвари давлат танҳо хонандагон ва толибилмон нестанд. Миллат,  тамоми мардум аст. 
Воқеан, дониш андӯхтан, илм омӯхтан ҷараёни беохири бархӯрди инсон бо табиат, ҷамъият ва тафаккури зудтағйирёбанда мебошад. Дар ин маврид, муҳандиси бузурги рӯҳи инсон Гелветсий менависад: «Ҳоло ҳам ман омӯзиши худро давом медиҳам; тарбияи ман ҳанӯз ба охир нарасидааст. Охир, кай он тамом мешавад? Вақте ки ман дигар қудрати онро надорам: пас аз марги ман. Воқеан, гуфтан лозим аст, ки тамоми ҳаёти  ман як тарбияи бардавомро мемонад» (К. Гельвеций. О человеке. − М.: Азбука, 1938. − С. 10).
Тавре таъкид гардид, сохти конститутсионии давлатдорӣ ҳам аз лиҳози ҳуқуқӣ, илмиву назариявӣ ва амалияи сиёсӣ бо мактаб, ки қисмати ҷудонашавандаи он аст, дар алоқамандии муайянкунанда қарор дорад. Маҳз ба ҳамин хотир, Пешвои миллат мақсади ниҳоии худро нисбат ба дастгирии ҳаматарафаи илм ва маориф эътимодбахш эълом медорад: «Ҳадафи роҳбари давлат аз ин ташаббусҳо баланд бардоштани сатҳи саводу маърифатнокии мардум ва дар навбати аввал, наврасону ҷавонон, тақвияти ҳисси миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ, ҳувияти миллӣ, арҷгузорӣ ва омӯхтани таърих, фарҳанги бостонии тоҷикон, тавсеаи доираи донишу ҷаҳонбинии илмиву техникӣ ва илмҳои дақиқу табиӣ дар кишвар мебошад» (Ҳамон ҷо. − С. 28).
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳазорсолаи ахир ҳамчун асосгузори давлати миллии тоҷикон ворид гардид. Ӯ раванди воқеоти таърихии ташаккули халқи хеш, марҳалаҳои онро аз давраҳои қадим то замони нав, бори дигар аз нигоҳи илмӣ омӯхт. Омилҳои таъсис ва сабабҳои воқеии парокандагиву суқути давлатҳои бузургро, ки ин миллат аз сар гузаронидааст, аз дидгоҳи нав таҳлил, таҳқиқ, арзёбӣ ва дар ин асос хулосабарорӣ кард. Таҷрибаи таърихии халқҳои пешқадами дунё, сохти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинии  онҳоро дар муносибат ба эҳёи муассисаи пешбарандаи ҷомеа – давлат гаштаву баргашта мавриди омӯзиш ва арзёбӣ қарор дод. Самараи неки чунин иқдомоти ватанхоҳона дар назария ва амалияи сиёсии Пешвои тоҷикон ҳамакнун пешкаши чашми ҳақбин аст.     
 
Маориф ва масъалаҳои ҷаҳонбинии миллӣ
Ҷонфидоиҳои Роҳбари тоҷикон ва мақсаднокии заҳматҳои шабонарӯзии ӯ дар даҳсолаҳои гузашта барои ташкил ва таъсиси давлати миллӣ, ки барқарории сулҳу субот ва таъмини рушди устувор аз рукнҳои аслии он ба шумор мераванд, аз воқеият сарчашма мегиранд. 
Хулосаи Сарвари кишвар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ташаббускор, раҳбар ва ҳаммуаллифи ин санад, паёмҳо, инчунин суханрониҳои барномавии Пешвои миллат барои имрӯз, даҳсолаҳои минбаъда ва ояндаи дури таърихӣ иборат аз он аст, ки танҳо сохти давлатдории миллӣ омили аслии пойдорӣ, истиқлолу озодӣ ва рушди устувор шуда метавонад. 
Интихоби сохти давлатдории миллӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон падидаи фавқулода нест. Заминаи онро таърих ва тамаддуни зиёда аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик, муборизаи беамони фарзандони он барои истиқлоли милливу давлатӣ ташкил мекунад. 
Аз ҳамин лиҳоз, ташаккули ҷаҳонбинии миллӣ аз мавзӯъҳое  мебошад, ки дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари давлат ва табақаҳои пешқадами миллӣ қарор дорад. Муҳтавои аслии сарсухани ёдшудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ҳанӯз дар оғози давлатдорӣ шаҳодати ин андеша аст. Ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар Паёми навбатӣ аз ҳамин азму разм сарчашма мегиранд. 
Муҳтавои таълимоти Роҳбари давлат, ҷавҳари онро хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ ташкил мекунад. Зеро «ҳақиқати шуур худшиносӣ аст ва ин охирин таҳкурсӣ,  асоси шуур мебошад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 214). 
Бояд иқрор шуд, ки ҷанги шаҳрвандии солҳои навадуми асри гузашта аз ҷониби аҷнабиён тарҳрезиву ташкил ва тавассути хоинони миллат амалӣ гашт. Дар ин ҳаводиси хуношом тӯдаи ҷавонони гумроҳ ва қисме аз намояндагони зиёиёни думрав ба рисолати таърихии худ хиёнат карда, ҳамчун олот истифода шуданд. Аз тарс ва беҳавсалагӣ бо онҳое ҳамроҳ гаштанд, ки ормонҳои миллии истиқлолхоҳиро ба ҷанги хонумонсӯзи дар пояи фанатизми динӣ алангагирифта мубаддал сохтанд. Ин ҳолат борҳо хотиррасон мегардад. Бойгониҳо ҳуҷҷату аксу наворҳоро барои таърих ва рӯзи мабодо нигаҳ медоранд. Аммо муҳим он аст, ки наслҳои имрӯз ва оянда ин ҳақиқатро донанд, то он рӯзгор такрор наёбад. Ба ҳамин маънӣ, шоир ва мутафаккири олмонӣ Гёте таъкид месозад: «Ҳақиқатро бояд доимо такрор кард, чунки дар атрофи мо раҳгумзадагӣ, гумроҳӣ доимо тарғиб карда мешавад» (И. В. Гёте (1749-1832). Собрание сочинений. Т. 1-13. − М.: 1932.)
Худшиносии миллӣ мафҳуми хизматӣ, шиорпартоии расмӣ, мавзӯи одии ҷаласаҳо ва сарлавҳаи рӯзномаву маҷаллаҳо нест. Гегел дар ин маврид истилоҳи «хештаншиносии эътирофгашта»-ро истифода мебарад ва таъкид мекунад: «Ана ин хештаншиносӣ барои хештаншиносӣ аст, мустақиман, ҳамчун дигар зуҳурот барои зуҳуроти дигар аст. Ман дар чунин хештаншиносӣ худро ҳамчун «Ман»... дар муқобили дигар худшиносии ҳамчун мани мустақил мешиносам»  (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 220). Намояндаи халқи дар олам барои эъмори давлатдории воқеан миллӣ ва бо характери созандаи миллӣ эътирофгашта хештаншиносиро як навъ муборизаи қавӣ мешуморад: «Чунин муқобилистӣ касро ба як навъ худогоҳии озод ва барои дигаронро бо ҳамин сифати воқеӣ эътироф ва моил кунонидан ҳидоят мекунад» (Г. В. Ф. Гегель. Сочинения. Т. 3. − М.: Наука, 1956. − С. 220).
Хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ навъи амал аст. Падидаи хомӯш, беранг, бефарқ, бетавофут, беҳаракат ва албатта, худнамоишдиҳӣ нест. «Ин гуна тазод, муқобилистӣ мубориза аст; барои он ки ман наметавонам дар «дигар» (кас, зуҳурот, падидаи ҷамъиятӣ −  С. Я.) ҳамчун худ, худро бишиносам. Барои он ки «дигар» барои ман воқеияти мустақими ҳастӣ аст» (Ҳамон ҷо. – С. 220). Суханашро идома дода, Гегел ҷиҳати иродатманд ва соҳибамал будан, ба каси дигар таъсири мусбати барои миллат муфид расониданро таъкид месозад: «... ман барои ҳамин кӯшиш мекунам, ҳамин гуна як навъ мустақимиро бишиканам» (Ҳамон ҷо. – C. 220). Ӯ дар ин маврид хулосаи қотеона мебарорад: «Мубориза барои эътироф кардан (худшиносӣ − С. Я.) ҳамчун натиҷаи амал, мубориза барои  марг ва ҳаёт аст» (Ҳамон ҷо. − С. 221).
Шуури миллӣ ва тавассути он ҳувияти миллӣ низоми ягонаи ҷаҳонбинии шахс дар бораи худ, падару модар, аҷдод ва умуман таърихи миллати хеш мебошад, ки тӯли ҳазорсолаҳо, хосатан, дар ҳамин сарзамин чашм ба олами ҳастӣ кушодаанд. Ба воя расидаанд. Кору фаъолият кардаанд. Забон, урфу одат ва тамаддуни он шакл гирифтааст.  Афроди миллат дар рақобат, муборизаҳо ва ҷонбозиҳои шадид сарзамин ва арзишҳои миллии худро ҳифз кардаанд. Маҳз бо ном ва ба хотири ҳамин миллат дар набардҳо ва муборизаҳои хунини таърих тавонистаанд ҳувияти миллии хешро нигоҳ доранд. Давлат созанд. Дар олам бо номи миллати худ муаррифӣ гарданд.  
Аммо бедор кардани шуури хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ дар шароити вобастагӣ аз шуури ғайримиллӣ, ки садсолаҳо дар мағз андар мағзи одамон ҷой гирифтааст, кори саҳл нест. Он муборизаи дастҷамъонаро тавассути имконоти давлатдорӣ − оила, мактаб, илм, маориф, фарҳанг, васоити ахбори умум ва муҳимтар аз ҳама рӯҳи ба андозаи қавӣ ташаккулёфтаи зиёиёни миллиро тақозо дорад. 
Аммо бо вуҷуди баъзе кӯшишҳо нақши «синфи соҳибтафаккур», ки мансуб ба «мағзи миллатанд» (истилоҳоти истифодашуда дар фалсафаи илмӣ), ҳоло ҳам дар ташаккули хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, дар алоқамандӣ бо вазъи воқеӣ – муборизаҳои иттилоотӣ, ки як падидаи одӣ, аммо барои одамони ноогоҳ хатарнок ва пешгӯишавандаи ҷараёни зиндагии рӯзмарраи давлати миллӣ аст, муассир нест.
Фаъолияти иттиҳодияҳои соҳибқаламон, мутахассисони соҳаҳои журналистика, илм, кафедраҳои ҷамъиятии мактабҳои олӣ, муассисаҳои фарҳангӣ дар майдони набард бо душманони сохти давлатдории миллӣ, бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ, худшиносии миллӣ, фош кардани омилҳои пайдоиш ва густариши ақидаҳои бегонапарастӣ, экстремизми динӣ ва хурофотпарастӣ самаранок ба назар намерасад.  Дар маҷмӯъ, зарур аст ба эътибор гирифта шавад, ки «илм он қадар зуҳуроти қаноатбахшандаи худпарастӣ нест ва касони хушбахте, ки метавонанд хешро ба иҷрои вазифаҳои илмӣ бахшанд, худашон аввалин шуда, бояд донишҳояшонро ба мардум расонанд»  (Пол Лафарг). 
Масъалаи хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ − масъалаи пойдорӣ, устуворӣ, бақои миллат ва давлати миллӣ аст. Ҷойи онро қудратмандтарин падидаи дигар (артиш, силоҳи ҳастаӣ, мақомоти амниятии муҷаҳҳаз бо кулли имконот), ҳатто ҳукумати аз лиҳози сиёсати иҷтимоӣ муваффақ гирифта наметавонад. Таҷрибаи сиёсии ду садсолаи ахир инро бори дигар тасдиқ кард.  Бузургтарин артиш «дасти қудрату мансаби соҳибҷоҳӣ»-и   миллат (Ҳофиз)  рӯҳи миллат аст. Чизи дигаре нест. 
 
Хулоса
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ вазъияти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат дар навтарин давраи таърихӣ мавриди таҳлил ва арзёбӣ қарор дода шуда, вокуниши баробарвазни Ҳукумати мамлакат нисбат ба ин воқеият возеҳу равшан тафсир гаштааст. 
Тавре хотирнишон гардид, тибқи супориши Пешвои муаззами миллат,  масъалаи маънавиёт, ҷаҳонбинии миллӣ, хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ, мувофиқ кунонидани вазифаҳои тарбияи омма,  мактаб ва маориф бо талабот ва зарурати минбаъд ҳам мустаҳкам гардонидани пояҳои давлати миллӣ аз муҳимтарин вазифаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ шуморида мешавад. 
Агар ба воқеияти раванди эъмори давлати миллӣ назар андозем, мебинем, ки тавассути заҳматҳои шабонарӯзии Роҳбари давлат «дунё дигар ва сарзамини тоҷикон гулбасар шуд» (М. Турсунзода). Аммо аз лиҳози ҷаҳонбинӣ қисмати ҷомеа ниёз ба таваҷҷуҳ ва роҳнамоии маънавӣ дорад. 
Тағйироти куллӣ дар соҳаи тарбияи хештаншиносӣ танҳо бо фидокориҳои як нафар ба амал намеояд. Таълим, махсусан тарбия муносибати муназзам ва фаъолсозии кулли ҷомеа, алалхусус, зиёиёни миллиро тақозо мекунад.  
 Муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии сохти давлатдории мо аз лиҳози ҳуқуқӣ ва мантиқи сиёсӣ давлатдории миллӣ мебошад. Бо такя ба таърихи зиёда аз шашҳазорсолаи миллат, забон, фарҳанг, анъана, урфу одат ва маданияти миллии мо рӯҳи миллӣ асоси маънавиёти давлат ҳисобида мешавад. Дигар шаклҳои афкори ҷамъиятӣ, мисли давлатҳои мутамаддин, ин ҷаҳонбиниро қувват мебахшанд. Барои ваҳдат, ягонагӣ, сулҳу субот ва рушди миллӣ ба рӯҳи миллӣ, ки ҳамчун пойдевори истиқлолият ва абадияти давлати миллӣ таъйиноти таърихӣ дорад, ба тарзи мусолиҳатомез,  содиқона, рӯирост ва ошкоро хизмат мекунанд. 
Рӯҳи миллӣ, ҳамчун низоми ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва маънавиёт  қавитарин шакли шуури ҷамъиятӣ маҳсуб мегардад. Агар он ҳамчун асоси тарбия барои сохтан ва пойдор нигоҳ доштани давлати миллӣ истифода шавад. Таърихи пурғановат, тамаддуни бесобиқаи оламшумул, забони муқтадир, характери миллӣ − намунаҳои олии ҷоннисории фарзандони миллат дар роҳи ҳимояи марзу буми хеш бар зидди аҷнабиён, ҷаҳонбинии харобиовари онон тавони мубориза бурдан, истодагарӣ карда тавонистан ва ғолиб омаданро дорад. 
Дар ин раванд, рӯҳи миллӣ бо сифатҳои олӣ, муқоисашаванда ва озмудашуда ба давлати миллӣ ҳамчун ҷавшан хизмат мекунад. Ақидаҳои апологетикии сирф бегонапарастонаи террористӣ-экстремистии наҳзатия, ваҳҳобия, салафия, ихвония ва монанди инҳоро, ки бозигарони глобалӣ ва минтақавӣ ба мағзи ҷавонони тоҷик ворид сохта, онҳоро дар амалҳои террористӣ истифода менамоянд, фақат бо шуури миллӣ метавон хунсо ва нобуд кард. 
Масъалаи тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ,  дар маҷмӯъ, ду субъекти асосӣ дорад: ҷомеа ва давлат. 
Ба қисмати аввал, пеш аз ҳама, зиёиёни воқеан миллӣ дохил мешаванд. Дар шароити фавқулодаи таърихии мо тақдир даст дод, ки миллати ҳазорсолаи азияти бедавлатӣ кашида соҳиби давлати миллӣ гардад. 
Пешвои миллат на танҳо давлати тоҷиконро  асос гузошт, балки рӯҳи миллиро аз лиҳози назариявӣ ва сиёсиву амалӣ ҳамчун ҷаҳонбинии миллӣ эҳё кард, қувват бахшид. Аз ин имконоти таърихӣ синфи соҳибтафаккури мубориз бояд истифодаи аъзам намояд. Донад ва хулоса кунад, ки ояндаи миллат ва давлати миллӣ маҳз ва танҳо аз тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ вобастагӣ дорад. 
Аммо дар ҳар сурат масъули асосии ташкил ва роҳандозии тарбияи ҷаҳонбинии миллӣ давлати миллӣ ва тамоми зинаҳои сохторҳои давлатӣ мебошанд. «Нақши тарбиявии давлат нисбат ба бошандагони давлат иборат аз он аст, ки ҳар як нафарро аъзои давлат гардонад, ба хотири он ки онҳо (шаҳрвандон − С. Я.) мақсадҳои шахсиро ба мақсадҳои умумӣ (ҷамъиятӣ − С. Я.) табдил диҳанд, барои он ки бешуурии дағалро ба ангезаҳои иродатманди ахлоқӣ мубаддал созанд ... шахсияти алоҳидаро ба тарзи зиндагии кулл сафарбар намоянд ва дар маҷмӯъ, ҷаҳонбинии кулл дар шуури ҳар як фарди алоҳида таҷассум ёбад» (Мысли и изречения. Составитель С. Х. Карин. Алма – Ата: 1964. − С. 311).
Муҳтавои таълимоти Пешвои миллат дар соҳаи тарбия, дар маҷмӯъ ва дар Паёми навбатӣ аз ҷумла дар он аст, ки тамоми фаъолияти ҷомеа, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мактаб, маориф, зиёиён ба бедор кардани ҳисси хештаншиносӣ ва худшиносии миллӣ равона карда шаванд. Муҳтаво ва ҳадафи кори тарбиявӣ дар ин самт моил кунонидан ба «худшиносии эътирофгардида»-и миллии ҳар як узви ҷомеа мебошад. 
Натиҷаи ҳама гуна тарбия бояд муътақидгардонӣ ба идеяҳои давлати миллӣ бошад. Бидуни чунин дастоварди заҳматталаб ва мақсаднок раванди эъмори давлати миллӣ ва ҳифзи амнияти ҷомеа дар ҳар як марҳалаи таърихӣ зери суол хоҳад рафт. 
Маҳз ба ҳамин хотир Паёми навбатии Пешвои миллат дар масъалаҳои рушди маънавиёти миллӣ ва давлати миллӣ ҳамчун роҳнамо хизмат мекунад.
 
С. Ятимов,
доктори илмҳои сиёсӣ,
узви вобастаи Академияи миллии
илмҳои МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ
Тоҷикистон
 
Бознашр аз маҷаллаи «Илм ва Ҷомеа» 
№ 2 (24), соли 2021 МАСЪАЛАИ ТАШАККУЛИ ИНСОН ДАР ТАЪЛИМОТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ