Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА
Информация к новости
  • Просмотров: 394
  • Автор: admin
  • Дата: 14-12-2017, 14:23
14-12-2017, 14:23

ТЕРРОРИЗМ ВА ХАТАРИ ОН БА ҶОМЕА

Бахш: Хабар

Дар Паёми худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-уми январи соли 2016 иброз дошта буданд, ки: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст». Аз нуктаҳои дар Паёми имсолаи Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикршуда ба хубӣ ҳувайдост, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини ҳаёти осоиштаи шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуби замон омода аст ва дар ин роҳ аз роҳу воситаҳои мавҷуда истифода хоҳад кард. 

Дар ҳақиқат паҳн гаштани амалҳои терористӣ ва тавсияи фаъолияти гурӯҳҳои ифротӣ дар ҳар гӯшаи олам ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид эҷод мекунад ва мамлакати мо низ аз он эмин буда наметавонад. Бинобар ин дар байни аҳолӣ, хусусан дар байни ҷавонон ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар мавзӯҳои ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиатҳои халқу давлат, нагаравидан ба гурӯҳҳои ифротгаро ва шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои иғвоангез аз амалҳои аввалиндараҷа хоҳад буд. 

Тавре аз барномаҳои ВАО огаҳӣ пайдо намудаем, имрӯзҳо сокинони осоиштаи давлатҳои Сурияву Ироқ ва Либия бо ҳазорон ранҷу машақат аз ватанҳои худ берун афтода дар ғарибиҳо ҳаёти сахти муҳоҷирӣ мегузаронанд. Ва пайдост, ки ин ҳама талхиҳои ғарибиро ба сари онҳо ҷангу хунрезиҳо дар кишварашон, амалҳои терористӣ ва кирдорҳои бади ҷангҷӯён овардааст. 

Ҷои таассуф аст, ки гурӯҳҳои тундрав бо истифода аз ному мақоми дин ба қатлу куштор ва даҳшату ғорат даст мезананд. Дар ин маврид Президенти кишвар дуруст қайд карданд, ки: «зуҳуроти даҳшатноку нафратовари тероризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асри миёнагии терористӣ, пеш аз ҳама кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд». 

Дар асл шариати ислом амалҳои бади ифротгароию фитнаангезиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, сулҳу оромӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шафқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату икроми волидайн ва дар маҷмуъ ба аъмоли нек раҳнамоӣ мекунад. 

Бо ибрози шукрона бояд гуфт, ки имрӯз фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол тинҷу ором буда, мардуми он дар партави сиёсати сулҳхоҳонаи Пешвои миллат зиндагии орому осоишта доранд. Ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки бо дарки авзои ҷаҳони муосир ва фазои сулҳу суботи Ватани азизамон дар ҳифзу нигоҳдории тинҷию осудагӣ саҳми худро гузоранд. Бо ҷонибдорӣ аз сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муттаҳидӣ дар атрофи Пешвои миллат нагузорем, ки амнияти кишвари мо халалдор гардаду мардуми мо сарсону хонавайрон. Ҳама кӯшишу ғайрат ва заҳмату меҳнати мо баҳри ободию гулгулшукуфии Ватани азизамон бошаду дар пайи ҳифзу нигоҳдории сулҳу амонӣ.