Баҳри дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои Роҳбарияти олии мамлакат ва иҷрои бандҳои нақша чорабиниҳои тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроия ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ва Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ, 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Соли 2025 “Соли умумиҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо”, Соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ”, 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаву маҳаллаҳои ҷамоатҳои деҳоти ноҳияи Балҷувон суҳбату вохуриҳо гузаронида шуда истодааст.
Дар ҷамоати деҳоти Тоҷикистони ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯри миёни сокинон гузаронида шуд, ки дар он Раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Б.Ғ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Зоирзода М.О, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо, фаъолон ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ноҳия иштирок намуданд.
Пиромуни асосии ҷамъомад масъалаҳои болозикр арзёби гардида, инчунин иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷиикстон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Танзими анъана ва ҷашну маросим” “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” , пешгири аз ҳамагуна хавфу хатар аз ҷумла шомил нашудани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, масоили терроризм ва экстремизм инчунин дигар масъалаҳои доғи рӯз дар ҷамъомад матраҳ гардиданд.











