Ҳамдиёрони азиз!
Рўзи 23-юми феврал ҳамасола дар саросари ҷумҳуриамон ҳамчун рўзи иди Артиши миллӣ, рўзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Имсол ба таъсиси яке аз асоситарин рукнҳои давлатдорӣ, таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи кишварамон 31-сол пур мешавад.
Пас аз баргузории Иҷлосияи таърихии 16-уми Шўрои Олии мамлакат дар шаҳри Хуҷанд, яке аз нахустин ақидаҳои сардори давлат фармон дар бораи таъсис додани қувваҳои мусаллаҳ буд.
Аллакай 23 феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбӣ дар майдони дўстии пойтахт аз бунёди воқеии Артиши Миллӣ дарак дод.
Дар ин муддат Артиши миллии мо роҳеро тай намудааст, ки он ба арзиши таърихию тадбирҳои анҷомшуда қиммати садсолаҳоро дорост. Таърихи таъсис ва бунёдгузории қувваҳои мусаллаҳамонро варақгардон карда, мо дар ҳар як амал ва падидаи нек ғамхорию таваҷҷуҳи роҳбарияти кишварамон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати тақвияти артишу таъминоти моддию техникии он эҳсос менамоем.
Ҳоло дар қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ се навъи қушун — қушунҳои хушкигард, қушунҳои ҳарбии ҳавоӣ ва қушунҳои мудофиа аз ҳуҷуми ҳавоӣ ташаккул ёфтаанд, ки маҳорати ҷангии қушунҳои ҷангии мо рўз то рўз ривоҷ меёбад. Инро хусусан машқҳои ҳарбие, ки дар вақтҳои охир дар байни қисмҳои томи ҳарбӣ ё дар байни дастаҳои алоҳидаи қушунҳо гузаронида мешавад, ба хубӣ исбот мекунанд. Акнун бо дили пур метавон гуфт, ки ҳоло қувваҳои мусаллаҳ озодию истиқлолият ва якпорчагии ватанамонро ҳифз карда метавонанд. Аз қадим-ул-айём тоҷикон ба ягон давлат даъвои ҳудудӣ надорад ва қувваҳои мусаллаҳи он ба хотири ҳифзи сохибихтиёрӣ ва тамомияти арзишҳои кишвар таъсис ёфтаанд. Артиши имрўзаи миллии халқи тоҷик аз як тараф меваи истиқлолият бошад аз тарафи дигар монанди артиши Шўравӣ танҳо ба хотири муҳофизат намудани якпорчагии бутунии сарҳади Тоҷикистон, меҳнату истироҳати ҳазорон тоҷикистониён таъсис ёфтааст.
Имрўз ҷавонони бонангу номуси мо хуб дарк мекунанд, ки хизмат ба Ватан барои онҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ ва рисолати мардонагист. Яъне хизмати ҳарбӣ нишонаи равшани эҳсоси ватандўстӣ, дарки зарурат ва аҳаммияти ҳимояи манфиатҳои давлат ва халқи Тоҷикистон мебошад. Аз ин хотир, ҳар як афсару сарбоз ва ҳар як ҷавоне, ки ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дохил шуда, савганди ҳарбӣ ёд мекунад, ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки хизмати ҳарбӣ, аз ў, пеш аз ҳама, иродаи матин, донишу маърифати муосир ва эҳсоси садоқату самимият ба халқу Ватанро талаб менамояд.
Чунки ҳифзу ҳимояи амнияти давлат, суботу оромии ҷомеа ва ҳаёти осудаи сокинони мамлакат ба зиммаи хизматчиёни ҳарбӣ, яъне ҳайати шахсии сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ гузошта шудааст ва онҳо вазифадоранд, ки ин неъмати бебаҳо – сулҳу субот ва оромиву осоиши ҷомеаро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ бояд намунаи олии риояи интизому тартибот дар ҷомеа ва хизмати содиқона ба халқу давлати худ бошанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон махсус таъкид доштанд, ки «Дар шароити ташаннуҷи рўзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон, торафт вусъат гирифтани мухолифату низоъҳои диниву мазҳабӣ ва доман паҳн кардани терроризму экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва фаъолияти гурўҳҳои ҷиноятии фаромарзӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллат барои мо ба масъалаи аввалиндараҷа ва ҳаётан муҳим табдил ёфтааст». Бигзор дар сарзамини соҳибистиқлоламон сулҳу оромӣ ҳамеша пойдор бошад ва мо тамоми саъю кўшиши худро ба он равона созем, ки сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ ба хотири ояндаи неки кишварамон устувору ҷовидон боқӣ монад.
Артиши мо рўзи 23-юми февралро ҳамчун рўзи таъсисёбӣ аз артиши шўравӣ ба мерос гирифтааст ва он имрўз кору фаъолияти бобоёни худро идома дода истодааст.
Бо чунин ниятҳои нек бо истифода аз фурсати муносиб ҳамаи шумоён ҳамдиёрони азизро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои муссаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандиву хушбахтӣ, азму иродаи қавӣ ва дар роҳи ҳифзи Ватани аҷдодӣ барори кор орзу менамоям.
Рўзи Артиши миллӣ муборак, ҳамдиёрони азиз!











