Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия чорабинии сиёсию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид.
Дар қисмати сиёсии чорабинӣ раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр аҳли толор ва тамоми мардуми сарбаланди ноҳияро бахшида ба ин рӯзи фархунда табрику шодбош гуфта, як қатор кормандони мақомоти низомии ноҳияро бо Сипосномаи раиси ноҳияи Балҷувон ва дигар мукофотҳои пулию молӣ, қадрдонӣ намуданд.
Дар қисмати охири чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия хотири аҳли нишастро бо сурудҳои саршор аз ватандӯстию хештаншиносӣ хотири аҳли нишастро шод гардониданд.











