Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ИЗҲОРОТИ Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » ИЗҲОРОТИ Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд
Информация к новости
  • Просмотров: 441
  • Автор: admin
  • Дата: 19-10-2022, 21:10
19-10-2022, 21:10

ИЗҲОРОТИ Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд

Бахш: ---

ИЗҲОРОТИ Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд


ДУШАНБЕ, 19.10.2022 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд изҳор медорад, ки сарфи назар аз тавофуқоти тибқи Протоколи № 42 аз 25 сентябри соли 2022 ҳосилшуда, ҷониби Қирғизистон ба амалҳои иғвоангезона даст зада, ҳадафаш шиддатнок намудани вазъият дар ноҳияҳои наздисарҳадӣ мебошад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд хабар доданд.

Амалҳои моҷароҷӯёнаи шаҳрвандони алоҳидаи Ҷумҳурии Қирғизистон, ки ба ноором сохтани вазъ нигаронида шудаанд, омода намудани камингоҳҳои оташфишонӣ, сохтани хандақҳо, идома додани интиқоли техникаи иловагии ҳарбӣ ва мунтазам вайрон кардани ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон далели равшани нақшаҳои бадхоҳонаи ҷониби Қирғизистон мебошанд. Ҳамин тариқ, аз 26 сентябр то 15 октябр ҳавопаймоҳои бесарнишини Ҷумҳурии Қирғизистон дар ҳудуди шаҳри Исфара ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд 13 маротиба ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон карданд.

Сарфи назар аз созишномаҳои шифоҳӣ ва хаттӣ бо ҷониби Қирғизистон, бар хилофи муқаррароти Протоколи №42 аз 25 сентябри соли 2022 далелҳои интиқоли техникаи ҳарбӣ, силоҳи вазнин ва воҳидҳои иловагии низомӣ ба минтақаҳои марзӣ ба қайд гирифта шудаанд.

Аз ҷумла: — 1 октябр, соати 17:15 аз деҳаи Кок-Тош ба самти шаҳраки Уртабуз ва ноҳияи Лайлак мошинҳои зиреҳпӯши низомӣ интиқол дода шуданд.



— Шаби 4 ба 5 октябр дар қисмати чапи нуқтаи обтақсимкунии “Сарбанд” (Головной) аз ҷониби Қирғизистон барои ҷойгир кардани мошинҳои зиреҳпӯш ва миномётҳо дар чуқурии то 6 метр ва паҳноии то 20 метр паноҳгоҳҳо сохта шуданд.

— 7 октябр дар мавзеъҳои «Сиёҳкӯҳ» ва «Дусанга»-и деҳаи Чоркӯҳи Исфара хандақҳои навкофташудаи низомиёни қирғиз ба қайд гирифта шуданд.

— 7 октябр таҳти роҳбарии масъулини ҷамоати деҳоти Оқ-Сойи вилояти Бодканд 15 нафар низомиёни воҳидҳои махсуси Ҷумҳурии Қирғизистон бо мошини боркаши “КамАЗ” ҳозир шуда, худсарона дидбонгоҳи сарҳадӣ ташкил карданд. Ҳайати шахсии дидбонгоҳи сарҳадӣ дар хонаи сокини деҳоти Ворух Бобоев Б., ки соли 2018 аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон ғасб гардидааст, ҷойгир карда шудаанд.

— 11 октябр дар ҳудуди минтақаи амниятии дидбонгоҳи сарҳадии 9-уми “Санҷидзор” ва обанбори «Хоҷабоқирғон-2»-и қисми низомии 0214-и РҚС КДАМ ҶТ дар вилояти Суғд якчанд вагонро ҷойгир карданд, ки барои будубошти хизматчиёни ҳарбӣ мутобиқ карда шудаанд.



— 13 октябр дар наздикии роҳи иловагии «Оқсой-Равот-Лайлак» хонаи васлшаванда насб карда шуд, ки ҳамчун постгоҳи милитсияи Ҷумҳурии Қирғизистон истифода мешавад.

— 13 октябр хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон бар хилофи талаботи банди «г»-и Протоколи №42 дар шоҳроҳи Исфара-Ворух, дар деҳаи Оқсой постгоҳи доимӣ барқарор намуданд.Дар шаҳраки Мақсат хизматчиёни ҳарбии Ҷумҳурии Қирғизистон 5 мавқеи ҷангии оҳану бетонии мустаҳкам сохтаанд.



Ҳолатҳои тез-тез баргузор намудани машқҳои ҳарбӣ шаҳодати он аст, ки ҷониби Қирғизистон нақшаҳои хасмона дорад. Дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ ҳуҷумҳои иттилоотӣ бар зидди Ҷумҳурии Тоҷикистон идома доранд. Вақтҳои охир ВАО-и Қирғизистон дар бораи ҳавопаймоҳои бесарнишини ба тозагӣ харидоринамуда ва озмоиши бесарнишинҳои истеҳсоли худӣ пайваста мавод паҳн менамоянд.

Сокинони деҳаи Оқсой, ки ҳамагӣ 3,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, дар давоми муддатҳои тӯлонӣ мунтазам ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мошинҳои онҳо ҳамла карда, ягона роҳи мошингардро ҷониби Ворух мебанданд ва ҳаракати 45 ҳазор нафар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро маҳдуд менамоянд, ҳуқуқҳояшонро поймол карда, онҳоро аз олами беруна ҷудо месозанд.

Аз ҷумла: — 14 сентябр сокини деҳаи Хоҷаи Аъло Маҳкамов С.К. аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бе ягон сабаб мавриди латукӯб қарор дода шуд.

— 26 сентябри соли равон аз сӯи хонаи сокини маҳаллаи Коктоши ҷамоати деҳоти Оқсойи Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳавлии хонаҳои №289 ва №295, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Узбекова М. ва Самадов А. тааллуқ доранд, ду норинҷаки дастии РГД-5 партофта шуд. Дар натиҷа, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Олимов Қудратулло захмдор гардид. Ин ҳодиса аз ҷониби мутахассисони Барномаи FSD оид ба мубориза бо минаҳо сабт шудааст .



— Худи ҳамон рӯз як гурӯҳ шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон хонаи шахсии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Валиев Н.Н.-ро, ки дар паҳлуи шоҳроҳи «Мақсат-Жани-Ҷер», деҳаи Қалъачаи деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, оташ заданд.

— 26, 27 ва 28 сентябр сокинони деҳаи Бакайи ҷамоати деҳоти Оқсойи ноҳияи Бодканд бе ягон сабаб манзилҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар деҳаи Тоҷикони деҳоти Ворухи шаҳри Исфара сангборон карданд.

— 30 сентябр аз хонаи Аслам ном сокини маҳаллаи Кок-тоши ҷамоати деҳоти Оқсойи ҷониби Қирғизистон хонаи Разоқов А., сокини деҳаи Сомониёни Болои деҳоти Чоркӯҳ ва ҳудуди мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №64 сангборон карда шуд.

— 1 октябр шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон хонаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамаризоева М.А.-ро оташ заданд. Ду рӯз қабл аз ин ҳодиса, низомиёни Ҷумҳурии Қирғизистон ба писари ҷабрдида — Давлатов Д.И. дар бораи амалӣ кардани ин кирдори худ таҳдид намуда буданд.

— 2 октябр сокини деҳаи Кӯчаи Болои деҳоти Ворух Нарзиев Н.Б., ки бо мошини шахсӣ аз ҳудуди деҳаи Оқсой ҳаракат мекард, мавриди ҳамлаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон қарор гирифт. Дар натиҷа, мошини ӯ — тамғаи «Шкода», рақами давлатиаш 9451WD02 зарар дид.



— 3 октябр низомиёни ҚС КДАМ ҶҚ, ки дар дидбонгоҳи сарҳадии «Мақсат» хизмат мекарданд, сохтмончиёни тоҷикро ҳангоми барқарорсозии инфрасохтори вайроншудаи кӯчаи Баҳори деҳаи Қалъачаи деҳоти Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Б. Ғафуров ба моҷаро таҳрик доданд.

— 8 октябр мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер», рақами давлатиаш 3170ТТ02, ки ба сокини деҳаи Гулистони деҳоти Ворух Насридинов М.Т. тааллуқ дорад, мавриди ҳамла қарор гирифт.

— 10 октябр ҷониби мошини «КамАЗ», рақами давлатиаш 4934KN02, ки дар масири Исфара-Ворух ҳаракат мекард, ҳуҷум сурат гирифт гирифт.



— 10 октябр тарафи Қирғизистон роҳи бригадаи №16-и кооперативи «Чоркӯҳ»-ро, ки аз канори мавзеи Мазорбаши ҷамоати деҳоти Самарқандак мегузарад, ба таври ғайриқонунӣ баст.

— 13 октябр ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Оқсой ба мошини тамғаи «Мерседес-Спринтер», рақами давлатиаш 0735ТТ02 ҳамла карда шуд.

— 15 октябри соли ҷорӣ мошини шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Туранбоев М.З. бо рақами давлатии 9982НР02 ҳангоми ҳаракат дар самти деҳоти Ворух аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии ҶҚ барои азназаргузаронии ғайриқонунӣ манъ карда шуд.

— 18 октябр шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Ф. аз ҷониби хизматчиёни ҳарбии Қирғизистон мавриди азназаргузаронии ғайриқонунӣ ва таҳқир қарор гирифт.

— 18 октябр як гурӯҳ сокинони деҳаи Оқсой дар ҳолати мастӣ ба сӯи мошинҳои сокинони деҳоти Ворух Болтаев Ш.Х. (рақами давлатӣ 0100СН02), Турсунов А.И. (рақами давлатӣ 8950SE02) ва Мансуров Д.А. (рақами давлатӣ 1643РР02) санг партофтанд. Дар натиҷаи ҳамлаи онҳо кӯдаки 9-сола ҷароҳат бардошт.



Далелҳои дар боло зикршуда исботи бевоситаи амалҳои мақсадноки ҷониби Қирғизистон аст, ки ба мураккаб намудани вазъият, таҳрики дубора ба даргириҳои нави мусаллаҳона дар минтақаҳои марзӣ, инчунин барангехтани адовати миллӣ нигаронида шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон пайравии қатъии худро ҷиҳати риояи бечунучарои созиши ҳосилшуда оид ба масъалаҳои ба эътидол овардани вазъ дар минтақаҳои наздимарзӣ ва ҳалли мушкилоти мавҷуда танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ тасдиқ мекунад.

Ин ҳама бар хилофи суханпардозиҳои расмии баъзе аз мансабдорони Қирғизистон, ки дар гумроҳии амиқ қарор дошта, имкони ба даст овардани сулҳ миёни кишварҳо ва халқҳои моро рад карда, боиси ихтилоф байни низомиён ва аҳолии осоишта мегарданд, рух медиҳад. Ҷомеаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон бояд ба изҳорот ва рафтори онҳо баҳои муносиб диҳад.

Мо аз роҳбарияти низомии Қирғизистон даъват менамоем то амалҳои иғвоангезеро, ки боиси даргириҳои мусаллаҳона мегарданд, пешгирӣ намуда, ҷиҳати татбиқи протоколҳои имзошуда ва таъмини ҳаёти осоишта дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тадбирҳои заруриро андешанд.
https://khovar.tj/2022/10/iz-oroti-rayosati-shun-oi-sar-adii-kdam-t-dar-viloyati-su-d/

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^