Мафҳуми тероризмро ба вабо ташбеҳ додаанд, ки комилан дуруст аст, зеро ин беморї мисли заҳрпечак ба тамоми узви инсон реша давонда, муолиљааш басо душвор аст. Имрўз терроризм, еқстремизм, ҳамчун вабои аср ба амнияти љаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Масъалаи пешгирї аз терроризм ба масъалаи глобалї табдил ёфтааст, ки ин љаҳонро ноором мегардонад.
Президенти Љумҳурии Тољикистон, Пешвои муаззами миллати тољик, муҳтарам Эмомалї Раҳмон, доимо таъкид бар он мекунанд, ки «Терорист ватан, миллат ва мазҳаб надорад».