Агар ба навиштаҳои хоини ватанфуруш – Муҳаммадиқболи Садриддин дуруст назар кунем, маълум мегардад, ки фаъолияти вай ҳамчун гардонандаи яке аз сомонаҳои ташкилоти террористии наҳзатӣ маҳз ба туҳмат кардани раҳбарону шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон ва бадномсозии мақомоти давлатӣ равона мебошад. Албатта ин вазифаро дар назди ӯ саркардаи террористони наҳзатӣ ва хоҷаҳои хориҷиаш гузоштаанд.
Амали мазкури нангинро ин палиди касиф бар ивази чанд пули ҳароме анҷом медиҳад, ки чунин тарзи рафтор хоси оқипадарон аст.
Танҳо дар ду рӯзи охир М.Садриддини хоин чанд сохтори муҳими кишвар, аз ҷумла мақомоти амният ва прокуратураро мавриди туҳмату таҳқир ва бадномсозӣ қарор додааст. Ин дар ҳолест, ки сохторҳои қудратӣ ва хусусан мақомоти амнияти Тоҷикистон дар 30 соли охир бо фаъолияти бошарафонаи худ амният, якпорчагӣ ва соҳибистиқлолии кишварро ҳифз кардаанд. Оромию субот ва пешрафти имрӯзаи кишвар маҳз натиҷаи хизматҳои ҳазорон кормандон, сарбозону афсарони мақомоти амният ва сохторҳои дигари қудратии Тоҷикистон аст. Садҳо кормандони ин ниҳодҳо ҷони худро барои ҳифзи Ватану миллат фидо кардаанд.
Аммо барои М.Садриддини қаллоб дигар Ватану миллат ягон арзише надорад. Барои вай танҳо манфиаташ муҳим аст. Бо ҳар роҳе бояд пулу мол ба даст орад. Барои фоидаи моддӣ ҳама чиро, балки худашро ҳам савдо мезанад.