Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори тақвияти стратегияи мубориза бо терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир ва дигар таҳдиду хатарҳои минтақавию ҷаҳонӣ мебошад.**
**Эмомалӣ Раҳмон**
Рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки ҳар давраи таърихӣ дорои мушкилоти хоси худ мебошад. Интиҳои асри XX ва оғози асри XXI нишон медиҳад, ки мушкилоти асосии ин фосилаи таърихӣ экстремизм ва терроризм мебошад. Имрӯз ин равандҳо ваҳшонияти инсониро нишон дода, арзиши инсон ва дигар муқаддасотро аз байн бурда истодаанд. Ин падидаи номатлуб соҳибихтиёрӣ, сохти конститутсионӣ, волоияти қонун ва арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодиҳои инсонро аз байн бурда, ҳазорон нафар одамони бегуноҳро ба қатл расонидааст.
Экстремизм андеша, фикр, тарғибот ва ғояест, ки дар мафкураи инсон ҳисси бадбинӣ, хашму ғазаб, нафрат, кинаву адоват, душманӣ, ваҳшоният ва харобкориро ҷой дода, ӯро аз андешаи солим дур месозад ва идоранашаванда мегардонад, ки дар натиҷа ба амали террористӣ даст мезанад. Дар таърихи на он қадар тӯлонии давлатдории хеш мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дастболо гашта, имрӯзҳо низ муборизаро давом дода истодаанд, ки дар ин хусус талошҳои бевоситаи Пешвоии миллат бараъло эҳсос мегардад.