28 декабри соли 2023 дар толори калони “Кохи Сомон”-и Бӯстонсаройи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Паёми хеш суханронӣ намуданд.***
Баъди ин Паём баъзе таҳлилгарон фикру андешаҳои худро баён доштанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз се соат суханронӣ намуданд, ки хурду бузурги кишвар онро бо тамоми ҳастӣ гӯш карданд, аммо бадбинони миллат ба он бо дигар ниятҳо тавваҷҷуҳ намуданд. Аз он ҷумла кормандони “Радиои Озодӣ” кафкубиҳои нишастагони толоро ҳисоб карданд.