Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.short.php on line 169 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Материалы за 07.03.2024 » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 4553
  • Автор: admin
  • Дата: 7-03-2024, 10:02
7-03-2024, 10:02

ПАЁМИ ТАБРИКИИ РАИСИ НОҲИЯИ БАЛҶУВОН САФАРЗОДА БАХТИЁР ҒАНӢ БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР”

Категория: Хабар

    Модарону хоҳарон ва бонувони азиз!

 

    Ба эътирофи бузургону мутафаккирони олам зан - Модар аз ҷумлаи олитарин неъматҳои башарӣ ва идомадиҳандаи ҳаёт дар рӯи замин мебошад. 

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш тамоми Шумо модарону бонувони иззатманди ноҳияи тозабунёдамонро ба ифтихори ҷашни фархундаи миллиамон - Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, бароятон тандурустиву хушбахтӣ, иқболи неку толеи баланд ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

     Воқеан, мо дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ наметавонем муҳаббате беҳтар ва ҳақиқиву самимитар аз муҳаббати модари худ дарёбем. Аз ин лиҳоз, Модар натанҳо азизтарин шахс барои ҳар як фарзанд, балки гаронбаҳотарин сарвати ҳар як халқу миллат мебошад.

Бинобар ин, башарият имрӯз ба ҷомеае арҷ мегузорад, ки мақому манзалати занро гиромӣ ва пос медорад.

Дар яке аз ривоятҳои куҳан омадааст, ки «атр аз гул, нӯш аз шаҳд, шодобӣ аз баҳор, риққат аз абр, меҳр аз офтоб ва зиндагӣ аз замин бардошта, ҳамаро бо якдигар омехта, зан офаридаанд, то зудояндаи ғамҳо ва афзояндаи шодиву нишоти мардум бошад».

    Аз ин рӯ, зан-Модар ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо буда, бо оғози фасли баҳор ва арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне ҷашни Наврӯз баробар омадани Рӯзи модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст. Яъне соли нави мо бо арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми модарону занони иззатманду меҳрубони мо шурӯъ мешавад. 

Бешак, модар аввалин мураббии башарият аст ва тарбияи инсон аз домони поки ӯ оғоз мешавад. Зан мураббии инсон аст, аммо на мураббӣ ва муаллиме, ки фақат сухан гӯяд, балки ҳамчун модар тамоми хислатҳои неки инсониро ба кӯдак ба таври табиӣ интиқол медиҳад. 

Аз ин ҷост, ки шеваи рафтору ахлоқи модар дар сифати идроки фарзанд таъсири бевосита мегузорад.

Маҳз модар дар қалби фарзандон тухми меҳру муҳаббат, дӯстиву рафоқат ва некиву накӯкориро мекорад, то оянда насли наврас чун ашхоси масъулиятшиносу меҳнатқарин, ободкору инсондӯст ва ватанпарвар ба камол расад. Бузургони гузаштаи адабу фарҳанги мо бо дарназардошти ин нуктаи ниҳоят муҳим гуфтаанд, ки: «Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад». 

Ин нақши созандаи модар дар камолоти шахсияти фарзанд ба ҳисоб меравад. Ва солеҳтарин фарзандон онҳое ҳастанд, ки бо аъмоли неку писандида боиси ифтихори падару модари худ шаванд.

Меҳру муҳаббати модар ба фарзандон, танзими зиндагӣ ва роҳбарии дохили хона фазои орому осудаи оиларо таъмин месозад. 

Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад, ба ин хотир, ки дар раванди созандагӣ ширкат дорад ва худ дар сохтани ин ҷомеа саҳмгузор аст. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст.

Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат намуда истодаанд.

Аз ҷумла, Фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» муҳимтарин санадҳое мебошанд, ки барои беҳтар гардонидани ҳаёти иҷтимоии занон нақши ҳалкунанда мебозанд. Дар натиҷа, солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохторҳои ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Шумо занону бонувони гиромӣ, дар раванди тарбияи фарзандон нақши ҳалкунанда доред ва набояд фаромӯш созед, ки тарбияи фарзанд дар навбати аввал вазифаи муқаддаси ҳар як падару модар ва баъдан мактаб ва ҷомеа мебошад.

Бузургони гузаштаи халқамон, ки аз худ барои наслҳои оянда одобномаву насиҳатномаҳои зиёд ба мерос гузоштаанд, фармудаанд, ки падару модар, муаллим ва ҷомеа барои тарбияи насли наврас ва фарзандон дар назди Худованд ҷавобгаранд.

Бо дарназардошти хусусиятҳои хоси фарҳанги оиладории шарқӣ, аз ҷумла суннату ойинҳои неки тоҷикон ҳар як модари тоҷик вазифадор аст, ки дар хусуси ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, хусусан духтарон, дар шуури онҳо тарбия кардани фарҳанги оиладорӣ, одобу ахлоқи ҳамида ва сабру таҳаммул кӯшиши доимӣ дошта бошад.

Информация к новости
  • Просмотров: 1878
  • Автор: admin
  • Дата: 7-03-2024, 09:57
7-03-2024, 09:57

ЧОРАБИНИИ САТҲИ БАЛАНДИ ИДОНА БАХШИДА БА “РӮЗИ МОДАР” ДАР НОҲИЯИ БАЛҶУВОН

Категория: Хабар

   Дирӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ ташкил ва гузаронида шуд. Раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр нахуст ҳамаи модарону хоҳарон ва бонувони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беназир арзёбӣ намуданд. Иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ба он хотир чунин ном ниҳоданд, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи Ҳукумати мамлакат ва худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созанд. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Зане, ки соҳибмаърифату соҳибҳунар аст, ба масъалаи пешбурди ҳадафҳои ҷомеа низ эҳтироми хос мегузорад. Зан ҳамчун шахси фарҳангсозу тарбияткунанда агар худ аз воқеияти ҳаёт ва ҷомеа огоҳу бохабар бошад, фарзандон, аҳли оила ва пайвандони худро тарзе тарбият мекунад, ки онҳо ба самти ҷомеаи пешрафта қадам ниҳанд.

Бо дарназардошти ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз аз оғози истиқлолият ба масъалаҳои марбут ба занон эътибори махсус дода, то имрӯз ҳаждаҳ санади меъёрии ҳуқуқии заруриро ба тасвиб расонидааст.

Санадҳои қабулшуда ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои фаъолияти занону бонувон мусоидат намуда истодаанд.

Ҳамзамон раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр ба як қатор занони фаъоли ноҳия аз номи мақомот Сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравиро дар фазои тантанавӣ тақдим намуданд. 

Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз меҳру муҳаббати зан-Модар хотири аҳли нишастро шод гардониданд. 

 

Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^