Имрӯз дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Балҷувон бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи Модар” чорабинии бошукӯҳи сиёсию фарҳангӣ, баргузор гардид.
Нахуст раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми мардуми ноҳияро бахшида ба ин санаи фархунда, табрику муборакбод намуда, иброз доштанд, ки меҳру муҳаббати беинтиҳои модарон аст, ки ҳар сол ин ҷашн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил гардида, мо - фарзандонро водор месозад, ки ба қадру манзалат ва бузургиву фурӯтании модарону бонувон арҷгузорӣ кунем ва қарзи фарзандии худро дар наздашон ба ҷо орем. Онҳоро ҳамчун мавҷуди муқаддасу азиз эҳтиёт кунем ва ҳамеша дӯстдору дилбардорашон бошем. Ҳамзамон, мехоҳам хотирнишон созам, ки бояд модарону бонувонро натанҳо дар рӯзҳои ҷашн гиромӣ дорем, балки дар зиндагии ҳаррӯза ба қадри худфарсоиву ҷоннисорӣ, муҳаббату меҳрубонӣ ва порсоии онҳо расем ва мақоми баландашонро пос дорем. Чунки зан ҳам дар мақоми баланди модар ё ҳамсар, ҳам дар сифати хоҳар ё фарзанд тимсоли малоҳати ҳусн, гармии қалб, латофати эҳсос ва наҷобати рафтор мебошад. Вале барои ҳар инсон зан, пеш аз ҳама, модар аст ва бузургии ӯ бар пояи рисолати муқаддаси ҳаётбахшаш бунёд шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштанд, ки “Модар сафобахшандаи ҳаёт буда, аз ҳама қиматтарин шахс дар олами ҳастӣ мебошад. Меҳри беҳамтои модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нурпошӣ мекунад. Модар ба истилоҳ вожае мебошад, ки дар тамоми забонҳои ҷаҳон оҳанги навозишкорона дорад ва ҳар қадаре, ки муҳаббати инсоният ба модар зиёд бошад, ҳаёт ҳамон қадар фараҳбахшу дурахшон мегардад. Ҳусни ҳаёту файзи зиндагонии мо аз модар аст ва ӯ ситораи дурахшонест, ки бо нерӯмандии атокардаи Худои мутаол роҳи фарзандро дар тӯли зиндагӣ равшан месозад. Яъне ҳама эъҷозу парвозҳо, эҷоду бунёдҳо ва мардонагиву қаҳрамониҳо самараи заҳмати шабонарӯзии модарон аст”.
Баъди табрикоти раиси ноҳияи Балҷувон ба як қатор занону бонувоне, ки дар пешрафту тараққиёти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ноҳия саҳми арзанда гузоштаанд, Сипоснома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантанавӣ супорида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо барномаи рангоранг ва сурудҳои саршор аз меҳру муҳаббати зан-Модар ва истиқлолу озодӣ хотири аҳли нишастро шод гардониданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон