Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо
Информация к новости
  • Просмотров: 8233
  • Автор: admin
  • Дата: 28-05-2019, 13:42
28-05-2019, 13:42

ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо

Бахш: ---

ҲНИ ва ДИИШ: умумиятҳо ва фарқиятҳо  

 Муноқиша ва задухӯрди пайравони ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар шаби 19.05.2019  дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат, ки боиси марги 32 нафар гардид, ҳеҷ кадом шаҳрванди Тоҷикистонро бетараф монда наметавонад. Ин ҳодисаи мудҳиш мавриди ғаму андуҳи тоҷикистониён қарор гирифт.

Вале ин ҳодиса дар биниши шаҳрвандон фаҳмишҳои мухталифро ба вуҷуд оварда, аз ҷониби коршиносон низ бо рангу бӯи гуногун баррасӣ гардид. Намояндагон ва роҳбарони ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти экстремистӣ ва террористии фаъолияташон дар Тоҷикистон манъшуда, ба мисли ТТЭ ҲНИ, «Ансоруллоҳ», «Гурӯҳи-24», «Салафия» ва дигарон бошанд, мунсифона аз нигоҳи манфиатҳои сиёсии худ, ки ҳадафашон ғасби  ҳокимият ва давлат дар Тоҷикистон аст, атрофи ин ҳодиса дар шабакаҳои интернетӣ «ҳаё-ҳуйи сиёсӣ» («Политический бум») ташкил дода, кӯшиш менамоянд ҳукумат ва давлати дунявии Тоҷикистонро дар назди ҷаҳониён ва хоҷагони хориҷии худ сиёҳ созанд, то ки назари онҳоро дар ин масъала сарбаста сохта, таваҷҷуҳи онҳоро ба худ ҷалб созанд. Махсусан сарварону намояндагони муҳоҷиратро интихобкардаи ТТЭ ҲНИ ва «Гурӯҳи-24», ки дар кишварҳои хориҷӣ зери сарпарастии хоҷагони худ зиндагии муфтхурона доранд, худро ҷабрдида нишон дода мехоҳанд мардуми ноогоҳро ба гумроҳӣ зананд. Дар асл бошад ҳодисаи мудҳиши шаби 19.05.2019 бори дигар симои экстремистию террористии ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии ифротиро ошкор месозад.

Ин ҳодиса собит сохт, ки гурӯҳҳои экстремистию террористӣ воқеан дин, Ватан ва миллат надоранд.   Онҳо барои расидан ба мақсадҳои сиёсии худ  ҳеҷ гуна қоида ва меъёрҳои дини исломро риоя намекунанд ва баръакс барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаашон исломро ҳамчун парчам интихоб намуда, дар муқобили Қуръону суннат қарор мегиранд. Агар пайғамбари ислом гуфта бошад, ки «Имон он аст, ки ба Худо ва фариштагони Ӯ, ба Пайғамбарони Ӯ, ба тақдири некӣ ва бадӣ бовар намоӣ» (1:110) ё худ ба саволи оё дар ин уммат гуноҳе аст, ки ба куфр бирасонад?» ҷавоб дода бошад, ки «На магар ширк овардан ба Худо» (3:144),  аммо ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии эстремистию террористии номбурда, ки ҳама ба Худои ягонаву Пайғамбари Ӯ, ва ба фариштагону он дунё ва рӯзи қиёмату ҷазо баробар боварӣ доранд, ҳадисҳои пайғамбари исломро пушти по зада, ба хотири ғаразҳои сиёсӣ ҳамдигарро ба куфр гунаҳкор карда, ба қатли ҳамдигар даст мезананд ва дар мардум эҳсоси исломҳаросиро бедор месозанд, ки ба ҷуз бадном сохтани ислом чизи дигаре нест. Бинобар ин дар ба вуқуъ пайвастани ҳодисаи шаби 19.05.2019 с. касе гунаҳгор нест, ба ҷуз мафкураи динӣ-сиёсии ифротии худи ин гурӯҳҳо.

Ҳарчанд ҳамаи ин гурӯҳҳо худро аҳли суннату ҷамоат меҳисобанд ва онҳоро табиати экстремистӣ, ҷиҳодӣ, ихтилоф доштан ба низомҳои гуногуни давлатдорӣ, бегона будан аз манфиатҳои миллӣ, имондории зоҳирӣ, хизмат намудан ба хоҷагони бегона ва ғайра бо ҳам мутаҳид месозад, аммо манфиатҳои сиёсии онҳо баъзан ё куллан бо ҳам мувофиқ намеоянд. Ба ҳам мувофиқ наомадани манфиатҳои сиёсии онҳо, ононро ба ихтилофҳои динӣ-ақидавӣ низ бурдааст, ки бо ҳам оштинопазиранд. Пас ин кадом манфиатҳои сиёсӣ ва бунбастҳои эътиқодӣ-сиёсие аст, ки онҳоро оштинопазир сохтааст.

<!--[if !supportLists]-->1.     <!--[endif]-->Ҳар кадом гурӯҳ имрӯз мехоҳад дар кишвар ё минтақа худ лидери динӣ-сиёсӣ бошад ва кӯшиш дорад дар фазои динӣ-сиёсии кишвар ё минтақа яккатоз гардад. Вақте ки солҳои 90-уми садаи 20 ва ибтидои асри 21 дар Тоҷикистон «Ҳизб-ут-Таҳрир» фаъол гардид,  сарвари руҳонии ТТЭ ҲНИ С.А.Нурӣ мавқеашро нисбатти ин ҳизби ифротӣ чунин муайян карда буд: «Ман фикр мекунам, ки ин гурӯҳ аз ду нигоҳ дар Тоҷикистон ҳақи амал кардан надоранд: динӣ ва ҳуқуқӣ. Аз нигоҳи динӣ дар Тоҷикистон як ҳизби характери динидошта вуҷуд дорад ва ҳоҷат ба таъсис ва фаъолияти ҳизби дигар нест. Агар онҳо хаҳанд, метавонанд аз тариқи ҳизби мо фаъолияти сиёсӣ намоянд, модоме ки хилофи қонун ва оинномаи ҳизби мо набошад. Аммо аз нигоҳи ҳуқуқӣ онҳо ба қайд гирифта нашудаанд ва наметавонанд дар Тоҷикистон фаъолият кунанд. Муносибати мо бо онҳо ҳамчун ҳизби ғайриқонунӣ хоҳад буд». Имрӯз ин даъворо мо дар фаъолияти ҳаракати «Салафия» низ мушоҳида мекунем, ки ин ҳама аз ихтилофу муборизаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад ва ҳодисаи шаби 19.05.2019 инро собит сохт.

<!--[if !supportLists]-->2.     <!--[endif]-->Консепсияи иҷтимоӣ-сиёсии ин ҳизбу ҳаракатҳо аз ҳамдигар фарқ мекунад. Масалан, ДИИШ, ки ҳаракатҳои «Салафия», «Ихфон-ул-муслимин», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Ҷайши Муҳаммад» ва ғайраро дар худ мутаҳид сохтааст. Низоми давлатдории шакли монархияи динӣ, хилофатро бунёд кунанд. ТТЭ ҲНИ бошад шакли низоми давлатдории ҷумҳурӣ, вале Ҷумҳурии исломиро бунёд созад. Зиёда аз ин пояи ақидавӣ – идеологии бунёди низоми давлатдории гурӯҳҳои бо ҳам зид дар фазои динӣ-сиёсии Тоҷикистон муборизакунанда низ гуногунанд. Ин ҷиддият онҳоро ба муқобили якдигар бармехезонад. Чунин ихтилоф имрӯз на танҳо дар ҳодисаи номбурда, инчунин дар Афғонистон дар байни Толибон ва ДИИШ ҷой дорад, онҳо зидди ҳамдигар бархоста, ба қатли ҳамдигар даст мезананд.

<!--[if !supportLists]-->3.     <!--[endif]-->Яке аз хусусиятҳои ин гурӯҳҳои динӣ-сиёсии ифротӣ дар он ифода меёбад, ки онҳо кӯшиш менамоянд, гурӯҳҳои дигарро тобеи худ созанд. Масалан, ДИИШ дар Ироқу Сурия кӯшиш кард ҳамаи гурӯҳҳои сунниро ба худ ҷалб созад. Зеро ДИИШ даъвои лидери ягонаи мусулмонон шуданро дорад. Банобар он даъвои наҳзатиҳо, ки лидери Тоҷикистон шудан доранд, ба талошҳои ДИИШ (салафиҳо, таҳририҳо) мувофиқат намекунад ва онҳо дар худ таманнои ҳеҷ гуна созиш ва мусолиҳаро надоранд. Зеро яке аз принсипҳои асосии чӣ ДИИШ-ҳо ва чӣ наҳзатиҳо «такфир» аст, ки аз «Ихвонӣ»-ҳо иқтибос кардаанд. Ба ҳамон андозае, ки ДИИШ-ҳо наҳзатиҳоро «такфир» менамоянд, ба ҳамон андоза наҳзатиҳо ДИИШ-ро такфир мекунанд. Аз ин нигоҳ дар такя ба ин асл иттиҳоду оштии онҳо ғайриимкон аст. Беҳуда нест, ки дар ҳодисаи шаби 19.05.2019 с. ДИИШ-ҳо тавонистанд намояндагони гурӯҳҳои дигарро ба зуд ҷалб созанд.

<!--[if !supportLists]-->4.     <!--[endif]-->Зиёда аз ин ихтилофи дигари байни ДИИШ-ҳо ва наҳзатиҳо дар ихтилофи пуштибонони хориҷиашон мебошад, ки байни ҳам низоъи тулонии таърихӣ доранд ва имрӯз ҳар кадоме барои лидери ҷаҳони ислом шудан мубориза мебаранд. Албатта, ин ба тақдири пайравони зархариди ин давлатҳои пуштибон бетаъсир намемонад, ки воқеияташро дар ҳодисаи мазкур бараъло мушоҳида кардем.

<!--[if !supportLists]-->5.     <!--[endif]-->Маврид ба ёдоварист, ки ҳарчанд пайравони ҳизбу ҳаракатҳои номбурда худро аз аҳли суннату ҷамоат меҳисобанд, вале на танҳо мазҳабҳои онҳо фарқ мекунанд, ҳатто дар ҳолатҳои ҷудогона бо ҳам зиддият доранд. Мазҳаби ДИИШ-ҳо, ки асосан пайравони «Салафия» мебошанд, ҳанбалӣ буда, мазҳаби гурӯҳҳои дигари динӣ-сиёсии ифротӣ ҳанафӣ аст. Миёни ҳанбалия ва ҳанафия, ки манфиатҳои миллатҳои гуногуни мусулмонҳоро ифода мекунад, таърихан ихтилофҳое вуҷуд дошт. Имрӯз бошад ҳанбалиҳо аз идеологияи ваҳҳобия (салафия) пайравӣ мекунанд ва худро бемазҳаб номида (ДИИШ-ҳо) бо мазҳаби ҳанафӣ зиддияти ошкоро доранд ва онҳоро ба «куфр» мутаҳам мекунанд. Ин ихтилофу зиддиятҳо низ дар ақидаву тафаккур ва амали пайравони он ҳизбу ҳаракатҳое, ки дар ҳодисаи шаби 19.05.2019 с. ширкат доштанд бетаъсир буда наметавонад. Кушта шудани намояндагони руҳонияти суннатӣ ба мисли Шайх Темур, Махсуми Саттор, Сайид Киёмиддини Гози аз ҷониби ДИИШ-ҳо аз муносибати онҳо ба мазҳаби ҳанафӣ шаҳодат медиҳад ва як бонги хатар ба руҳонияти суннатии ҳанафимазҳаб мебошад.

<!--[if !supportLists]-->6.     <!--[endif]-->Бояд ёдрас шуд, ки ҳамаи ин ихтилофу низоъҳое, ки миёни ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсӣ дар заминаи зиддиятҳои ақидавӣ-мафкуравӣ сурат мегирад реша дар хусусияти духура доштани ислом дорад, ки барои ҳамаи мусулмонон роҳи мушаххасро накардааст. Дар асоси ин духурагии ислом назарияҳои мухталиф аз ҷониб доир ба ҷангу ҷиҳод, аз ҷониби дигар доир ба мусолиҳаб иттиҳод дар тули таърих то ба имрӯз арзи вуҷуд карданд, ки мавриди истифодаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии гуногун қарор гирифтанд. Дар Қуръону суннат далелҳои зиёд дар бораи чӣ ҷангу ҷиҳод ва чӣ мусолиҳаю иттиҳод вуҷуд доранд, ки ҳар кадом гурӯҳ онро ба тарзи худ мефаҳманд ва мувофиқи манфиатҳои худ истифода мебаранд. Ба тарзи дигар гӯем ҳарчанд мусулмонон дар масъалаи имондорӣ ба ҳамдигар мувофиқанд, вале дар заминаи духурагии ислом роҳҳои имондориро ба тарзи худ мефаҳманд, агар дар гузашта сабаби ба равияву фирқа ва мазҳабҳои мухталиф тақсимшавии мусулмонон гардида бошад, имрӯз яке аз сарчашмаҳои ғоявии фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии гуногун буда, онҳоро ба бунбасти ақидавӣ мебарад ва боиси низоъҳои мазҳабӣ мегардад.

Ҳамин тариқ он низоъу задухӯрде, ки шаби 19.05.2019 с. дар маҳбасхонаи шаҳри Ваҳдат рӯй дод, як ҳодисаи табииест, ки дар асоси ихтилофу низоъҳои динӣ-мазҳабӣ, ки василаи расидан ба ҳадафҳои сиёсист, ба вуқуъ пайвастааст. Дар ин масъала ба таври қотеъ гунаҳкор кардани ҷонибе ё тарафи сеюм ғайривоқеӣ ва беадолатӣ мебошад. Сабаби ин ҳодисаи мудҳишро мусулмонон, ба хусус ин ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-сиёсии дар низоъ ширкатдошта бояд дар табиати аслии имондорӣ ва ғаразҳои сиёсии худ ҷустуҷӯ намоянд. Онҳо аз рӯи инсоф бояд эътироф намоянд, ки ихтилоф ва қурбонии мазкур аз ҷонибҳои гуногун натиҷаи хусусияти ҷангҷӯӣ, террористӣ ва оштинопазирӣ доштани ҳизбу ҳаракатҳоест, ки аз он пайравӣ мекунанд. бояд таъкид кард, ки дар ҳеҷ ҷои дунё то ҳол ду гурӯҳи террористӣ, ки ба ҳам манфиатҳои сиёсии амиқу ба ҳам мухолиф доранд ба ҳам созиш накардаанд ва ҳампаймон аншудаанд. Ин ҳодиса бояд таҷриба ва панд барои дигарон бошад. Вақте ки ақидаҳои ифротии бегона, ки ҳар кадоме пуштибони худро доранд, дар байни пайравони як дину як мазҳаб роҳ меёбад ва ваҳдати эътиқодии онҳоро вайрон месозад, натиҷа ҳамин гуна низоъҳои хунин аст.           

 

Казаков Рустам Сафарович, мудири кафедраи таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии ш.Бохтар ба номи Носири Хисрав, номзади илмҳои таърих

 

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^