Аммо аҷиб он аст, ки Нуриддин Ризоӣ, ки касе ӯро ҳатто дар хонаводааш гуш намекунад, аз минбари “баланди” САҲА мехоҳад миёни шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон иғво андозад. Албата ба сухани ӯ ҳато бародараш Ғаниев Сироҷиддин ва ҳамсараш гуш намедиҳад, ҳатто падараш низ ба ҳоли ӯ механдад.Чун гуфтаҳои фарзанди номуҳтарам комилан нодуруст аст, Нуриддин ҳатто намедонад, ки миллати падараш ӯзбек ҳаст. Гузашта аз ин, аз гуфтаҳои Нуриддин Ризоӣ бармеояд, ки ӯ ҳатто аз таърихи Тоҷикисттон хабар надорад, зеро аз рӯзи истиқлолият инҷониб боре ҳам миёни миллатҳои гуногун нофаҳмиҳо рух надодааст. Дар Тоҷикистони азизи мо ананаи хеле хуб урфӣ ҷорӣ шудааст, ки ҳатто эҳсосо намегардад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон миллатҳои ӯзбек, туркман, рус, араб, қирғиз ва ғайра ба сар мебаранд. Гузашта аз ин, миёни миллатҳои мазкур хонадорашавии духтарон ва писарони ҷавон байни якдигар авҷ гирифртааст, ки аз дӯстии қавии он миллатҳо дарак медиҳад.
Албата шаҳрвандони мо хуб дар хотир доранд, ки Нуриддин Ризоӣ бо маблағи “ҳалоли” наҳзат дар кишварҳои халиҷӣ дарси шатоҳӣ ва талбандагӣ омӯхтааст. Нуриддин дар замони “ҷавониаш” чорабиниҳои фарҳангии иттиҳоди донишҷӯёни тоҷик дар Мисрро акс гирифта, бо тавсияи падараш аз шайхҳои араб пулҳои муайян дастрас мекард. Имрӯз бошад усули кори тағийр дода, бо баромади “пурмуҳтаво” дар конфронси ба ном “ҳуқуқи инсон”-и САҲА маблағи муайян ва паноҳандагии дарбадарии худро ҳифз кардан мехоҳад.
Вале ман шаҳрванди тоҷики муқимии Туркия, ки аз миллатҳои ӯзбек, қирғиз, туркман, араб ва дигар иборат ҳастем, қатъиян гуфтаҳои Нуриддин Ризоиро маҳкум намуда, аз ӯ талаб менамоем, ки аз номи мо миллатҳо ба манфиати гуруҳҳои террористӣ ва оилаи саргардонаш сухан нагӯяд. Мо аъзои Анҷумани тоҷикон дар Туркия аз мақомотҳои дахлдори Тоҷикистон талаб менамоем, ки Нуриддин Ризоирро барои туҳматҳои беасосаш ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҳамзамон Нуриддин Ризоӣ бояд аз тамоми шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои туҳматҳояш бахшиш пурсад.
Дар бораи оилаи Муҳаммадсаид Ризоӣ ва Нуриддин Ризои суханҳои зиёд вуҷуд дорад, ки дар рӯзҳои наздик ба диққати хонандагони муҳтарам пешниҳод меагрдад.
Донишҷӯи факултаи илоҳиёти донишгоҳи
Газиентепи Ҷумҳурии Тукрия