Имрӯз ҳеҷ хоҷаву ҳоҷиву ҳуҷҷаташ,
Бар хоки пойӣ ХОҶАИ АЪЛО намерасад,
Ин ҷо барои хоки Ватан ҷон супурдаанд!!!
Ин аст он ғурур, ки бар мо намерасад...
Ин мардуми азиз ба хуни муқаддасаш,
Аз гунаҳои хастаи мо доғи занг шуст.
Ин мардуми азиз ба хуни муқаддасаш,
Аз номи тирагаштаи мо доғи нанг шуст.
Ин мардуми бузург ба ҷони азизи худ,
Бар миллати бузург тавони дубора дод.
Ин мардуми бузург ба ҷони азизи худ,
Бар ваҳдати бузург такони дубора дод...
Гар пештар барои ҳавою ғизои пок,
Меомадам ба Исфара баҳри саёҳаташ.
Имрӯз он мадинаи Байту-л-муқаддас аст,
Акнун равам барои тавофу зиёраташ.
Маънии Исфаранг, ки боғи биҳишт буд,
Инак намоди ғайрату номусу нанг шуд.
Дарёи Исфаранг "Ватан" гуфту ҷӯш зад,
Ҳар мавҷ як камон шуду моҳӣ наҳанг шуд.
Ворух дигар ҷамоату сарбанду об нест,
Он имтиҳони давлату номуси миллат аст.
Ҳам Чоркӯҳ низ дигар чор кӯҳ нест,
Он чорсӯи миллату девори ваҳдат аст.