Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 30 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ. ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » 30 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ. ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ
Информация к новости
  • Просмотров: 5553
  • Автор: admin
  • Дата: 12-02-2022, 16:31
12-02-2022, 16:31

30 СОЛЕ, КИ ГУЗАШТ. ТАҲЛИЛИ БАЪЗЕ НИШОНДИҲАНДАҲОИ ИҚТИСОДИЮ ИҶТИМОИИ МАМЛАКАТ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ

Бахш: Маълумот

Чуноне ки Сарвари давлат дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ (21 декабри соли 2021) иброз доштанд: “Аз даҳсолаи дуюми даврони истиқлолият рушди босуботи иҷтимоиву иқтисодии кишвар оғоз гардида, мо барои расидан ба ҳадафи олии худ, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, корҳои зиёдро ба анҷом расондем.

... Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард”.

Ин арқом далели он аст, ки рушду нумӯи бемайлони иқтисодиёти кишвар мунтазам таъмин гардида, марҳила ба марҳила ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон меафзояд.

Самти дигаре, ки дар ривоҷи устувори иқтисоди миллӣ нақши назаррас дорад, рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба шумор меравад ва, аз ин рӯ, ин бахши ҳаётан муҳим аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Бо назардошти ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ ва ҷорӣ намудани имтиёзҳо барои фаъолияти соҳибкорӣ, ин бахш пешрафт менамояд, ки ин маънӣ дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таъкид шудааст. Аз ҷумла, зикр гашт, ки то имрӯз ба соҳибкорону сармоягузорон зиёда аз 110 имтиёз ва сабукиҳои андозиву гумрукӣ пешниҳод гардиданд ва шумораи сохторҳои бақайдгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ аз 4 ба 1, муҳлати бақайдгирӣ аз 49 то 3 – 5 рӯз кам карда, ба таври ройгон ба роҳ монда шуд.

Дар Кодекси андоз дар таҳрири нав, ки он аз 1-уми январи соли равон ба ҳукми қонун даромад, бо мақсади саноатикунонии босуръати кишвар, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва, ба ин васила, ташкил кардани ҷойҳои нави кор аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолӣ на танҳо имтиёзу сабукиҳои пешина нигоҳ дошта шуданд, балки бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои беруна, иловатан сабукиҳои зиёд пешниҳод гардиданд. Бар замми ин, шумораи андозҳо аз 10 ба 7 номгӯй расида, меъёрҳои якчанд намуди онҳо коҳиш ёфтанд.

Ҳамзамон, Сарвари давлат зимни ироаи Паём таъкид сохтанд, ки дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар дар бист соли ахир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гашта, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум ба 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади Буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расид. Яъне, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва Буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзуд.

Ҳамчунин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд ва барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, инчунин, ҷалби ҳарчи бештари сармояи мустақим чораҷӯӣ намуда истодааст. Тавре ки Сарвари давлат дар Паём баён доштанд: “Дар бист соли охир ба кишвар беш аз 150 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ, аз ҷумла 59 миллиард сомонӣ, сармояи мустақим ҷалб карда шуд.

Танҳо барои рушди соҳаи саноати кишвар беш аз 35 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид”.

Маврид ба ёдоварист, ки Сарвари давлат дар ҳамаи суханрониҳояшон оид ба тарбияи мутахассисони баландихтисос таъкид менамоянд. Зеро қувваи коргарии соҳибмаълумот дар рушди устувори иқтисодиёт саҳми беандоза мегузорад. Дар ин самт, яъне тайёр намудани мутахассисони баландихтисос, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми захираю имкониятҳоро истифода бурда истодааст. Маблағгузориҳо ва таваҷҷуҳи роҳбарияти олӣ ба соҳаи илму маориф гувоҳи онанд, ки ба тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва баланд бардоштани сатҳу сифати савияи дониши шаҳрвандон диққати зарурӣ дода мешавад.

Ба ин хотир, вобаста ба ин ғамхориҳо моро зарур аст, ки дар самти тайёр намудани мутахассисони лаёқатманди ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ саъю кӯшиш намоем, зеро барои рушди устувори иқтисодиёти кишвар се омили асосӣ нақши калидӣ дорад. Якум, омили инсонӣ, дуюм, ворид намудани техника ва технологияи муосир ва сеюм, ривоҷу равнақ додани илму техника. Чунки ҳамбастагии амиқи илм ва истеҳсолот яке аз омилҳои муҳими рушди босуботи иқтисодиёти кишвар маҳсуб меёбад. Аз таҷрибаи пешқадами мамолики мутараққии олам ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки ҳангоми дар истеҳсолот татбиқ намудани дастовардҳои илмӣ сатҳу сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда беҳтар гардида, ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мегардад ва миқдори маҳсулоти содиротӣ ва воридотивазкунанда меафзояд.

Хулоса, бояд иброз дошт, ки саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди иқтисоди миллӣ ниҳоят зиёд буда, ҳадафҳои банақшагирифтаашон зина ба зина амалӣ мегарданд. Илова бар ин, мавриди зикр аст, ки ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва, хусусан Пешвои миллат, ҷиҳати таъмини шароити гуворо ва беҳтари зиндагӣ барои аҳолии кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ ва, ба ин васила, обод намудани кишвари азизамон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, ҷавобан ба ин ҳама талошу заҳматҳои роҳбарияти олии кишвар тамоми қишри ҷомеа, бахусус ҷавононро, зарур аст, ки дар рушду нумӯи иқтисодиёти кишвар ва амалӣ шудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам саҳм гузоранд.

М. Н. ДОСТИЕВ,

мудири кафедраи

идоракунии молияи давлатии

Академияи идоракунии давлатии

назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^