Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 ОБ БОШАД ГАВҲАРИ КИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР! » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Маълумот » ОБ БОШАД ГАВҲАРИ КИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР!
Информация к новости
  • Просмотров: 2234
  • Автор: admin
  • Дата: 17-01-2023, 18:52
17-01-2023, 18:52

ОБ БОШАД ГАВҲАРИ КИММАТТАР АЗ ЛАЪЛУ ГУҲАР!

Бахш: Маълумот

Арҷгузории об аз замонҳои дур  дар боварҳои тоҷикони бостон ҷой доштааст ва ниёкони мо аз миёни ҳафт офаридаи Аҳурамаздо обро, пас аз Замин дуввумин офарида мепиндоштанд. Аноҳито (Аноҳид, ё Ноҳид) ро дар боварҳои митроӣ (садсолаи IX пеш аз мелод) ҳамчун эзадбону ва дар боварҳои зартуштӣ ҳамчун олиҳа, ё фариштаи нигаҳбони обҳо мешумориданд.

Ҳамон гуна ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтаанд, ки «Мардуми тоҷик “Обу ободӣ” ва “Об рушноӣ” мегӯянд. 

Дар ин ҷумлаҳо рамз ва маънии амиқ, ки аз таҷрибаи чандин ҳазорсолаи миллати кӯҳанбунёди мо бармеоянд, таҷассум ёфтаанд.»

Мардуми тоҷик обро бад – он сон муқаддас медонистанд, ки (ва ҳанӯз низ дар деҳот бархе аз он ойинҳо побарҷо мебошанд) бузургсолон хурдсолонро таълим медоданд, ки обро рост истода нӯшидан “убол” (вубол) аст. Бояд нишаста обро нӯшид ва пас аз нӯшидани об ибораи “худоро шукр” ро баён намуд. Яке аз ойинҳои ҷолиби дигар он аст, ки ба ҳангоми сафари касе аз аҳли хона, кадбонуи хона, одатан модар аз пушти писари ба роҳравӣ пардохтааш косаи оби соферо мепошад ва дуо медиҳад: “Сафарат бехатар, ташнагиро набинӣ.” Ойини дигари арҷгузорӣ ба об он аст, ки ба ҳангоми ақди никоҳ, ба арўсу домод косаи обро оварда менўшонанд ва он косаро косагардон карда, ба ҳар касе таоруф карда мегўянд, ки “шумо ҳам ба ҳамин мурод бирасед.”

Имрӯз ҳар як шахси солимандеша ва ба Меҳани азизамон Тоҷикистон содиқ, аз ташаббусҳои Пешвои миллат аз минбари Созмони Милли Муттаҳид, дар бораи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018 – 2028 ифтихор намуда, талош меварзад, ки дар ин тадбирҳои зиндагисоз саҳми худро гузорад.

 

Бояд ба таъкид ишора кард, ки ҳар як инсон барои нигоҳдошти замину обҳои кишвари худ масъулият дорад. Тақрибан 20-30 сол пеш мардуми мо аз оби ҷўйҳо истифода мебурданд. Дар бархе мавзеъҳои беоб  бошад,  оби истеъмолии мардумон аз аз оби  борон аст. Оё ҳама медонанд,ки арзиши обе, ки мо менӯшем чанд аст? Оё ҳама медонанд, ки арзиши оби табии нисбат ба обҳои нўшокие, ки аз мағозаҳо мехаранд гаронтар аст? Бояд аз худ ва ҳамвандон  пурсид, ки то чӣ андоза обро гиромӣ медорем!? Ончуноне ки шоир гуфтааст:

    Об бошад гавҳари кимматтар аз лаълу гуҳар,

    Покии ҳар қатраи он покии хайрулбашар.

 

Ҳама медонем, ки инсон бе об зиндагӣ карда наметавонад. Ҳатто қисмати зиёди вазни бадани инсоният аз об иборат аст. Инсон дар тамоми лаҳзаҳои ҳаёташ аз об истифода мебарад. Об одамро аз ифлосию нопокӣ, аз бемориву дардҳо эмин мегардонад. Об сабзавоту наботот ва ҳайвонотро, ки инсон ҳамеша онҳоро парвариш мекунанд, сарчашмаи рўишу сабзиш аст. Сабзиданҳову рўиданҳо, шукуфтанҳову бороварданҳо ҳама аз баракати хоку об аст. Мо, тоҷикон аз фаровонии обҳои кишвари азизамон ифтихор ва сипосгузорем. Тоза нигоҳ доштани об ва муқаддас шумурдани он, донистани арзиши ҳар қатраи ин мўъҷизаи бузург, барои ҳар як инсони хирадпешаву оқил ба сони қарз аст. Набояд ҳаргиз фаромуш кард, ки об ҳамчунон манбаи ободӣ, хазинаи нуру рўшноӣ ва мояи шодиҳои ҳастиии инсонҳост. Аммо мутаассифона бархе аз инсонҳои беандеша ва камхирад даст ба олуда кардани обҳои пок мебаранд.  Ба наҳрҳову рўдро партовҳои хонаву коргоҳро мепартоянд. Обро бе сарфаю сариштакорӣ истифода мебаранд ва намедонанд, ки захираҳои об беҳудуд намебошанд ва агар обҳоро поку беолоиш нигаҳ надоранд, ҳама ба бемориҳои вогир гирифтор мегарданд. Бузурге хеле андешамандона гуфтааст:

 

Зи ҷӯе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,

        Набояд фикандан дар он сангу хок.

 

​​​​​​​

Адабиёти истифода шуда:

1. Суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, 21-уми декабри соли 2016 , зери унвони “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”. Солҳои 2018 – 2028, “Ҷумҳурият”, № 68 (23 411), 6 04 2018-04-20 18

2. З. Мирзоён, “Тоҷикистон; Арҷгузорӣ ба об” № 70 (23 4132), 9 04 2018-04-20 18

3. «Авасто», тарҷумаи Ҳошим Разӣ, Т. 1378 (1999), Обон Яшт, бандиI

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^