Инчунин дар толори Қасри фарҳанги ноҳия бахшида ба “Рӯзи Модар” чорабинии бошукуҳи сиёсию фарҳангӣ гузаронида шуд. Раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр нахуст ҳамаи модарону хоҳарон ва бонувони ноҳияро ба ин рӯзи фархунда шодбош гуфта, саҳми онҳоро дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ беназир арзёбӣ намуданд. Иброз доштанд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин рӯзро ба он хотир чунин ном ниҳоданд, ки эҳтироми амиқу арҷгузории хосаи Ҳукумати мамлакат ва худро ба бузургиву зебоӣ ва азамату олиҳимматии модарони поксиришту офарандагони ҳаёти инсонӣ собит созанд. Зеро аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад. Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд. Ҳамзамон раиси ноҳия ба як қатор занони фаъоли ноҳия аз номи мақомот Сипосномаҳо ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия бо сурудҳои саршор аз меҳру муҳаббати зан-Модар хотири аҳли нишастро шод гардониданд.
Инчунин раиси ноҳияи Балҷувон Сафарзода Бахтиёр дар бинои мақомот ва Гимназияи давлатии ноҳия бо занону бонувон вохурӣ анҷом дода, ба онҳо туҳфаҳо ва сипосномаҳо тақдим намуданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон