Таҳлили вазъияти Афғонистон нишон медиҳад, ки дар вазъияти буҳрони ҳарбӣ-сиёсӣ ва иқтисодии ҷой дошта миёни терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тиҷорати ғайриқонунии яроқ робитаи мустаҳкам ба вуҷуд омадааст. Аз рӯи нишҳондодҳои СММ, даромади ҳарсолаи ҷинояткории байналмилалӣ аз хариду фурӯши ғайриқонунии маводи мухаддир ба 400 миллиард доллари амрикоӣ баробар мешавад. Мувофиқи таҳлили коршиносони кишварҳои пасоШуравӣ, сарчашмаи асосии маблағгузории “Толибон” фоида бадастомада аз мафияи маводи мухаддири афғон ва покистон (зиёда аз 10 млрд.$ дар як сол) буд, коршиносони ИМА бошад даромади солонаи толибонро 7 млрд.$ ҳисоб кардаанд. Қисми аз маблағҳои даромад барои фаъолияти террористии минтақа ҷудо мегардид. Дар ибтидо исломгароён шарикии худро ба тиҷорати маводи нашъа пинҳон медоштанд, баъдан бар он ақида буданд, ки гӯё маводи мухадир низ ҷиҳод аст зидди кофирон: якум, маводи мухаддир барои кофирон интиқол меёфт; дувум, ба маблағҳои ба даст омада яроқ барои зидди кофирон харидорӣ мегардид. Дар бештари ҳолатҳо, бо чунин тиҷорат онҳое машғул буданд, ки бо мансабдорони давлатӣ риштаи хешутаборӣ доштанд. Гурӯҳҳои ҷинояткор бо мурури замон бо мансабдорони фасотзада, аз ҷумла бо кормандони сохторҳои қудратӣ, ки барои мубориза бар зидди тиҷорати ғайриқонунии маводи нашъаовар вазифадор карда шудаанд, якҷоя мешаванд.
Акбар САЛИМОВ
ходими калони илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо