ДУШАНБЕ, 18.02.2021 /АМИТ «Ховар»/. 18-уми феврали соли ҷорӣ Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Станислав Зас, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, вохӯрӣ анҷом дод, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар самтҳои ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ, муборизаи муштарак бо терроризм, экстремизм, қочоқи силоҳ ва маводи мухаддир мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо таъкид сохтанд, ки кишварҳои узви СААД омодаанд, ҳамгироӣ ва муносиботи судмандро, хусусан, дар масоили амниятӣ пурзӯр намоянд.