Коршиносон сабаби ин тазоњуроту нооромињоро дар болоравии нархи гази моеъ медонанд. Аммо Президенти Ќазоќистон Ќосим-Жомарт Тоќаев нооромии кишварашро «њамлаи терористон» ва «кўшиши табаддулоти давлатї» эълон кард. Ў изњор дошт, ки дастандаркорони бетартибињо дар Ќазоќистон «гуруњњои терористии аслан байналмилалї буда, дар хориљи кишвар аз тамрини љиддї гузаштаанд».
Ин воќеањои ногањонї, ки аз тарафи хоинони миллат тарњрезию амали карда мешаванд, танњо ба манфиати хољагони онњо мебошад. Њатто мардуми Ќазоќистон то ин дараља расидани вазъиятро интизор набуданд аммо мањс њамин хоинони бешараф аз халќ истифода карда, ба бетартибињои зиёд машѓул гардиданд. Ва аз номусоидии вазъият истифода намуда, хоинони манфур худашон ба ѓорат намудани моликияти шањрвандону давлати машѓул мегарданд.
Мусалам аст, ки ин хатарњо на танњо ба кишвари Ќазоќистон балки дар њар гўшаи љањон чунин вазъият шуданаш аз эътимол дур нест. Аз ин хотир мо мардуми шарафманду сарбаланди тољик, махсусан ќишри љавони кишварро зарур аст, ки ба ќадри њар лањзаи ширини Истиќлолияту сулњу Вањдат ва оромии кишвари азизамон расем ва нагузорем, ки пойи касрати хоинони ватанфуруш ин сарзамини поку осоиштаи моро доѓдор намояд.
Мудири Бахши кор бо љавонон ва варзиши ноњияи Балљувон
САНГОВ А.