Дирӯз раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Сафарзода Бахтиёр дар арафаи ҷашни Соли нави мелодӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 1 дидан намуда, ба зиёда аз 20 нафар хонандагони ятиму бепарастор ва ниёзманд тӯҳфаҳои солинавӣ тақдим намуданд. Ин ташаббуси раиси ноҳия аз сиёсати инсондустонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ гирифта, асоси мантиқии онро таъмини зиндагии шоиста ва таҳти ғамхорӣ қарор доштани наврасони ниёзманд, ташкил медиҳад. Хайру саховат ба ин ашхос беҳтарин хислати инсонист.
Фармудааст Шайх Аттор. Ятимон, бахусус тифлакони ятим касонеанд, ки дар зиндагӣ афсурдаву дилозурда. Барои онҳо ҳаёт гарчанде дар шароити хуб бошад хам, маъное надорад. Зеро барояшон бузургтарин меҳр, азизтарин ҳастӣ ва умеду орзуяшон, ки падарону модаронанд, намерасанд. ...
Беҳтарин амали нек парастории ятимон буда, ин гуна афрод дар ду дунё сазовори осоиш ва хушхолианд. Ба даст овардани дили ятимони бекас ба даст овардани дунёи азалист. Агар ятимеро дар ҳолати нороҳат ва афсурдагӣ вохурем, мебояд то охирин қудрату тавоноӣ ононро хурсанд кард, то бекасиву ятимиашонро эҳсос накунанд.
Ҳамзамон раиси ноҳия Сафарзода Бахтиёр дар муассисаи мазкур дар чорабинии соати тарбиявӣ вобаста ба хатми китоби Алифбо иштирок намуда, ба дуструякон китоби нави таълимӣ, яъне Забони модариро супориданд.
Хадамоти матбуоти раиси ноҳияи Балҷувон