Ҷашни наврӯз яке аз оинҳои бостонии ниёгони тамаддунпарвар ва соҳибмаърифати мо аст, ки аз фарорасии соли нави хуршедӣ ва баҳори зебову хаҷастапай мужда медиҳад. Наврузи аҷам, ки аз қадимтарин ҷашнҳои ориёӣ буда, дар тӯли асрҳои зиёд аз санҷишҳои мухталифи таърихӣ гузашта, бо ҳама зебоиву назокаташ то замони мо омада расидааст, имрӯзҳо қадами неку мубораки худро ба сарзамини мо мегузорад. Наврӯз дар таърихи тоҷикон мисли китоби муқаддасест, ки суннатҳои неки гузаштагони моро дар саҳифаҳои худ нигоҳ дошта, то ба замони мо расонидааст. Аз қадимулайём миёни мардум расм буд, ки наврӯзро азизу муқаддас медонистанд ва омаданашро интизорӣ мекашиданду тайёрӣ медиданд.
Боиси ифтихору сарбаландист, ки ватани аслии Наврӯз сарзамини тоҷикон буда, номи ширину гуворояш низ тоҷикист ва бо ҳамин ном, яъне Наврӯз ба тамаддуни миллатҳои дигар ворид шуда, ба иди бисёр халқҳои ҷаҳон табдил ёфтааст. Дар халқ ҳикматест, ки соле, ки накӯст, аз баҳораш пайдост. Ба ҳамаамон маълум аст, ки баҳори имсола бо боду ҳавои хеле ҳам мусоид ва ҷилою таровати хос оғоз шуд, ки ба марди деҳқон аз оғози кишту кор ва заминагузори ба ҳосили фаровони сол дарак медиҳад.
Имрӯзҳо меҳнаткашони ноҳия чун дигар сокинони ҷумҳурии азизамон баҳри пешрафту рушди мамлакат, беҳ намудани рӯзгор ва дар амал татбиқ намудани қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саъю кӯшиш намуда истодаанд. Дар тамоми гушаву канори ноҳия кабудизоркунӣ, дарахтшинонӣ, бунёду барқароркунии боғҳои наву кӯҳна, сохтмон ва таъмиру тармими иншоотҳои таълимию табобати ва фарҳангӣ, батартиб овардани роҳу кучаҳо идома доранд. Наврӯзи имсола дар шароите доир гардида истодааст, ки мардуми бофарҳанги ноҳия барои сазовор пешвоз гирифтани 35-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагиҳои ҷиддӣ дида истодаанд. Имрӯз мо аз он ифтихорманду дилпур ҳастем, ки бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдати миллӣ пойдор гардида имконияти васеъ пайдо шуд, ки дар чанд соли охир дар мамлакат ҷашни наврӯзи оламафрӯз дар фазои сулҳу суббот ва якдигарфаҳмӣ ба таври хоса қайд гардад.
Мо бояд шукри даврон намоем, ба қадри заҳматҳои дар роҳи таҳкими сулҳу вахдат ба харҷ додаи роҳбари давлат бирасем ва барои обод гардонидани ватани азизи худ қуввату ғайрат ва ҳиммати худро дареғ надорем. Халқи бофарҳангу бономуси мо дарк намуд, ки истиқлолияти воқеиро танҳо бо меҳнати софдилонаю созанда, тафаккури пешрафта, эҳсоси гарми ватандустӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ метавон пуштибонӣ кард.
Аз ин лиҳоз ҷашни Наврӯзи имсола натанҳо ҳамчун иди баҳору кор, иди марди деҳқон, балки башоратдиҳандаи ҷашнҳои фарҳангу маънавиёти бузург ва худшиносии миллати тоҷик мебошад. Бо фарорасии иди зебои Наврӯз ҳамаи мардуми шарифи ноҳияро табрику муборакбод намуда, барояшон тани сиҳат, бахту саодат, хонаи ободу дастурхони пурфайз ва сари баланду некномӣ орзумандам.