16-уми октябр бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ва Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ёдгор Файзов маҷлиси фаъолони ВМКБ баргузор гардид, ки дар он аз фаъолияти якмоҳаи Ситоди байниидоравии мақомоти таъмини амният дар вилоят натиҷагирӣ карда шуд.
Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов таъкид дошт, ки сулҳу оромӣ заминаи асосии созандагию ободкорӣ ба ҳисоб меравад. Зикр гардид, ки маҳз бо талошу ҷонбозиҳо ва заҳматҳои шабонарӯзии шахсияти таърихӣ-Асосгузори сулҳу ваыдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик, ки бар асари ҷангҳои шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта парешон гашта буд, ба ҳам оварда шуда, сулҳу оромӣ дар ин кишвари ҷангзада аз нав барқарор гардид. Ин ҳама шаҳодати он аст, ки нангу номус, тавоноии Пешвои муаззами миллат аз тамоми манфиатыои шахсӣ боло дониста шуда, барои рушди босуботи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии кишвар заминаи воқеӣ гузошта шуд.
Таъкид гардид, ки ҳар як сафари Пешвои миллат ба минтақаҳои гуногун кишвар дар пайи худ ободкориҳо дорад ва зимни сафари кории навбатии Сарвари давлат ба шаҳру ноҳияҳои ВМКБ бузургтарин корхонаҳои истеҳсолӣ, аз ҷумла Корхонаи коркарди маъдан ва НБО-и «Тоҷикистон» мавриди истифода қарор дода шуданд. Дар маҷмуъ ҳангоми ин сафар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 20 адад иншооти таъиноти гуногун бо маблағи зиёда аз 890 миллион сомонӣ аз манбаъҳои гуногуни маблағузорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд, ки аз таваҷҷӯҳи хоси Пешвои муаззами миллат ба рушду ободонии ин гӯшаи дурдасти кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.