Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 МУАЛЛИМИ МАН » Нохияи Балчувон
Информация к новости
  • Просмотров: 1889
  • Автор: admin
  • Дата: 9-05-2024, 09:32
9-05-2024, 09:32

МУАЛЛИМИ МАН

Бахш: Хабар

Бузургтарин неъмате, ки дар дунё арзи ҳастӣ мекунад, илму дониш ва фарҳангу маърифат аст.

Мактабҳои миёнаву олӣ на барои он ифтихор мекунанд, ки чӣ миқдор шогирд тарбия кардаанд. Бо он фахр доранд, чӣ қадар шогирд тарбия кардаанд, ки барои мардум ва ҷомеа фоидабахш будаанд.

 Дар давлат бузургтар ва муқаддастар аз мактаб дигар муассисае вуҷуд надорад. Ва вуҷуд дошта ҳам наметавонад. Он чизе, ки дар ҷомеа ҳаст – сохти давлатдорӣ, сулҳу суботи имрӯзу оянда, рушду тараққиёт аз мундариҷа, муҳтаво, сифат ва натиҷаи кори мактаб вобаста аст. Ва «Мактаб нерумандтарин воситаи озод кардани инсон ва нерумандтарин воситаи ғулом кардани инсон мебошад. Дар давлати озод мактаб воситаи озод кардан ва дар ҷамъияти тафаккури маҳдуд воситаи ғулом кардани инсон аст» (В. Либкнехт).

Муҳиммияти мактаб аз ҳафт то ҳаждаҳ соли ҳаёти инсонӣ фурсати бунёди таҳкурсии ҳаёти боқимондаи одам аст.

Дар мавриди фаъолияти мактаб гуфтан мушкил аст, ки чӣ дар ҷойи аввал меистад – таълим ё тарбия?

Инҳо мафҳумҳои якдигарро пурракунанда мебошанд. Бе якдигар вуҷуд дошта наметавонанд. Дар ин маврид метавон баҳс кард. Лекин ба андешаи мо, дар ҳар ҳолат, тарбия дар ҷойи аввал меистад. Он мафҳуми полисемӣ, ҷамъбастӣ, хулосавӣ ва муайянкунанда аст.

Таълим муҳимтарин воситаи системакунонӣ, асоснок намудан, тақвият бахшидани маънавияти инсонӣ, танзимгари ният ва нақшаҳои созандаи тарбия аст.

Илм воқеиятбахшӣ, самаранокӣ, натиҷагирӣ ва самтҳои таълимро муайян ва таъмин мекунад. Ва албатта, «Тарбия ва фақат тарбия - мақсади мактаб мебошад» (И.Песталотси). Маърифаткунонӣ бошад, асбоби тарбия аст.

Дар ҷараёни таълиму тарбия муаллим шахсияти марказӣ, офарандаи фазо ва амаликунандаи мақсадноки тарбия аст.

Бинои ҳозиразамони мактаб, васоити техникӣ, синфҳои компютерӣ, майдончаҳои барҳавои варзишӣ гарчанде муҳимманд, аммо нақши марказонидашудаи муаллим меҳвари муайянкунандаи ҷараёни маърифаткунонии бунёдии ҷомеа буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.    

Дар ҳар мактаб, ҳадди ақал, мебояд чанд муаллиме фаъолият кунанд, ки талабагон имкон дошта бошанд, то дар сатҳи кадом як синфе «аз дасти онҳо гузаранд». Муаллимоне, ки дар тахассусмандӣ, мақсаднокӣ ва самтгирии тарбияи шогирдон хотирмон бошанд. «Омили худшиносӣ ва ҳидояткунандаи шинохти воқеияти ҳастӣ гарданд» (Г.В.Ф. Гегел).

Агар мактаб ин имкон ва қудратро дошта бошад, худкифо ва комгор аст.

Барои ман ҳамчунин муаллим, ки баъдан тамоми умр «ангуштгазидание ба шогирдон монд», Усмон Раҳмонов буд.

Ӯ як марди қоматбаланд ва тануманд, ба андозаи баданаш каллаи калон дошт. Сафедпӯст, чашмони тоҷикии моил ба ҷустуҷӯйи дарки умқи инсонӣ, ҳаракатҳои бидуни кӯшиши зиёдатии аз худ гузоштани таассурот ба фоидаи эътирофи фазилатҳои хеш, камгап, аммо хушсухан, ҷиддӣ, лекин кушодарӯ, донишманд, вале хоксор, серталаб, ҳамзамон одил буд.

Муносибати ӯ бо атрофиён дар мувозинат ба синну сол ва манзалати онон қарор дошт.

Шояд дақиқ набошад, аммо чунин ба назар мерасид, ки Усмон Раҳмонов ба ҳамсуҳбат зиёд эҳсоси ниёзмандӣ намекард.

Ё чунин хислат дошт.

Ба назари мо, шогирдон  менамуд, ҳамсонеро, ки ӯ дар дараҷаи ҷаҳонбинӣ, дониш, дарки воқеияти ҳастӣ ва умқи муҳокимаронӣ наздик ба худаш бошад, камтар пайдо мекард.

Аз ҳамин ҷиҳат, муомилаи Усмон Раҳмонов бо дигарон дар дараҷаи салому алейк, ҳолпурсӣ ва тасдиқи воқеии эҳтиромоти якдигарӣ маҳдуд мегашт.

Аз худ шахси андешаманд, огаҳ ва моил ба навҷӯиро мемонд. Кӯтоҳсухан буд. Аммо ҳар вақт маънӣ, фикри бикр ва андешаи ҷолиби таваҷҷуҳ мегуфт. Соҳибмаълумоти воқеоти замони зуд тағйирёбанда буд. Гумон мекардӣ, ки ин шахс дар бораи тамоми рӯйдоде, ки  дар табиат, ҷамъият ва маънавиёт мегузарад, маълумоти батафсил дорад. Агар нафаре зарурат ба дониш дошта бошад, метавонад дар ин бора аз ӯ маълумоти пурра бигирад.

Бо ҳамин хислату фазилати шояд барои худи ӯ ноаён, таваҷҷуҳ ва эҳтироми  ҳамагонро ба худ ҷалб мекард.

Усмон Раҳмонов дар ҳамсояқишлоқи мо – Иттифоқ зиндагӣ мекард. Ба кор пиёда омаду рафт дошт. Масофа севу ним чор километр бошад ҳам, аз ягон намуди нақлиёт истифода намебурд.

Соле, ки мо дар синфи панҷум мехондем, ӯро директори мактаб таъйин карда буданд.

Фақат шиму костюми сиёҳ, куртаи рангаш сафед ё ширчойӣ, кафши якхелаи сиёҳ мепӯшид. Тоқии чустӣ мемонд. Ранги тоқӣ хира нашуда, онро иваз мекард. Либосҳои муаллим доимо пок ва ниҳоят эҳтиёткорона дарзмолшуда. Сарфи назар аз боду ҳаво ва масири деҳа пойафзолаш доимо тозаву озода. Бо гузашти чанд сол, вақте собиқ шогирдон дар бораи хислатҳои муаллим Раҳмонов суҳбат мекардем, яке аз ҳамсинфони мо гуфт:

 Ёд доред, дар давоми дарс муаллим Раҳмонов гоҳо аз ҷайб рӯймолчаи дастиашро бароварда, бо назокати хос ва номаълум пешонии худро пок мекард. Ин рӯймолча хеле тоза, ҳарир, эҳтиёткорона чорқатва дарзмолшуда, монанд ба қоғази оҳарии дастнорасидаи хат-хат буд.

Он вақт бори дигар фаҳмидам, ки на танҳо ман, балки дар ҳамон синну соли наврасии мактаби ҳаштсолаи деҳоти дурдаст, хонандагон ба камтарин ҷузъиёти рафтор, гуфтор, тарзи либоспӯшии муаллимон таваҷҷуҳ мекарда будаанд. Ва он якумр дар хотири шогирдон боқӣ мемондааст.

Баъзе муаллимон бо сабаб ё шояд баҳона, ягон ё якчанд дақиқа ба дарс дер мекарданд. Дар чор соле, ки муаллим Раҳмонов моро аз таъриху география дарс мегуфт, бо ӯ як дафъа ҳам чунин лаҳза иттифоқ наафтода буд.

Мо дарси муаллим Раҳмоновро бесаброна интизор мешудем. Аммо чӣ тавр ин соатҳо мегузаштанд, бехабар мемондем. Ва баъзан чунин ҳолат мешуд, ки аз ҳисоби танаффус ҳам ӯ ба суолҳои мо ниҳоят бодиққат ва мушаххас ҷавоб медод.

Боиси таассуф буд, ки дар замони то Истиқлоли давлатӣ, ба барномаи дарсии «Таърихи Тоҷикистон» таваҷҷуҳи камтар зоҳир мешуд. Соатҳо басанда набуданд. Ба ғайр аз ҳафриёти археологӣ дар мавзеъҳои Аҷинатеппа, Кайқубод, Тешиктош ва баъзе дигар рӯйдодҳои начандон муассири таърихӣ, маълумоти ҷолиби таваҷҷуҳе мавриди омӯзиш қарор намегирифт. Донишҳо доир ба таърихи халқи тоҷикро мо бештар аз китобҳои дарсии адабиёти тоҷик мегирифтем.

Китобҳои асосии дарси таърих ва география – «Таърихи СССР» ва «Географияи табиии СССР» буданд.

Ин китобҳо ҳам берун аз Тоҷикистон таълиф мешуданд. Барои тамоми хонандагони шашяки рӯйи замин ягона маҳсуб мегаштанд. Ба забонҳои миллӣ тарҷума мешуданд. Аммо эътироф бояд кард, ки дар замони Шӯравӣ барои коркарди барномаҳои таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ беҳтарин мутахассисон – олимони номдоре, ки дар эҷоди асарҳои илмӣ, илмӣ - педагогӣ машҳуру маъруф буданд, ҳамзамон, муаллимони эҷодкор ва забардасти мактабҳои олии мамлакат ба ҳисоб мерафтанд, ҷалб мешуданд.

Ҳамин тариқ, китобҳои номбаршуда – таъриху ҷуғрофияи Ватани маҳбуби замонро мо сидқан қабул мекардем. Аз таги дил мехондем. Ба маънӣ ва мантиқи онҳо эътимоди бузург доштем.

Бидуни шак, муҳтавои кори мактаб ҳам дар барнома ва ҳам дар китобҳои дарсӣ қатъиян мувофиқ ба сиёсати расмии давлатдорӣ ташкил мешуд. Коркард мегардид. Ифода меёфт. Роҳандозӣ мешуд. Муҳтавои ин фаъолият манфиати субот ва пешрафти ҷомеаро дар назар дошт. Нуқтае барои эҷоди шубҳа нисбат ба ҷаҳонбини илмӣ намегузошт.  

Муаллим Усмон Раҳмонов ба дарсҳо бо тайёрии ҳаматарафа меомад.  

Мо, шогирдони собиқ то ҳол фикр мекунем, ки ӯ маводи дарсии мактаби миёнаро ҳанӯз дар замони донишҷӯйӣ ниҳоят хуб аз бар карда будааст. Зеро мо ҳис мекардем, донишҳое, ки муаллим ба мо медод, хеле васеъ аз доираи мавзуъ ва мундариҷаи китобҳои дарсӣ буданд.

Воқеан, «Барои он ки дигарҳоро омӯзонӣ, бояд худат бисёр чизҳоро донӣ» (В.Короленко).

Ҳамзамон, эҳсос мегардид, ки муаллим китоби дарсиро бо дарки умқи фаҳми муаллифи он аз худ кардааст. Адабиёти иловагӣ дастрас намудааст. Онҳоро хуб омӯхтааст. Барои мисол, аввалин бор маҷаллаҳои машҳури илмӣ ва илмӣ-оммавии «Вопросы истории» ва «Вокруг света»-ро мо хонандагони мактаби деҳот дар дасти муаллим Раҳмонов дида будем. 

Ӯ дар дарсҳо суханҳои нав ва махсусан ҷолиб мегуфт. Муҳокимарониҳои донишмандона мекард. Вобаста ба мавзуъ мисолҳои ҷолиби таваҷҷуҳ меовард. Дили шогирдони ташнаи донишро тасхир менамуд. Мо, талабагон байни худ пичир-пичир мекардем, ки ин навгӯӣ ва навгониҳои муаллим ба мавзуи дарс аз китобу маҷаллаҳои иловагӣ аст. Ва чунин хулосаҳо асоснок буданд.

Усмон Раҳмонов дарси навро чунон далелнок ва завқманд мебурд, ки мо на танҳо вазифаи хонагиро тайёр мекардем, балки бетоқатона дарси навбатӣ – мавзуеро, ки ҳанӯз муаллим нагузаштааст, мехондем. Мехостем фаҳмем, ки давоми мавзуъ чӣ гуна вусъат пайдо мекарда бошад. Ҳамзамон, ин амал ба мо имкон медод муҳокимаронӣ кунем, то кадом дараҷа муаллим аз маводи нав, ки дар китоби дарсӣ нест, истифода мекардааст.

Вақте фаҳмидем, ки чунин муносибати Усмон Раҳмонов ба дарс тасодуфӣ ва лаҳзагӣ нест, шакли фаъолияти доимии ӯст, аввалин бор ташаббускорона барои худ дафтари дарси таърих кушода, суханҳои ӯро мисле, ки дар мактаби олӣ лектсия гӯш мекарда бошем, менавиштем. Аммо муаллим ба ин кори мо зиёд таваҷҷуҳ намекард. Ӯ роҳу усули дарсдиҳии худро ҳамон тарз идома медод.

Он замон беҳтарин асбоби аёнӣ харита буд. Муаллим вобаста ба мавзуи дарс харитаи мувофиқро интихоб карда меовард. Онро ба тахтаи синф насб мекард. Ҳангоми дарс гуфтан худ ба худ маълум мешуд, ки Усмон Раҳмонов ин харитаҳоро аз ёд медонад. Дар дараҷаи ниҳоят баланди тахассусмандӣ матни маводи дарсиро бо харитаи марбута пайваст карда метавонад. 

Яке аз мавзуъҳое, ки шогирдонро ҳайратзада мекард, дар тахтаи синф бо бӯри одӣ кашидани харитаҳои ҷангӣ, муайян кардани мавқеъҳои муҳорибаи тарафҳо, самтҳои ҳуҷум, тағйир ёфтани мавқеи низои ҷонибҳо, истифодаи санъати ҷангӣ, зарба задан ба мавқеи душман аз камин ва самтҳои барои рақиб ногаҳонӣ, ҳамзамон бо ин, ном ба ном донистани фармондеҳони қӯшунҳои тарафҳо, генералҳо ва афсароне, ки дар рафти ҷанг роҳу восита ва корнамоиҳои фавқулода нишон медоданд, ба ҳисоб мерафт.

Ӯ тавассути шарҳ додани муҳтавои воқеа, зуҳурот ва ҳодисаҳо қадам ба қадам ба моҳият ва мақсади дарс наздик мешуд. Ба воситаи тафсири мундариҷаи мавзуъ бо далелҳо, ноаён, зина ба зина эҳсоси хонандаро ба муҳтавои масъала, тавре ки мехост, бедор мекард. Кӯшиш менамуд, моҳияти мавзуъ бо заҳматҳои асиле, ки мекашид, ба хонандагон равшану фаҳмо гардад.

Психологияи шогирдонро хуб медонист. Ва аз ин мушоҳида ва хулосаҳои омӯзандаи худ муваффақона истифода мекард.

 Муҳтаво ва мундариҷаи ҷаҳонбинии инсондар таносуб ба илм мисли муҷассамаест, ки бояд хосияти бунёдӣ дошта бошад. Ояндаи инсон вобаста ба он аст, ки ин таҳкурсӣ аз кадом мавод, барои кадом иморат ва барои чӣ таъйиноте сохта шудааст? Маълум аст, ки  «Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст, Ҳамеша то бувад оин-ш, гирдгардон буд» (Рӯдакӣ). Оё ин зербино ба чунин шароиттобовар ҳаст ё не? Тавоне дорад, ки дар болои он бинои зиндагии мақсаднок, барои манфиати худи инсон бунёд шавад?

Муаллими мо ин нозукиҳоро хеле хуб медонист. Кӯшиш мекард бо мисолу далелҳои таърихӣ шогирдонро бовар кунонад, ки одам қудратмандтарин муъҷизаи табиат аст. Аз ӯ нерумандтар дар олам чизи дигаре нест. Фақат гап сари он аст: ӯ мақсадгузории худро, ки доимо барои беҳбуди зиндагии воқеӣ, заминӣ равона шудааст, бо кадом роҳу восита амалӣ карданӣ аст.

Мехост толибилмонро соҳибмаърифат, мустақил, ҷӯянда, навовар, нотарс ва мубориз тарбия  кунад. Ва ин сифатҳо коромади манфиатҳои Ватан бошанд. Доштани чунин хислатҳоро шарти ба ҳам мувофиқ омадани неруҳои руҳӣ ва ҷисмонӣ медонист. 

Рӯзе устоди мо дар дарси география дар бораи таърихи кушодани қитъаи Америка муҳокима ронда, суханҳои иродатманди кашфкунандаи «Ҷаҳони нав»-ро хеле муваффақона мисол овард: «Эй мардум! Ман як нафар камбағали генуягӣ ҳастам, ки ба Лиссабон омадаам! Китобҳои куҳна мефурӯшам. Ва харитаҳои баҳрӣ мекашам. Агар замоне шумо шунидед, ки дар олам қитъаи наве кушода шудааст, дониста бошед, ки ин корро каминаи камтарини шумо, Христофор Колумб кардааст!!!».

Муаллим Раҳмонов ин суханҳоро тарзе образнок ва ботантана мегуфт, ки гӯё худи ӯ Христофор Колумб бошад ва ӯро ифтихори кушодани чунин қитъа дар пеш аст. Ва мехоҳад аз байни мо талабагон дар ин кори ниҳоят хатарнок, аммо шарафманд ҳамсафари донову ғаюр интихоб ва омода кунад.

Ҳангоми таълими дарсҳо муаллими мо мекӯшид, ки дар шуури хонандагон ҷаҳонбинии илмӣ тарбия кунад, то онҳо ҷаҳонро на аз рӯйи таассубу хурофот, афсонаҳои бепоя, балки бо чашми хирад нигаранд. Дар зиндагӣ фиреб нахӯранд. Раҳгум назананд. Эътиқоди бунёдии илмӣ ҳамсафари ҳаёташон бошад.

Кушодани қитъаи навро аз ҷониби Колумб натиҷаи панҷ хислати бузурги ӯ маънидод мекард: муҳаббат доштан ба китоб, сару кор гирифтан ва омӯхтани адабиёти илмӣ (1), касбияти олӣ (2), иродаи қавӣ (3), ватанпарварӣ (4) ва ҷасуриву далерӣ (5).

Мо бачаҳои давр ба зоҳир ва рафтору кирдори муаллимамон нигариста, суханонашро гӯш карда, ба ӯ эътиқод доштем. Аз  ӯ ифтихор мекардем. Муътақид будем, ки ҳамин панҷ хислат дар ботини худи муаллими мо Усмон Раҳмонов ғолибият дорад. Ва мо бояд  пайрави ӯ бошем.

Муаллими мо кӯшиш мекард, ки бачаҳо аз ҷаҳонбинии ғайриилмӣ, он чизе ки аз ҳақиқат дур аст, дар таҷрибаи таърихӣ собит нагаштааст, барои тараққиёти илму маърифат монеа эҷод мекунад, фосила бигиранд.

Таъкид мекард, ки қимати инсон баробар  ба  дараҷаи дарки олами воқеӣ тавассути ақлу донишу таҷриба аст. Инсон ҳамон вақт ба зиндагии шоиста муяссар мешавад, донад, ки бузургтарин офаридаи табиат ва ҷамъияти инсонӣ худи Инсон аст.

Вақте муаллим дар бораи таърихи мамлакатҳои Шарқ ва Африқои Шимолӣ суҳбат мекард, бо мисолҳои дақиқ шарҳ медод: то вақте ки инсон қудрати фаҳмидани сирри қувваҳои олами атрофро надорад, вай маҷбур мешавад кӯр-кӯрона ба тақдир тан диҳад. Ӯ гаштаву баргашта таъкид мекард, ки фақат дониш метавонад ба одамизод сабабҳои бадбахтии ӯро ошкор созад. Роҳҳои хушбахтӣ ва пирӯзиашро нишон диҳад.

Усмон Раҳмонов зинаҳои тараққиёти инсониро бо мисолҳои одӣ мефаҳмонд. Дар яке аз дарсҳо аз таърихи асрҳои миёна, дар бораи чӣ тавр аз феодализм ба капитализм гузаштани халқҳои Аврупоро дар мисоли корхонаи сӯзанбарорӣ мисол овард.

Барои ноил гаштан ба мақсади дарс ӯ ҷараёни аз фулозот то маҳсулоти тайёр шудани ин асбоби одӣ – ҷараёни истеҳсолотро ба мо бачаҳои деҳот нақл кард. Ин дарс чунон ҷолиб буд, ки гӯё худи муаллим директори корхона, сардори сех, муҳандис, технолог, коргари одӣ, мудири шуъбаи санҷиши сифати маҳсулот, корманди агентии рекламаи маҳсулоти тайёр, сардори муассисаи фурӯши мол ва оқибат истифодабарандаи он бошад.      

Барои мо мавзуъҳои аввалин бор дар Белгия сохта шудани роҳи оҳан, аз ҷониби Ричард Треветик ихтироъ гардидани машинаи бо буғ ҳаракаткунанда ва монанди ин кашфиёт ҷолиби таваҷҷуҳи махсус буданд.

Муаллим, ҳамзамон, омилҳои пешрафти мардуми Ғарбро тафсир мекард. Таъкид менамуд, ки ҳарчӣ бештар донишҳои худро дар самти илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ сайқал диҳем ва истифода намоем.

Вобаста ба мавзуъҳое, ки устоди мо, тибқи барномаи таълимӣ, бароямон дарс мегуфт, таъкид менамуд, ки табиат дару девор, мошин, роҳҳои оҳан, нақбҳо, нақлиёт ва неругоҳҳои обии барқиро намесозад. Ҳамаи инҳо маҳсули майнаи инсони босавод, мутахассис, ба тарзи дигар, натиҷаи донишҳое ҳастанд, ки дар шакли воқеӣ, моддӣ, зинда рӯйи кор оварда шудаанд. 

Яке аз суханҳои хотирмони муаллим Раҳмонов барои шогирдон, ки ҳамзамон, мо онро кӯтоҳнавис карда, баъдан як умр фаромӯш накардем, он буд, ки таърихи тараққиёти ҷамъият аз таърихи инкишофи табиат фарқ мекунад. Агар мо дар ин маврид таъсири инсонро ба табиат ва ҳолати баръаксро ба назар гирем.

Дар табиат, дар маҷмуъ, ҳодисаҳои пайдарҳам ва ба якдигар вобаста рӯй медиҳанд. Онҳо қонунмандиҳои муайяни ҷараёни табиатро ташкил менамоянд.

Муаллим бо мисолҳои мушаххас, дақиқу равшан нишон медод, ки чунин рӯйдодҳо берун аз шуури инсон ба вуқӯъ мепайванданд. Одам танҳо тавассути илму дониш метавонад ҳодисаҳои табиатро пешгӯӣ кунад. Ба онҳо таъсир расонад. Аз онҳо истифода намояд. Инро таърихи ҷамъият гуфтан мумкин аст.

Муҳимтарин қисмати таърихро, таъкид мекард муаллим Раҳмонов, таърихи ҷамъият ташкил мекунад. Ин шакли ҷаҳонбинӣ аз таърихи табиат куллан фарқ дорад. Ташаббускор ва қувваи ҳаракатдиҳандаи он инсони бошуур аст. Ва дар ҷамъият таърихи гурӯҳҳои этникӣ, халқҳо, миллатҳо, синфҳо, табақаҳои иҷтимоӣ ва давлатҳо, тамоми кӯшишҳо, ҳаракатҳо, равандҳо, ҳолат ва натиҷаи онҳо дар кадом шакле, ки бошанд, фақат ва фақат натиҷаи амали мақсадноки инсонанд. На чизи дигар. Бе амали қаблан тарҳрезишудаи одам, дар таърихи ҷамъият ягон дигаргунии ҷиддӣ, хоҳ ба фоидаи инсон ва хоҳ бар зарари он бошад, ба вуҷуд намеояд. Инро муаллим зуҳуроти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, сиёсӣ - ҳуқуқӣ, ҷамъиятӣ - идеологӣ ва адабӣ - маданӣ мегуфт ва ҳар яки онҳоро шарҳ медод.

Бо гузашти солҳо, сарфи назар аз интихоби касб, мавқеи иҷтимоӣ, инсон ҳаргиз устодони худро, ки дар таълиму тарбияи ӯ саҳм доштаанд, махсусан таъсиргузор ва тақдирсоз будаанд, фаромӯш намекунад. Дар қисмати худ онҳоро сабабгор ва шарику ҳамдам мешуморад. Дар лаҳзаҳои нек ва мушкилоти пешорӯ ҳам муаллимонашро ба ёд меорад.

Тарбияи инсон душвортарин, ҳамзамон, бузургтарин масъулият аст, ки ба дӯши муаллим вогузор шудааст.

Таҷрибаи кори Усмон Раҳмонов, ба назари  ман, намунаи олии фаъолияти тахассусмандонаи мақсадноки як муаллими одии деҳаи дурдасти  замони бе чароғи барқӣ буд. Ӯ тамоми ҳастии худро барои бунёди ҷаҳонбинии илмии шогирдон, эҳтимоли шахсиятсозии онон равона мекард. Тавассути таълиму тарбия, ки шахсияти худи муаллим, зоҳир, ботин ва рафтори ӯ қисмати муҳимми ин ҷараён буд, заҳмат мекашид, ки фарзандони мардумро барои фоидаи худи мардум, барои шинохти илмии замона ба хотири рушди ҷомеа омода намояд. 

Баъди хатми донишкада ман ба мактаби деҳаи Ориён ба кор омадам. Муаллим Усмон Раҳмонов ба муаллимони ҷавон таъкид мекард, ки мақсади аслии таълиму тарбия муътақидкунонист. Агар мактаб аз уҳдаи ба донишҳои илмӣ, замонавӣ мусаллаҳ ва аз каромоту хурофот, фанатизми динӣ ва тақдирпарастӣ раҳо кардани шогирдон набарояд, онро макони илм ва боргоҳи маърифат номидан хатост. Мо, шогирдон медонистем, ки худи муаллими мо дар ин кор намуна ва мумтоз аст.

Муаллим У. Раҳмоновро устоди таърихшиносони маорифи деҳот, фидоии илму маърифат ва намунаи олии омӯзгори мактаб, муҳандиси бузурги руҳи шогирдон номидан арзанда аст. Номи чунин муаллимони беунвони замон ва корномаи онҳо  ҷовидон мемонад.

Дар бораи муаллим Усмон Раҳмонов бо суханони шоири маъруфи асри ХI Абусаиди Абулхайр гуфтан мумкин аст :

 

Ин умр ба абри навбаҳорон монад,

Ин дида ба сели обшорон монад.

Эй дӯст, чунон бизӣ, ки баъд аз мурдан,

Ангушт газидане ба ёрон монад.

 

                                                                               С. Ятимов

Бознашр аз «Ҷумҳурият», № 80-81 аз 30.04.2024

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^