Тўли чанд сол буд, ки њизби њоло мамнуъи нањзати исломї дар сањнаи сиёсат љавлон мекард ва дар ниќоби «озодии баён» фикру андешањои ботили худро бар сари мардум тавассути рўзномаву сайти интернетиаш бор мекард. Њоло он ки мардум дигар зирак шудаву ба суханњои пўчу мемаѓз гўш намедињад.
29 сентябри соли 2015 аз тарафи Суди Олии Љумњурии Тољикистон ЊНИТ њамчун ташкилоти экстремистї ва террористї эълон шуд. Ин ба он хотир буд, ки дар сиёсати ин њизб амалњои ифротгарої зиёд ба чашм мерасид. Ифротгарої имрўз ба мушкилии љањонї табдил ёфта, аксари мамолики оламро ба ташвиш овардааст. Воќеањое, ки рўзњои охир дар Тољикиситон ба вуќўъ пайвастанд, роњбарияти Њукумати мамлакатро водор сохтанд, ки нисбат ба ин масъала бетафовут набошанд ва вањдати бо душворї ба даст омадаро њифз намоянд.
Боиси таассуф аст, ки ваќтњои охир аксар љавонон аз надоштани иттилооти даќиќ, паст будани савияи дониши сиёсї ва њуќуќї ба гурўњњои ифротгаро, ки бо ном «исломї» мебошанд ва бо ин кирдору корњояшон нуфуз ва ќадри исломро дар олам паст мезананд, шомил мешаванд. Оё онњо намедонанд, ки оќибати ин бозињои сиёсї бо ниќоби ислом давлатњои пешрафтаи дунёи исломро ба чї њол оварда расонд. Њоло дар Ироќ, Сурия, Либия, Яман њокимияти давлатии комил вуљуд надорад. Ќариб ба њамаи ин давлатњо хавфи аз харитаи љањон нест шудан тањдид мекунад.
Баста шудани ЊНИТ бо фаъолияти мазњаби Абуњанифа дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон вобастагие надорад. Фаъолияти њизбњои тундгарои сиёсии динию ѓайридинї дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон баъд аз пошхўрии Иттињоди Шўравї пайдо шудаанд. Таъсири манњус ва баде, ки ба фаъолияти њизбњои гуногун расонида шуда буд, аз вазъи ноороми Љумњурии Исломии Афѓонистон сарчашма гирифтааст. Солњои 70-80-уми асри гузашта теъдоди бузурги лоињањои исломї бо дастгирии кишварњои абарќудрати љањонї ба муќобили будубоши нерўњои шўравї дар ќаламрави Афѓонистон роњандозї гардид, ки он мазњаби њанафии Покистон ва Афѓонистонро ба мазњаби тундгарои љанговар табдил дод ва таъсири он ба баъзе рўњониён ва гурўњњои љомеаи мо низ расид. Бинобар њамин, метавон гуфт, ки баста шудани ЊНИТ ягон пайомади манфї нахоњад дошт
Баста шудани Њизби нањзати исломии Тољикистон сариваќтї мебошад, зеро ислом ба њељ њизб ниёз надорад. Аслан байни дин ва сиёсат як фарќияти калон вуљуд дорад-асли дин эътиќод аст, сиёсат бошад масъалањои идоракунии љомеаро њал мекунад. Дар шароити имрўза, ки дар натиљаи ба сиёсат омехта кардани дин дар гўшањои гуногуни олами ислом ин ќадар низоъ ва амалњои номатлуб рўй дода истодаанд, чунин мешуморем, ки баста шудани фаъолияти њизб айни њамон чизест, ки имрўз љомеаи тољик ба он ниёз дорад ва амалї шудани онро таќозо дорад. Он њодисањои мудњише, ки дар ибтидои моњи сентябр дар мамлакат ба амал омаданд, бори дигар собит намуд, ки воќеан њам ба сиёсат омехта кардани дин натиљањои зараровар ва манфї ба бор меоранд. Гуфтан мумкин ба љойи пешрафти љомеаро таъмин намудан, баръакс љомеаи мусулмониро чун дигар кишварњои олами ислом ба монанди Сурия, Ироќ, Афѓонистон дањсолањо ба ќафо мепартояд.
Мавќеи Њизби нањзати исломї аз тањаммулгарої ба ифротгарої таѓйир наёфтааст, балки ифротгарої асли сиришти Њизби нањзати исломї мебошад, зеро ифротгароии худро ин њизб аллакай дар њодисањои солњои гузашта нишон дода буд. Ман фикр мекунам, ки тањаммулгароии ин њизб ё ин ки мавќеи сабрро пеша намудани ин њизб ва роњбарияти он муваќќатї буд, чунки шароит имкон намедод, ки онњо чењраи аслии худро нишон дињанд. Онњо мунтазири фурсати муносиб буданд. Тањаммулгароии онњо муваќќатї ва барои пинњон кардани њадафњои аслї буд, мунтазир буданд, ки хуљаинњои хориљиашон ба онњо ишорае кунанд ва ё дар муњити дохилии љомеаи мо барои онњо фурсати муносиб пайдо шавад ва онњо аз худ дарак дињанд.
Камбахтона, имрўз њастанд онњое, ки бо тарѓиби рўњониёни љоњил, исломиёни сиёсатгаро кўркўрона рафтори он хуношомонро њаќ бароварданї мешаванд ва ин сиёсати вањдаткушро нисбат ба парчамбардорони чароѓи маърифат идома доданї мешаванд. Мабод он рўз! Чароѓи маърифат хомўш нахоњад гардид, чунки мардуми шарифи Тољикистон оќибати исломи сиёсї, сиёсати хавфнокро медонад ва роњ нахоњад дод, ки љомеа дубора ба хоку хун оѓўшта гардад. Њоло аз он муддат ваќти зиёд нагузаштааст, ки рўњониёни љоњил аз нав сар бароварда, бо ташвиќи гурўњњои тамаъкор, њизбњои дурўѓин ва авомфиреб чун њизби нањзати исломї муаллимро кофир ва љанозаашро нораво эълон карданд. Ин хатар њоло њам аз миён нарафтааст. Агар пеши роњи ин љоњилон гирифта нашавад, ба таъбири устод Садриддин Айнї, ба дањонашон мўњри хомўшї зада нашавад, дере нагузашта, њазору як шарти дигар ба миён мегузоранд, чун: нодуруст будани љашни сари соли нави милодї, Наврўз, Сада ва ѓайраву њоказо. Дар тамоми таърихи мављудияти ислом Наврўзро манъ накарданд. Аммо имрўз «њомиён» ва «донишмандон»-и ислом пайдо шудаанд, ки Наврўзро куфр њисобиданд. Таърих магар рафтору кирдори ин вањшиёни љоњилро кам дидааст? Имрўз њам ин љањолати онњо дар аќсои олам аз тарафи гурўњњое бо номи Толибону љонибдорони ДОИШ ва ѓайра идома дорад. Пас, биёед, ба хотири зиндагии осудаву оромии ин миллати зањматкаш аз фиребу риё ва таассуб дур бошем.
23 ноябри соли 2016 дар рўзномаи «Ал-Ањром»-и Љумњурии Арабии Миср маќолаи рўзноманигор Саид Мањмуд Диоб зери унвони «Њизби Нањзати тољикї аз Осиёи Миёна бо Миср мељангад» нашр гардид. Муњтавои он маќола чунин аст: «Њизби Нањзат, ки аќидааш аз гурўњи «Ихвон-ул-муслимин» сарчашма мегирад, дурўѓ мегўяд, бо дурўѓ нафас мегирад. Даъвати гурўњи номаълум барои гирдињамоии рўзи 11 ноябр дар Миср бар зидди њукумати кунунї, ки ихвонињо бо тамоми њастии худ ба он омодагї диданд, аз љониби мардум тарафдор пайдо накард. Он рўз - рўзи ором гузашт. Рўзи фораме буд. Мардуми Миср даъватњои шубњаангези шахсони номаълумро нодида гирифт, зеро ин тоифаро чашми дидан надошт».
ЊНИТ баъд аз ба сари ќудрат омадани «Ихвон-ул-муслимин» дар Миср мехост мардуми тољикро мутмаин созад, ки онњо то њол ќувва ва пайравон доранд. Аммо њаќиќат хилофи онро нишон дода истодааст.
Љумњурии Тољикистон 9 миллион ањолї дошта, дорои 1340 киллометр сарњад бо кишвари Афѓонистон мебошад. 95 дарсадди мардум мусалмон буда, аз мазњаби Абу Њанифа пайравї мекунанд.
ЊНИТ бо амалњои нопоки худ мехост аќидаи тундгароиро дар минтаќаи Осиё пањн намояд. Аммо ба зудї ниќоб аз рўйи онњо афтода, ањдофи аслии онњо ба њамагон маълум гашт.
Гурўњи «Ихвон-ул-муслимин» душмании худро зидди Миср аз дохил ва хориљ кофї нашумурда, њамсангарњои худро аз Осиё Миёна, махсусан Њизби нањзати террористиро дар муборизаи хеш љалб намуд.
Њизби Нањзат дар Љумњурии Тољикистон њамчун њизби террористї эълон гашта, бо њамяроќони њамсояаш, ба монанди «Љунбиши Исломии Узбекистони», «Гурўњи Акрамия», «Њизби Тањрир», «Љунди Хилофа» ва «Љунбиши Туркистони шарќии исломї» бо њукуматњо мубориза мебарад. Њизби террористии Нањзат мардумро барои харобкории рўзи «Љунбиши фаќирон», ки 11 ноябр ба наќша гирифта шуда буд, даъват намуд.
Ќобили зикр аст, ки Њизби Нањзати террористї ба маќсади инќилоб бар зидди Њукумати конститутсионии Љумњурии Тољикистон ноиби пешинаи вазири мудофиа -Абдулњалими Назарзодаро ба бозї даровард. Хушбахтона, ќуввањои амниятї љони худро дар хатар гузошта, аз амалњои номардонаи онњо сариваќт пешгирї намуданд. Дар рафти амалиёт ќуввањои амниятї 38 террористро нобуд сохта, 161 нафари дигарро дастгир намуданд. Дар натиља, аз террористон 520 адад аслињаи вазнин ва 11000 муњимоти љангї мусодира гардид. Бар асари задухўрд бо террористон 14 нафар аз афроди ќуввањои амниятї ба шањодат расиданд.
Бино ба таъкиди ВАО, Муњиддин Кабирї пешво ва раиси њизби нањзати террористї соли 2012 расман бо раиси барканоршудаи Миср Муњаммад Мурсї дар Ќасри раёсат замони давлатдории «Ихвон-ул-муслимин» мулоќот кардааст. Гарчанде мулоќоти мазкур дар Миср зери пардаи махфият баргузор гардида бошад њам, Муњиддин Кабирї пас аз бозгашташ ба Тољикистон хабари мазкурро аз тариќи нашрияњо пањн намуд. Новобаста ба ифшо нашудани тафсилоти таоњудоти байни љонибњо, ин нишонаи ошкорои умќи алоќамандии њизби нањзати террористї ва љамоати ихвонињоро дар Миср нишон медињад
ЊНИТ-и террористї фаъолияти худро дар љанги шањрвандї, ки солњои 1992-1997 дар Тољикистон рух дод, њамчун «Љињод дар роњи Худо» рўйпўш мекард, вале худи он дар асл сабабгори аслии ин љанги шањрвандї мебошад.
Сарфи назар аз лофњое, ки «раис»-и имрўзаи «њизб» мегўяд, ки «мо барои таѓйири низом аз хушунат истифода намебарем ва роњи мо таѓйири сиёсии ботадриљ мебошад», ин гуфтањо худ далолат ба њамфикр будани ўро бо Ихвонињо мекунад.
Њамчун хулоса гуфтан мумкин аст, ки њизби террористии Нањзат бо гурўњи «Ихвон-ул-муслимин» њамфикру њамњадаф буда, яке аз шохањои хориљии «Ихвон-ул-муслимин» ба шумор меравад. Гурўњи «Ихвон-ул-муслимин» низ дар Миср баъд аз шуриши 30 июн, дар рўйхати гурўњњои террористї дарљ гардид.