Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 СОБИРШО ҲАСАНОВ: «КАБИРӢ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ФИРЕФТА КАРДА, БАРОИ ҶАНГИДАН БА СУРИЯ МЕФИРИСТАД» » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » СОБИРШО ҲАСАНОВ: «КАБИРӢ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ФИРЕФТА КАРДА, БАРОИ ҶАНГИДАН БА СУРИЯ МЕФИРИСТАД»
Информация к новости
  • Просмотров: 8741
  • Автор: admin
  • Дата: 20-03-2018, 03:56
20-03-2018, 03:56

СОБИРШО ҲАСАНОВ: «КАБИРӢ ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИКИСТОНРО ФИРЕФТА КАРДА, БАРОИ ҶАНГИДАН БА СУРИЯ МЕФИРИСТАД»

Бахш: Хабар

ДУШАНБЕ, 20.11.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ҳанӯз моҳи июли соли ҷорӣ сокини шаҳри Душанбе Ҷомӣ Амиршоев ба АМИТ «Ховар» оид ба рафторҳои ғайриқонунӣ, қаллобӣ, таҳдид ва муносибати ноҷавонмардонаи аъзои ташкилоти террористӣ-экстремистии ҲНИТ ва cозмони ҷиноятии «Гурӯҳи-24» нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар кишварҳои аврупоӣ нақл карда, чеҳраи аслии ин «ватандӯстон»-и қалбакиро фош карда буд (http://khovar.tj/2017/07/om-amirshoev-dar-hori-a-baroi-az-darhosti-pano-...). Дирӯз ба АМИТ «Ховар» Собиршо Ҳасанов, сокини ноҳияи Дарвоз муроҷиат карда, дархост намуд, ки бо ӯ суҳбат анҷом диҳем. Инак, мусоҳиба бо Собиршо Ҳасанов пешкаши хонандагони сомона мегардад.

АМИТ «Ховар»: Аввалан худро муаррифӣ кунед.

С. Ҳасанов: Ман Ҳасанов Собиршо Машрабович, 32 сола, сокини ноҳияи Дарвоз, оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошам. Мехоҳам аз ҳодисаҳое, ки дар кишвари Туркия ба сари ман омаданд, аз муносибати аъзои «Гурӯҳи 24» нисбат ба ман дар ин кишвари хориҷӣ ва ҷиноятҳои роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ М. Кабирӣ нақл кунам.

Ман баъд аз хатми мактаби миёна дар сафи қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ хизмати аскариро адо карда, сипас аз соли 2007 инҷониб мунтазам ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, рӯзгори худро пеш мебурдам. Дар ин муддат аз шароити кору зиндагӣ дар кишвари Россия ба хубӣ огоҳӣ пайдо кардам ва азм кардам, ки ин дафъа ҳамсар ва фарзандонамро ҳамроҳ бо худам гирифта ба Россия равам. Ҳамин тавр моҳи майи соли ҷорӣ бо ду фарзанди хурдсол ва ҳамсарам ба воситаи қатора ба ҷониби Россия равона шудем. Дар сарҳади Қазоқистон аз хадамоти сарҳадбонӣ ба ман гуфтанд, ки вуруди ман ба Федератсияи Россия манъ карда шудааст ва наметавонам сафарамро идома диҳам. Ба Россия рафтани ҳамсарам ва фарзандонам бе ман дигар маъно надошт. Дар фикри дубора ба Ватан баргаштан шудам. Дар ҳамин фикру андеша будем, ки тасодуфан бо як тоҷик бо номи Сулаймон вохӯрдам ва ҳолати корро ба ӯ нақл кардам. Сулаймон ба ман тавсия дод, ки модоме ин қадар роҳ омадам, пас дасти холӣ ба Тоҷикистон наравам ва беҳтар аст, ки ба Туркия сафар кунам. Зеро як нафарро ӯ чанд вақт пеш ба Туркия равон карда буд ва ҳоло он шахс дар Туркия қарор дорад ва метавонад ба Собиршо дар пайдо кардани ҷойи кору истиқомат кӯмак кунад. Сулаймон ба он шахс занг зад. Он шахс гуфт, ки биёянд, ман ҳам барои худаш ва ҳам барои ҳамсараш ҷойи кор пайдо мекунам. Ҳамин тавр мо билет гирифта, ба Истанбули Туркия парвоз кардем. Аммо дар он ҷо касе моро пешвоз нагирифт, он рақами телефоне, ки Сулаймон бо он аз Алмаато занг зада буд, хомӯш буд ва ба зангҳои телефонӣ на ҳамон рӯз ва на рӯзҳои дигар ҷавоб намедод.

АМИТ «Ховар»: Пас чӣ кор кардед, дар куҷо ҷойгир шудед?

С. Ҳасанов: Ман гумон кардам, ки шояд пагоҳ ё рӯзи дигар он шахс ба зангҳои телефонии мо ҷавоб медиҳад. Бо ҳамин умед дар толори фурудгоҳ чор шабонарӯз истодем. Дар рӯзи чорум моро аз бинои фурудгоҳ берун карданд ва дар кӯча шабро рӯз кардем. Бояд гӯям, вақте ба Истанбул расидем, бо як духтари тоҷик шинос шуда будем ва он духтар ба ман рақамҳои телефонашро дода буд. Аз як нафар роҳгузари турк бо имову ишора хоҳиш кардам, ки ба ҳамон рақамҳо занг занад. Хушбахтона, он духтар ба зудӣ омада, моро аз кӯча гирифт ва ба меҳмонхонае, ки «Буюк Париж» ном дошт, бурда, аз ҳисоби худаш барои ду рӯз ҷо кард. Ба ошхона бурда, хӯроки гарм дод ва гуфт, ки мутаассифона, аз ин зиёд кумакатон карда наметавонам. Дар он меҳмонхона шаҳрвандони Тоҷикистон буданд ва ман бо чанд нафари онҳо ҳамсуҳбат шуда, оид ба пайдо кардани ҷойи кору макони муваққатии зист дархост кардам. Яке аз онҳо гуфт, ки зане бо номи Заррина метавонад ин мушкили шуморо ҳал кунад. Бо он зан дар тамос шудам. Заррина ба пешам омад, гуфт, ки ҷойи кор ҳаст, 800 километр дур аз ин шаҳр, ҳам барои худат ва ҳам барои оилаат, аммо барои ин бояд шиносномаҳоятонро аз ҳоло ба ман супоред. Розӣ шуда, ба ӯ шиносномаҳоямонро додам. Заррина гуфт, ки маоши моҳи аввалро худаш мегирад, маоши моҳи дуюмро соҳиби корхона мегирад ва моҳҳои боқимондаро як одами ӯ гирифта, нигоҳ медорад ва ҳар вақте мо ба Тоҷикистон баргаштанӣ шудем, он вақт пулҳоямонро гардонда медиҳад. Ба ин шарти Заррина розӣ нашуда, дархости бозпас гирифтани шиносномаҳоямро кардам. Аммо ӯ шиносномаҳои моро бозпас гардодан нахост. Танҳо пас аз як рӯзи дароз зораву тавалло карданам, он зан шиносномаҳоямонро баргардонда дод ва таҳдид кард, ки ҳоло пушаймон мешавед.

АМИТ «Ховар»: Чаро Заррина ба шумо чунин гуфт?

С. Ҳасанов: Намедонам, баъдан фаҳмидам, ки писари ӯ бо номи Сомон аз шаҳрвандони Тоҷикистон бо роҳи зӯрӣ ва тарс додан маблағҳои пулӣ мерӯёндааст. Бо гузашти ду рӯзи дигар муҳлати будубоши мо дар меҳмонхона ба охир расид ва бо ҳамсару кӯдаконам аз меҳмонхона берун шудем. Давоми чор шабу рӯзи дигар дар ҳавлии меҳмонхона мондем. Хушбахтона, соҳиби меҳмонхона моро аз ҳавлии он пеш накард. Як нафар туркман аз Туркманистон, ки дар наздикии меҳмонхона дӯкон дошт, рӯзи чорум наздам омада, бо забони русӣ пурсид, ки шумо кистед, аз куҷоед, чӣ ҳол доред? Ман ба ӯ ҳолати корро нақл кардам. Он туркман гуфт, ки як гурӯҳ ҷавонон дар ҳамин гирду атроф худро тоҷик гуфта, бо воҳимаву карру фар мегарданд, агар онҳоро бинам, мегӯям, ки аз намоишкорона ва беҳуда гаштугузор кардан беҳтар аст, ки пеши шумо биёянду ба шумо кумак кунанд.

АМИТ «Ховар»: Киҳо будаанд он ҷавонҳо?

С. Ҳасанов: Кошкӣ намеомаданду бо онҳо шинос намешудам. Ҳама мушкилоти минбаъдаи ман аз дасти онҳо шуд. Хулоса, тавре туркмани дӯкондор гуфт, якчанд нафар ҷавонони тоҷик пешам омада, пурсиданд, ки аз кадом минтақаи Тоҷикистонам ва чаро ба Туркия омадаам? Бо шунидани ҷавоби ман онҳо ба шахсе бо номи Саъдӣ занг зада, аз ҳолати бо мо рӯйдода ба ӯ нақл карданд. Саъдӣ ба онҳо гуфт, ки ҳоло ман ҳамсарамро равон мекунам, онҳоро гирифта, ба хонаам мебарад. Воқеан ҳам бо гузашти ним соат як ҷавонзане омада, худро Ҳафиза гуфта, муаррифӣ кард ва моро ба хонаи иҷорааш бурд. Дар роҳ ба он хона, ки дар наздикӣ ҷойгир буд ва мо пиёда мерафтем, Ҳафиза бо ҳамсари ман суҳбат карда, сари ҳар як суханаш нисбат ба Тоҷикистону роҳбарони он ҳақорату дашном медод. Вақте ба хона расидем, Ҳафиза боз ҳам бошиддат ва суханони қабеҳ суҳбат кардан гирифт. Саъдӣ ҳам омад ва мо ҳамсуҳбат шудем. Зимни гуфтугӯ Саъдӣ ба ман гуфт, ки мо метавонем шуморо ба Германия фиристем, дар он ҷо ба шумо хона медиҳанд, пул медиҳанд, забон меомӯзонанд. Агар Германия рафтан нахоҳед, метавонем шуморо ба Сурия фиристем. Дар ин фурсат ҳамсарам, ки дар ҳуҷраи дигар бо Ҳафиза буд, баромада, маро даъват кард. Ин вақт Ҳафиза аз ҳуҷра берун шуд. Ҳамсарам гуфт, ки маро Ҳафиза даъват кард, ки ба Сурия равам, гуфт, ки худам ҳам ба наздикӣ ба Сурия меравам. Мо ду нафар ҳайрон шудем, ки ин Ҳафиза ва Саъдӣ чӣ касоне бошанд, чаро моро барои ба Сурия рафтан талқин мекунанд?!

Ҳамон замон телефони Ҳафиза, ки онро бо худ нагирифта буд, занг зад. Ҳисси кунҷковиам боло гирифту ба телефони ӯ назар кардам, ки дар экрани телефон номи «Гурӯҳи 24» баромад. Замоне, ки дар Санкт-Петербург кор мекардам, ба воситаи интернет фаҳмида будам, ки «Гурӯҳи 24» ташкилоти ғайриқонунӣ буда, ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон баромад мекунад. Пас аз ин, аз ҳуҷра берун баромада, пеши Саъдӣ рафтам ва гуфтам, ки ҳамсари шумо бо «Гурӯҳи 24» алоқа дорад? Саъдӣ ҷавоб дод, ки бале, мо ҳамаамон аъзои «Гурӯҳи 24» ҳастем, ҳамсари ман Ҳафиза хоҳари Шарофиддин Гадоев ва ман домоди Шарофиддин Гадоев мебошам. Он ҷавонҳое, ки шуморо дар назди меҳмонхона диданд, онҳо низ пайравону мухлисон ва аъзои гурӯҳи мо мебошанд.

АМИТ «Ховар»: Шумо ин хабарро чӣ гуна қабул кардед?

С. Ҳасанов: Тавре гуфтам, солҳои зиёд дар Федератсияи Россия дар муҳоҷирати корӣ будам ва мо муҳоҷирон медонистем, ки «Гурӯҳи 24» ва Ҳизби наҳзати исломӣ, ки дар кишварҳои хориҷӣ фаъолият мекунанд, ғайриқонунӣ буда, бар зидди Тоҷикистон амал мекунанд. Ба ҳар ҳол, барои эътимод аз Саъдӣ пурсидам, ки шумо ба чӣ кор машғул ҳастед? Ҷавоб дод, ки мо ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон мубориза мебарем, сардори мо Муҳиддин Кабирӣ аст. Саъдӣ, ки баъд фаҳмидам, фамилияаш Раҳматов мебошад, боз нисбат ба роҳбарияти давлату ҳукумати мамлакат дашному ҳақорати қабеҳ карда, дар идома гуфт, ки марҳамат мо ба шумо кумак мерасонем, агар пул кор кардан хоҳӣ, мо туро ба Сурия мефиристем. Давоми 24 соат дар шабонарӯз бо Кабирӣ ба воситаи вайбер, вапсат, имо, телефон дар алоқа ҳастам. Агар ҳозир ки розигӣ диҳӣ, ба Кабирӣ дар алоқа мешавам ва масъалаи туро ба ӯ мегӯям.

АМИТ «Ховар»: Кабирӣ дар сафарбар намудани шумо ба Сурия чӣ дахл доштааст?

С. Ҳасанов: Саъдӣ дар вақти суҳбат ба ман гуфт, ки ҳам масъалаи ба Германия фиристодан ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ ва ҳам масъалаи ба Сурия фиристодан ҳамчун ҷанговари ҷиҳодӣ аз ҳисоби он шаҳрвандони Тоҷикистон, ки бо мақсади муҳоҷирати меҳнатӣ ба Туркия ворид мешаванд, таҳти назорати Кабирӣ ва бо супориши бевоситаи ӯ баррасӣ ва ҳал карда мешаванд. Ҳамаи аъзои «Гурӯҳи 24», ки дар ҳудуди Туркия қарор доранд, уҳдадор шудаанд, ки аз 5 то 10 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои ҳамроҳ шудан ба «Гурӯҳи 24» ва Ҳизби наҳзати исломӣ даъват кунанд. Барои ин ба онҳо ҷойи хобу таҳсили бепул дар Германия ваъда карда мешавад ва ба онҳое, ки бевосита пули нақд кор кардан мехоҳанд, пешниҳод карда мешавад, ки ба Сурия раванд. Саъдӣ гуфт, ки шахсан худам се нафарро ба Сурия фиристодаам ва бо онҳо доимо дар алоқа ҳастам, шароити хуб доранд, биё туро ҳам бо ҳамроҳии зану кӯдаконат ба Сурия фиристонем.

АМИТ «Ховар»: Барои ба Сурия рафтан чӣ миқдор маблағи пулӣ ваъда карданд?

С. Ҳасанов: Шахсан ба ман таклиф карда шуд, ки агар ҳамроҳи зану кӯдаконам ба Сурия равам, 16 ҳазор доллари амрикоӣ дода мешавад. Аз ин маблағ нисфашро ба дастам медиҳанд ва боқимондаашро баъди расидан ба ҷойи таъйиншуда мегирам. Ҳамчунин Саъдӣ гуфт, ки агар 16 ҳазор гирифтан нахоҳӣ, дар Сурия минтақа ва корҳое ҳастанд, ки барои рафтан ба он ҷо ва анҷом додани он корҳо маблағҳои камтар, яъне 5 ҳазор доллар дода мешавад. Дар ҳамин маврид ҳам нисфи пул пардохт карда шуда, боқимонда дар Сурия дода мешавад.

АМИТ «Ховар»: Маблағи пулиро кӣ пардохт мекунад?

С. Ҳасанов: Тавре гуфтам, маблағи пулии шахсоне, ки барои ба Сурия рафтан розӣ мешаванд, аз ҷониби Кабирӣ ва одамони ӯ пардохт мегардад. Пеш аз гирифтани маблағи пулӣ шуморо дар видео сабт мекунанд. Яъне, шумо бояд дар назди камераи телефон нисбат ба Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарияти он дашному ҳақорат кунед, тарзи зиндагонии Тоҷикистонро ғайриисломӣ ва ноозод гӯед. Изҳор кунед, ки дар Тоҷикистон нисбат ба диндорон ва дини ислом муносибати бад ҷорӣ аст. Одамонро даъват кунед, ки бо Ҳизби наҳзати исломӣ ва «Гурӯҳи 24» ҳамроҳ шуда, ба муқобили Ҳукумати Тоҷикистон мубориза баранд. Вақте баромади худро тамом кардед, суханони шумо сабт шуд, баъд аз он ба шумо 10 ҳазор доллар дода мешавад. Сипас шуморо аз ҳисоби маблағҳои худатон, ки бояд дар Сурия гиред, боз ба Сурия мефиристанд.

АМИТ «Ховар»: Шумо ба таклифи онҳо чӣ ҷавоб додед?

С. Ҳасанов: Ман ба Саъдӣ Раҳматов ҷавоби рад дода, гуфтам, ки ба муҳоҷират барои меҳнат кардан омадаам ва ба сиёсат ҳамроҳ намешавам. Қариб даҳ сол аст, ки муҳоҷири меҳнатӣ ҳастам ва намехоҳам худамро ғарибу бе ватан кунам. Агар бо шумо ҳамроҳ шавам, аҳли хонавода, хешу табор ва наздиконам маро намебахшанд. Аз ин ҷавоби ман Саъдӣ Раҳматов сахт дар ғазаб шуда, боз нисбат ба Тоҷикистон суханони қабеҳу дашномҳо додан гирифт. Ман, ки аз шунидани ин дашному ҳақоратҳо безор шуда будам, ҷавобан ба худи ӯ суханони сахт гуфтам, ки ба ҷойи дастгирӣ кардан ва кумак расондан моро ба фалокат гирифтор кардан мехоҳӣ, зану фарзандонамро аз ман ҷудо кардан мехоҳӣ. Аз гапҳои ман Саъдӣ бадтар дар хашм шуда, маро аз хона пеш кард ва гуфт, ки рав дар назди боғча пеши хона интизор шав, суҳбатро ҳамон ҷо давом медиҳем.

Баъде маро аз хона пеш кард ва ман ба назди боғчаи назди он хона расидам, тахминан ним соат пас ё бештар аз он, 12-13 нафар ҷавонон бо чӯбу арматур ва корд пайдо шуда, маро бо дашному ҳақорат зери мушту лагат гирифтанд. Аз зарби калтак, ки аз паси сарам зада шуд, аз ҳуш рафта, ба замин афтидам. Ин ҳодиса дар ҳузури зану фарзандонам, ки аз паси ман аз он хона берун шуда буданд, рӯй дод. Ҳарчанд занам дод мезаду гиря мекард, илтимос мекард, ки ин корро накунед, аммо онҳо ба ӯ гӯш надоданд. Танҳо баъд аз он ки туркҳои раҳгузар омада, маро халос карда, мошини ёрии таъҷилӣ ҷеғ заданд, он ҷавонони ҳаммиллат маро партофта рафтанд. Вақте ба ҳуш омадам, худамро дар беморхона дидам. Агарчӣ аҳволам хуб набуд аммо ба хотири фаҳмидани тақдири зану кӯдаконам гуфтам, ки маро ба ҳамон ҷо, ба назди ҳамон бино баред. Чун ба он ҷо расидам, Саъдӣ бо корд ҳамсарамро дар кӯча таҳдиди куштан мекард. Ман дод задам, ин дафъа одамони маҳаллӣ пулис даъват карданд. Бо омадани пулис мо аз латукӯби ин одамон, ки худро «Гурӯҳи-24» мегуфтанд, халос шудем. Тавре ки баъд ҳамсарам ба ман нақл кард, вақте Саъдӣ маро аз хона пеш карда, ба назди боғча фиристод, ба ким-киҳо занг зада гуфтааст, ки ин одамро ҷазо додан даркор! Ин суханро шунида, ҳамсарам аз паси ман баромадааст. Вақте маро бо мошини ёрии таъҷилӣ ба беморхона бурданд, он вақт Саъдӣ боз ҳамсарамро таҳдиди куштан кардааст…

АМИТ «Ховар»: Баъд чӣ шуд?

С. Ҳасанов: Вақте кормандони полис ба ҷойи ҳодиса расиданд, соҳиби хонаро даъват карданд. Соҳиби хона дар ҳузури кормандони пулис Саъдӣ ва Ҳафизаро аз он хона пеш кард ва маро бо зану фарзандонам гуфт, модоме шумо бе ҷойи зист ҳастед, дар ҳамин хона то пайдо кардани ҷойи кору зист зиндагӣ кунед. Ҳамчунин бо мо Муҳаммад ном шахс, ки ҷойи кор дошт, ҳамроҳ шуд. Вале зиндагонӣ барои ману ҳамсарам дар он хона сахт мушкил шуд.

АМИТ «Ховар»: Чаро?

С. Ҳасанов: Зеро он нафароне, ки маро лату кӯб карда буданд, қариб ҳар шаб пушти дари хона омада, ба ман мегуфтанд, ки берун бароям. Як маротиба худи Ҳафиза омада, гуфт, дарро кушоед, ман худам танҳо ҳастам, аммо ҳамсояҳо ба ман гуфтанд, ки дари хонаро накушоед, ки дар берун 6-7 нафар ҷавонони тоҷик истодаанд. Бовар кунед, ҳамон ҳамсояҳо моро доим нигоҳ мекарданд, ки мабодо он нафарон, ки аъзои «Гурӯҳи 24» буданд, маро дубора лату кӯб накунанд. Бо дастгирии Муҳаммад ҷойи зистро иваз кардем ва акнун аз пайи кор кардан шуда будам, ки Саъдӣ ба рақамҳои телефонам занг зада, гуфт: «Оё ту медонӣ, ки Кабирӣ фармони ҷисман нобуд кардани туро додааст». Ман ба ин таҳдиди ӯ ҷавоб надода, телефонро хомӯш кардам. Аммо пас аз чанд вақт Муҳаммад ба ман гуфт, ки воқеан аъзои «Гурӯҳи 24» ба тоҷикони шаҳраки Пендик гуфтаанд, ки онҳо бояд Собиршоро бо супориши роҳбарашон несту нобуд кунанд.

АМИТ «Ховар»: Сабаби чунин «ҳукм» кардани Кабирӣ нисбат ба шумо чӣ буд?

С. Ҳасанов: Баъд аз он ки ман таклифи Саъдиро барои ба Сурия рафтан рад кардам, Муҳиддин Кабирӣ ба Саъдӣ супориш додааст, ки Собиршо ба қатл расонида шавад, то ман ҳамкории Ҳизби наҳзати исломӣ ва роҳбари он Кабириро бо гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» фош насозам.

АМИТ «Ховар»: Чӣ гуна ба Ватан баргаштед?

С. Ҳасанов: Баъд аз оне, ки дидам дигар илоҷу имкони кор кардан надорам, ба консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул муроҷиат карда, дархост кардам, ки ману ҳамсарам ва кӯдаконамро ба Тоҷикистон баргардонанд. Хушбахтона, ҳоло дар фазои орому осудаи Ватан қарор дорам ва сад шукр мегӯям, ки аз як балои азим халос шудам.

АМИТ «Ховар»: Сабаби ба мо муроҷиат карданатон чист?

С. Ҳасанов: Мехоҳам ба ҳамаи он нафароне, ки ба хотири муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишвари Туркия мераванд, бигӯям, ки фирефтаи суханони аъзои «Гурӯҳи 24» нашаванд, ба ҳеҷ ваҷҳ ба онҳо шиносномаҳои худро надиҳанд, аз доми партофтаи онҳо эҳтиёт бошанд. Зеро наҳзатиҳои фирорӣ ва аъзои «Гурӯҳи 24» одамонро фиреб карда, ба Сурия мефиристанд ва ё онҳоро бо баҳонаи ҷойи хоби бепул ба Германия ҳамчун паноҳандаи сиёсӣ интиқол дода, таҳти назорати худ қарор медиҳанд.

 

Мусоҳиб

А. САНГЗОДА,

АМИТ «Ховар»

Бознашр аз АМИТ «Ховар»

Тегхо

Анбори хабархо

Декабрь 2024 (2)
Ноябрь 2024 (2)
Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
^