Дар зиндонҳо ошӯб бардоштани зиндониён амали нав набуда, ҳамеша эҳтимоли сар задани онҳо вуҷуд дорад. Аз ин амалҳо ҳангомаю валвала ва овозаю дарвоза сохтан дар доираи одобу ахлоқи инсони солимфикр намеѓунҷад. Зеро барои ҳар як инсони соҳибандеша ва солимфикр маълум аст, ки агар ин қабил одамон ба роҳи рост рафта, зиндагӣ ва кору фаъолияти хешро аз рӯйи рафтору кирдори ҳамидаи инсонӣ ба роҳ мемонданд, ҳеҷ гоҳ аз озодӣ маҳрум намегардиданд ва ба зиндон кашида намешуданд. Мусаллам аст, ки равонаи зиндон шудани одам акси амалҳо ва кирдорҳоиношоистаи худи ӯ буда, барои пешгирӣ аз нақшаҳои вайронкунанда ва ҷиноятҳои ояндааш бо муҳлате аз озодӣ маҳрум карда мешавад. Чунки табиати инсонӣ мисли дигар равандҳои табиӣ бебозгашт буда, агар инсон ба амали ношоистае даст зад, хоҳу нохоҳ боз ҳамин гуна кирдорҳои аблаҳонаро такрор менамояд. Мисол, роҳбарону намояндагони ТТЭ ҲНИ, ки ташкилкунандагони асосии нооромию бедодгариҳо ва дар умум, ҷанги бародаркӯш буданд, пас аз Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам, натавонистанд, аз ваҳшониёт ва хиёнатҳои хеш даст бикашанд. Дар манотиқи мухталифи кишвар ин амалҳои ношоистаю ноҷавонмардонаи хешро ҳамеша идома дода, фазои сулҳу суботи кишварро халалдор месохтанд.
Гар сухан сари ошӯби зинёдониён дар зиндон равад, ҳанӯз соли 2010 намояндагону ҷонибдорони ТТЭ ҲНИ, ки барои ҷиноятҳои басо вазнини хеш адои ҷазо мекарданд, ошӯб бардошта, чандин афсару сарбозро ваҳшиёна ба қатл расониданд ва чанд нафари дигарро захмӣ карданд. Ошӯби зиёндониёни шаҳри Хуҷанд идомаи чунин амалҳои зишту паст буда, аз он ҳангомаю овоза сохтан, разилонаю пасттар аз худи он мебошад. Азбаски намояндагону пайравони ТТЭ ҲНИ ҳамеша дар ҷиноятҳо даст доранду ҷонибдори ҷангу низоъ мебошанд, дар ҳар маврид аз ин гуна ҳаводиси одӣ овозаю ҳангома месозанд.
Ҳатто кӯдак ҳам медонад, ки инсон барои амали зиште, ҷинояте ё ягон рафтору кирдори пастфитратонае ба маҳбас гирифта мешавад ва пас аз равонаи зиндон гардидан, боз дар фикри анҷом додани ҷинояти дигар мешавад. Зеро дар замони муосир ҳуқуқ ва озодиҳои инсон арзиши олӣ буда, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун муқаррар кардааст, ягон нафар онҳоро паймол карда наметавонад. Ин худи инсонҳои ҷинояткоранд, ки аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба хотири анҷом додани ҷиноят ва кирдори ношоиста суиистифода мекунанд. Зиндониён афроди ҷинояткор буда, аз чунин тоифа дар канор нестанд ва дар масъалае, ки онҳо индониҳо силоҳи нозирони маҳбасро гирифта, ба онҳо ҳуҷум кардаанд, ҳеҷ ҷойи муболиѓа нест. Зиндониён, ки то ба ин ҷо омадан, ҷиноятҳои гуногун ва амалҳои ваҳшатангезеро анҷом додаанд, дар дӯздидан ё рабудани силоҳи нозирони маҳбас таҷриба доранд. Фаромуш набояд кард, ки ин ҷинояткорон дар рафти ошӯб ду нафар нозиронро кушта ва шаш тани дигарро захмӣ кардаанд.
Наҳзатиҳои террористу экстремист, ки ҳамеша ҷонибдори чунин воқеаҳо ва таблиѓгари ҳамин гуна ҳодисаҳо мебошанд, аз «пашша фил месозанд». Онҳо, ки дар гуфтани дурӯѓ, бар дӯши дигарон бор кардани туҳмат ва ташкил намудани ҷиноятҳо устухон надоранд, ба вуқуъ пайвастани чунин ҳолатҳоро ба манфиати худ маънидод мекунанд. Ба вуқуъ пайвастани чунин ҳолатҳо ва ташкил шудани ин гуна ҷиноятҳо ба манфати гурӯҳи наҳзатӣ буда, бар зарари давлату миллат мебошад.
Бузургони илму адаби тоҷик беҳуда нагуфтаанд, ки «неши ақраб на аз пайи кин аст…» ва «морро ҳар чанд беҳтар парварӣ…» табиати аксар ҷинояткорон чунин аст, ки онҳо муносибати хубро намефаҳманд. Аз рӯ наметавон ба онҳо ба усули дигар муносибат кард, зеро аллакай аз доираи одобу ахлоқи инсонӣ тамоман берун рафтаанд. Агар аз доираи рафтору кирдор ва одобу ахлоқи инсонӣ берун намемонданд, ҳеҷ гоҳ ба чунин амалҳои пасту разилона даст намезаданд ва равонаи зиндон намешуданд.
Зиндон ба ҳар ҳол зиндон асту ҷои истироҳат нест ва ин ба ҳама маълум аст. Зиндон мушкилиҳои худро дорад. Аммо нафари ҷинояткору ҷиноятпешае чун М.Садриддин аз он ҳангомаҳо месозад, ки мақсадаш танҳо ва танҳо ба ѓайр аз бадном кардани нозирони зиндон кори дигаре нест. Чунки ӯ ҳам аз тоифа ё гурӯҳи одамони хиёнаткору ҷиноятпеша буда, чашмони чун ҷуѓзаш танҳо вайронаю хароба ва ҷангу низоъро мебинанд. Аз ин гуна девсиратони одамсурат, чун М.Садриддин танҳо ҳамин гуна навишт ва муносибат интизор шудан метавон, на аз ин зиёд.
Ин нафари нохудогоҳ даъво дорад, ки «чаро ҳамеша гурӯҳи зудамале, ки алайҳи ошӯбгарон ва ҷинояткорон дар Тоҷикистон амалиёт мегузаронад, танҳо чораро дар қатлу куштори беамон мебинад?». Чунин саволгузорӣ худ аблаҳонаю аҳмақона буда, ҳеҷ як инсон бо камтарин саводу дониш чунин саволи бемантиқ намедиҳад. Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки ошӯбгарон ва ҷинояткорони дар меҳани мо ба амалҳои ваҳшатангез ва даҳшатбор даст зада, зимни амалҳои хеш аз бадтарин ва хунхортарин ҳайвон ҳам мегузаронанд. Ҳатто, ҳайвонҳо дар рафти ҷанг ба ҳам раҳм мекунанду ин гуна ҷинояткорони мисли М.Садриддин не. Пас, зимни амалиёт нисбат ба ин гуна афроди ҷинояткор дигар чи гуна метавон мубориза бурд.
Нодири Қодир,
таҳлилгар