Наҳзатиҳои террорист кишварҳои аврупоро низ “хонаи очаашон” пиндоштаанд.
Табиати инсонҳои аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.
Дурустии ин гуфтаро дар “кор”- у “пайкор”-и наҳзатиҳои террорист ба хубӣ метавон мушоҳида кард. Далел меорам: Чанд рӯз қабл яке аз расонаҳо бобати ошкор шудани дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва иттилоъ пахш кард. Ин хабар, ки қаҳрамони он муҳоҷири тоҷик арзёбӣ шудааст, он қадр арзандаи таваҷҷуҳ набуд ва имкон дошт мисли дигар иттилоъ, бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар ва аблаҳона вокуниш намудани онҳо боис гардид, ки худро бори дигар хандахариш кунанд. Ба мисли қаҳрамони яке аз саҳначаҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, ки далелаш барои “пешдастӣ намудан” пешгирии “аз дилаш нагузаронидан”-и нафари дигар аст.
Баъд аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани хабари мазкур сомонаи сафсатпарокани наҳзатиҳо - “Паём нет” дар матлабе бо “сароҳат” нигошт, ки “барои дӯздӣ боздошт шудани муҳоҷири тоҷик иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст”.
Бино ба иттилои ин фоҳишасомона, қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Гӯё муҳоҷири мавриди назар мастеро мебинад, ки телефонаш аз дасташ афтодааст. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад. Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад”. Иддаои аз ҳама хандаовари “Паём нет” ибораи зер аст: “Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он”. Дар ин маврид ба ҷуз ибораи “бидуни шарҳ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд...
Ҳарчанд масъулини фоҳишасомонаи зикршуда иброз дошта буданд, ки “ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад”, вале бо гузашти чанд рӯз дар ин маврид “муҳри хомушӣ ба лаб задаанд”.
Минҳайси як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватани мо, хоса дар хориҷи кишвар хоре халад. Вале бо амри виҷдон ва ҷиҳати иҷрои рисолати инсонӣ муваззафам махсус таъкид намоям, ки мақомоти зиддахле, ки дар он ба ном паноҳандагони сиёсӣ маскунанд, аз ҷумла Литва бояд дарк намоянд, ки қисмати аъзами ба ном паноњљўён аслан љинояткору террористанд ва “њиљрат”-ашон рабте ба фаъолияти сиёсї надошту надорад. Иддаи дигар, ки онњо низ ба сиёсат њељ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоњанд зери чатри паноњанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онњо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.
Чанде ќабл низ расонањо иттилоъ дода буданд, ки ба ном паноҳҷӯи тоҷики 22-сола дар минтаққаи Людвигсдорф дар марзи Олмон бо Полша бо 237,5 грамм афюн ва 1,3 грамм бангдона дастгир шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷавон моҳи август бо визаи Литва ба Олмон омада, паноҳандагӣ хоста буд. Тафсилоти ин њодисаро нашрияи олмонии "Sachsische Zeitung” шарњ дода, афзудааст, ки пулиси федеролии Олмон аз як автобуси роҳии Полша як паноҳҷӯи тоҷики 22-соларо дастгир кардаанд. Аз бағоҷи ӯ кормандони пулис 1,3 грамм бангдона ва 237,5 грамм афюн пайдо кардаанд. Љолиб он аст, ки ин љавони тоҷик ба кормандони пулиси Олмон дурӯғ гуфтааст, ки бо худ шиноснома надорад, вале ҳангоми кофтукоб шиносномаи ӯро аз бағоҷаш пайдо кардаанд. Дар ин маврид обсофкунакҳои наҳзатӣ чӣ назар дошта бошанд? Чунин далелҳо зиёданд ва мо аз оварданашон бо риояи назокатҳои инсонӣ худдорӣ мекунем...
Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноњандаи сиёсї» аксар маврид нафарони љинояткор, амсоли аъзои ТТЭ ЊНИ пинњон мешаванд. Мутаассифона, баъзе кишварњои аврупої, ки сиёсати духураро мењвар ќарор додаанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё намедонанд, ки теъдоди зиёди ба ном паноњљўён, ба мисли роњбарият ва аъзои ТТЭ ЊНИ љинояткору террористанд.
Далели бебаҳс аст, ки раванди мазкур баъди њаводиси чанд сол ќабл, ки боиси мамнўъ эълон гардидани њизби нањзати исломї гардид, тавсеа ёфт. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чењраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ЊНИ онњо «думро хода карда», зери ин ниќоб мехоњанд дар дили Аврупо фаъолияти муѓризонаи хешро идома дињанд.
Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки нањзатињои террорист, сарфи назар аз он ки дар кадом гўшаи олам ќарор доранд, тарки одат карда наметавонанд. Ин ҳақиқатест, ки масъулини кишварҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои марбутаву ҳавасманд дарк намуданашон зарур ва ногузир аст!
Алиҷон Сафаров
таҳлилгари масоили сиёсӣ