(Номаи саркушода ба масъули сомонаи «Кимиёи саодат»)
Худро ҳамвазн бо олимон донистан ва бо риёкории ҳамсони қурби коғазпораи сари роҳ ба номи боргоҳи илму маърифат - Академияи илмҳои Тоҷикистон муроҷиат кардан, нишонаи арши аълои бемаърифатии масъули сомонаи “Кимиёи саодат” мебошад. Нафаре, ки ҷиноят содир менамояд ва ба осиёи бегонагон об мерезад, нашармида ба Академияи илмҳо ва ба шахси Президенти ин ниҳод тавсия ҳам пешниҳод менамояд. Ташхиси муаллифшиносӣ нишон медиҳад, ки муаллифи муроҷиатнома ба афсурдагии рӯҳӣ мубтало буда, сафедро аз сиёҳ ҷудо накарда, номи шахсиятҳои шарифро даҳон ношуста ба забон овардааст.
Муаллифи муроҷиатнома ба муаррифӣ ниёз надорад: Саидюнус Бурҳонов машҳур бо лақаби “кӯри Юнус”. Бо доштани чунин номи шубҳаангез ва ноқис, хурднамоӣ ва тавтиаҷӯйӣ мекунад, миёнарави ифротияти мазҳабӣ мебошад. Бо дарки масъулияти олимона ба такя ба иттилооти дақиқ ин музахрафотро рад мекунем:
1.Кӯр асояшро як бор гум мекунад. Вале дар мавриди қиссаи нобиное, ки дар бораи изи хатоҳои нобахшиданиаш ин ҷо сухан меравад, мафҳуми ин зарбулмасал мутлақан сидқ намекунад.
2.Дар илми равоншиносӣ исбот шудааст, ки афроди ноқисулақл, кинагир ва дорои тинати камбинӣ, ба таври истисноӣ худшефта, мағрур барои худиву бегона “ҳомӣ ва мураббӣ” вонамуд мешаванд. Бемории бузургманишӣ дар мағзи сари “қаҳрамон”-и ин қитъаи насрӣ чунон асар кардааст, ки тавони нимнигоҳе ба сӯи дастовардҳои ноб ва мусбати Тоҷикистони азизро надорад. Изҳороту муроҷиатномаҳои он каҷнамои дурӯғросткун сатҳӣ, бесару нӯг ва маҷозист ва ба ҳеч сурат воқеиятро баён намекунад.
3.Намунаи олии костагии рӯҳӣ ва олудагии ахлоқӣ-Юнус Бурҳонов бо лақаби “Кӯри Юнус” аст. Дар пойгоҳи иттилоотие, ки аз ҷониби хадамоти махсуси хориҷиён, сармоягузорӣ ин яксӯбин мешавад. Ин фарди ботилманиш 24-соати шабонарўзӣ ба дурўғпароканиву мағзшӯии ҷавонон ба сӯйи ифротгароиву хурофотзадагӣ машғул аст.
4.Эй ноҷаноби олус, Шумо агар кӯри маънавӣ нестед, дастоварди умумимиллӣ-Сохтмони аср-НБО Роғунро медидед. Агар бино мебудед, ақалан, иқрор мешудед, ки созандагӣ ва илмдӯстӣ чӣ гуна мешавад. Бо қудрати илм, кӯҳро шикофтан ва дар ихтиёри мардум нур гузоштанро медидед. Бозсозии куллии ҷумҳуриро медидед. Сохтмони шоҳроҳҳо, мактабҳо, бунгоҳҳои тиббӣ ва аз бунбасти коммунакатсионӣ раҳо шудани Тоҷикистонро бо айнаки шикастаи каҷатон медидед.
5.Душмании шумо ҳалқаҳои ифротӣ бо илм ва олим, решаҳои амиқи таърихӣ ва азалӣ дорад. Оштинопазир аст. Ин нотавонбинӣ то ҳадест, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ аъзои Академияи илмҳо ва нухбагони шинохтаи илми тоҷик: М.Осимӣ, М.Назаршоев, М.Ғуломов, Исҳоқиро бо хоку оҳушта карда куштед. Миллатро бесоҳиб кардан мехостанд, ки тиратон ба хок хӯрд.
6.Академияи улум ҳамеша мояи ифтихор буд ва ҳаст, зеро ин ниҳод рисолати хешро аз бунёд то ба имрӯз, дар самти пажуҳишҳои илмӣ ҳам дар риштаи илмҳои табию риёзӣ ва ҳам дар самти пажуҳишу рушди илмҳои ҷомешиносӣ ба роҳ мондааст ва имрӯз низ меҳвари асосии Академияи илмҳоро пажуҳишҳои илмӣ ва тавсеаи тафаккури илмӣ дар ҷомеа ва боло бурдани нуфузу ҷойгоҳи илм дар ҷомеа ташкил медиҳад.
7.Кури Юнус ин ҳаммаслакони шумо буданд, ки ҳануз дар воқеоти сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта аввалин ҳамлаи лафзиро бар алайҳи олиму муаллим намуданд ва руҳияи илмиро дар кишвар шикаста, ҷойгоҳи илму олимро беэътибор эълон доштанд. Махсусан бо мавзеаҳое, ки нони олиму муаллим ва духтур ҳаром, зани олиму муаллиму духтур талоқ ва ҷанозаи олиму муаллиму духтур нораво аз забони фаъолону ҳаммаслакони ТТЭ ҲНИ-и шумо садо дода буд. Чун шумо ба ҳаммаслаконатон ғаразро канора намегузоред ва собит шудааст, ки мунақидони хешро ҳамеша ҷисман аз байн бурдаед ва афкори шумо аз инсонбадбинӣ сарчашма мегирад, аз ин рӯ: Якум, инсонбадбинӣ, ифротгароӣ ва терроризмманишиатон боис гардидааст, ки мардум ба шумо на ба номи асл, балки ба номи мустаор ҷавоб менависанд; Дуюм, ҳамаи матолиби навишташудае, ки ба унвони шумо ва гурўҳҳои дигар ирсол мешавад, навиштаи олимон нестанд, балки бо сабаби барои аксари мутлақи сокинони кишвар аъмоли зишт зиддиинсонӣ ва ҷинояткоронаи шумо нафратангез будан, ин матолиб аз ҷониби гурўҳҳои зиёди иҷтимоӣ таълиф меёбанд ва мутмаинем, ки минбаъд боз ҳам зиёд мегарданд; сеюм, касе ба куру кар будан ё чулоқу нобино будан айб нагирифтааст.
Аммо бадтар аз ҳамаи ин айб куриест, ки бо дидаи бино ҷаҳонро дубин бинад. Ба хотири манфиатҳои гурўҳии хеш сафедро сиёҳ гўяд ва миллату ҷомеаи хешро бо пулу сармояи бегонагон ба савдо гузорад. Ал-қисса, ин воқеан куриест, ки бадтар аз айб аст.
Эҳсони Илҳом, коршиноси умури сиёсӣ