Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Гоша – савдогари қаллоб ва ҳамнафаси Кабирӣ » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » Гоша – савдогари қаллоб ва ҳамнафаси Кабирӣ
Информация к новости
  • Просмотров: 82
  • Автор: admin
  • Дата: 29-11-2018, 18:36
29-11-2018, 18:36

Гоша – савдогари қаллоб ва ҳамнафаси Кабирӣ

Бахш: Хабар

Гузоштани тахаллус ва ё кличка на танҳо дар адабиёти бадеӣ, балки дар зиндагии рӯзмарра ҳам маъмул аст. Бинобар ин, тавассути кличка ва ё тахаллус ошкор кардани ҳайсияти одамон осонтар аст. Аз ин ҷост, ки адибон, махсусан нависандагон дар асарҳои бадеӣ ва публитсистӣ аз ин ин навъи приёми эҷодӣ истифода мебаранд, то ки тору пуди персонажи онҳо ба хонандагон аён гардад. Ва аммо дар ҳаёти сиёсӣ ва набардҳои иттилоотӣ ҳам ин васила ба сифати абзори мафкуравӣ хидмат мекунад ва рӯзноманигорон аз он васеъ истифода мебаранд. Манзури мо дар матлаб як «қаҳрамон»-и бозиҳои сиёсӣ аст бо тахаллуси «Гоша». На, гумон накунед, ки мавриди назари мо ҳунарманди машҳури синамои русӣ Гоша Гутсенко мебошад. Персонаже, ки мо мавриди тасвир қарор дода, тахаллус-кличкаи «Гоша»-ро ба ӯ нисбат додаем, на ҳунарманди ҳирфаӣ, балки бозигари муқаррарӣ дар саҳнаҳои сиёсӣ мебошад ва ба нохуни пойи синамогари русӣ намеарзад. Лақаб ё кличкаи «Гоша» аз дохили матни фамилияи ӯ – Гадоев гирифта шудааст, ки бо гадоию гадописандӣ ҳамреша аст. Қаблан аз хонандагон пӯзиш мехоҳам, ки чунин лақабро ба ин марди сиёсинамо, вале дар асл, савдогару тоҷири беҳувияту фурсатталаб сазовор донистам.

Шарофиддин Гадоев ба сифати як «таҳлилгар»-и ба ном сиёсӣ ва раҳбари яке аз гурӯҳҳои ба наҳзат наздик дар муҳитҳои расонаӣ маълум аст. Баъзан суҳбату мусоҳибаҳои бепояву бемояаш аз тариқи барномаҳои вижаи интернетӣ пахшу нашр мешавад. Дар шароити хориҷа камтарак забони муқаррарии ба тоҷикӣ суҳбат карданро аз ёрони наҳзатиаш, ки акнун гирдогирди ӯ мечарханд, омӯхтааст ва дар заминаи омӯхтаҳои сатҳӣ ва гуфтугӯйи сохта дар расонаҳо ва сомонаҳо худро реклама мекунад. Нуқтаи муҳим ин аст, ки Гоша як бизнесмени тамомайёр мебошад. Таҷрибаи бизнесменӣ ва тамомайёриро дар Тоҷикистон омӯхта, минбаъд дар ҷараёни фирор нозукиҳои найрангу иғвогарии сиёсиро ёд гирифта, имрӯз дар саҳнаи сиёсӣ аз бизнеси худ дифоъ мекунад. Гоша ба хотири молу коло ва афзудани савдою тиҷорат дунболи гурӯҳҳои ифротгароро гирифта, дар ин самт аз ҳар василае истифода мебарад.

Акнун дар Аврупо, ки дар баробари макони демокративу озодӣ будан, мутаассифона, минтақаи таҳия ва паҳни инқилобҳои иҷтимоӣ ва сиёсию идеологӣ ба шумор меравад, Гоша приёмҳои нави бархӯрдҳои сиёсиро бо рақибонаш хеле хуб омӯхтааст. Дар ин кор ӯро гурӯҳу созмонҳои дигари мухолиф кумак мекунанд, аз ин рӯ, Гошаи мо дигар он Шарофиддин Гадоеви сода нест, ки ин тарафу он тараф тохта, бо роҳи фиребу найранг пули бедардимиён дароварад, балки нафарест, ки узвияти ба ном «Паймони зиддимиллии Тоҷикистон»-ро ба даст оварда, бо роҳбари фирории наҳзатӣ М. Кабирӣ ҳамтабақ шудааст. Гоша ҳам мисли пири маънавиаш М.Кабирӣ бизнесмени тамомайёр аст, кӯшиш мекунад ҳар вазъиятро ба нафъи молиявии худ ҳал намояд ва худро минҳайси инсони хайрхоҳ, покниҳод, адолатпеша ва азхудгузашта ба ҷомеа вонамуд кунад. Ӯ аз ҳисоби сармояҳои пуштибонони хориҷӣ созмони нав – «Ҷунбиши ислоҳот ва рушд”-ро таъсис дода, онро бо номи худ тавъам намуда, пулу пайсаи онро ба манфиати шахсию инфиродӣ истифода мебарад (кореро, ки раиси фирории наҳзат анҷом медиҳад).        Пулу моле, ки барои барномаи ин тарҳи сиёсии хориҷӣ (созмони «Ислоҳот ва рушд» дар назар аст) ироа мегарданд, Гоша барои рушди бизнеси худ истифода мебарад. Корфармоён ва тарроҳони пружаи Гоша ҳам аз ин кор хабар меёбанд, вале барои онҳо ин муҳим нест, балки ангехтани низоъу даргирӣ шарти асосӣ маҳсуб меёбад. Бинобар ин, Гошаи моро ба истилоҳ, шерак карда, ба набардҳои иттилоотӣ бо Ҳукумати Тоҷикистон омодааш менамоянд.

Ин навъ иғвоҳо бас набуд, ки Гоша дар солҳои ахир тавассути суханрониҳо дар минбарҳои наҳзатӣ аз шахсиятҳои раддаи аввали давлат бадгӯйӣ мекунад ва сели иттиҳомотро сӯйи онҳо мерезад. Агар ба як намунаи суханронии «қаҳрамонамон» таваҷҷуҳ фармоем, ба хубӣ дарк мекунем, ки ӯ забони туҳмату дурӯғро тунд карда, ба давлатмадорон мечаспад ва қасди шикасти бизнеси худро аз онҳо мегирад. Масалан, дар суханронии қаблии Гоша (Ш. Гадоев), ки дар Ҳамоиши Дормунд иттифоқ афтода буд, ҳадаф бадномсозии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буду халос.  Бад-ин минвол тамоми суханрониҳои ӯ ба ин нуқта тамаркуз мекунанд  ва аз зовияи нафрат ба Роҳбарияти давлати миллӣ ироа мегарданд. Чунин шахсро чӣ гуна метавон солим унвон кард ва дар раъси созмоне назири «Ислоҳот ва рушд» қарор дод? 

Ҳаросати сириштию зотии Гоша нисбат ба сармояи бедардимиён дар гузоришоти расонаии ӯ пардапӯш мешавад. Ин марди тиҷорат имрӯз ҳам дар хориҷ дар рифоҳи молӣ зиндагӣ мекунад ва чи хеле ки қаблан таъкид кардем, аз маблағҳои ҳангуфте, ки барои идомаи фаъолияти сиёсӣ ҷудо мегарданд, «самаранок» истифода мебарад. Илова бар ин, Гоша дар баробари фаъолиятҳои ба ном сиёсӣ, дар хориҷ бештар ба гадоӣ ва аз ин ҳисоб пур кардани ҷайб машғул аст ва дар пушти сиёсатбозию иддаоҳои сиёсии ӯ ҷамъоварии сармояи гарон барои манофеи шахсӣ ниҳон аст.

Ҳамин тариқ, Гоша (Шарофиддин Гадоев) барои реклама кардани худ ва касби дороиҳои бо роҳи ғайриқонунӣ бадастовардааш аз тамоми дору мадораш  истифода мебарад. Гоша камтарин хидматро ба халқу давлат накардааст ва ҳуқуқи маънавии таҳқири шахсиятҳои миллатдӯсту ватанпарастро надорад. Бар илова, банд ва заъфи асосӣ, балки мушкили асосӣ дар қалби Гоша аст ва бояд сари ин тамаркуз кунад ва аз даруни дил кинаву адоват ва кудуратро бадар сохта, уқдаҳои равониашро бозшиносӣ намояд ва садди роҳи пешравӣ ва тараққиёти Ватан, миллат ва халқи тоҷик нагардад. Танҳо дар ин сурат Гоша ба як симои муътадили ватанӣ табдил меёбад.

Шариф Алиев, таҳлилгар