Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 68 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.full.php on line 343 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 60 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 64 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 72 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/classes/templates.class.php on line 104 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Deprecated: preg_replace(): The /e modifier is deprecated, use preg_replace_callback instead in /var/www/baljuvontj/data/www/baljuvon.tj/engine/modules/show.custom.php on line 98 Матлаби сомонаи наҳзатӣ исботи хиёнаткории онҳост » Нохияи Балчувон
Сомонаи Нохияи Балчувон » Хабар » Матлаби сомонаи наҳзатӣ исботи хиёнаткории онҳост
Информация к новости
  • Просмотров: 10557
  • Автор: admin
  • Дата: 12-12-2018, 18:02
12-12-2018, 18:02

Матлаби сомонаи наҳзатӣ исботи хиёнаткории онҳост

Бахш: Хабар

Дар сомонаи ифротии наҳзатиҳо матлабе зери унвони “Тоҷикистон дар як рӯйхат бо ДИИШ” нашр гардидааст, ки дар он оиди дар рӯйхати давлатҳои мавриди нигаронии хоси ИМА шомил гардидани баъзе кишварҳо, сухан меравад. Ба ҳамин мазмун дар баъзе сомонаҳои дигари ифротӣ низ хабару мақолаҳо нашр шудаанд. Амали мазкур бори дигар хоин ва ватанфуруш будани роҳбарону фаъолони наҳзатӣ, инчунин афроди ба онҳо вобастаро (Мирзои Салимпур, Муҳаммадиқболи Садриддин ва ғайра) исбот мекунад. Ҳар дафъае ки нисбат ба Тоҷикистон ягон амалу иқдоми манфӣ рух медиҳад, ин тоифа новобаста аз дуруст ё ғалат будани он хурсанд мешаванд. Яъне инҳо душмани Тоҷикистонанд, ки чунин вокуниш мекунанд.  

Дар асл ҳамчун кишвари саркӯбкунандаи озодиҳои динӣ ҳисобида шудани Тоҷикистон ва чанд кишвари дигар танҳо тавсияи Комиссияи озодиҳои мазҳабии байналмилалии Амрико (USCIRF) будааст ва рӯйхати мазкур ҳам, ки аз забони Майкл Помпео садо додааст, дар асоси ҳамин хулоса мебошад, ки комилан ғалат аст. 

ИМА ҳам мисли Тоҷикистон як кишвар аст. Ҷавобгарии ҳар гуна изҳороту суханони ғалати  мансабдорони ин давлат, аз ҷумла котиби давлатии он бар дӯши худи онҳост.  Ба ҳар ҳол амрикоиҳо бояд аввал ба масъалаи таъмин будан ё набудани ҳуқуқу  озодиҳо дар кишвари худашон ва кишварҳое ки қувваҳои мусаллаҳашон ҳузур доранд (масалан, Афғонистон, баъзе кишварҳои арабӣ), таваҷҷӯҳ кунанд. 

Ба ҳама маълум аст, ки дар Тоҷикистон озодиҳои динии шаҳрвандон пурра таъминанд. Тамоми муассисаҳо, ташкилотҳо ва таълимгоҳҳои динӣ дар доираи қонун озодона фаъолият доранд. Сокинони кишвар ҷашну маросимҳо ва талаботи динро мувофиқи хости худ ба ҷо меоранд ва дар ин самт ягон монеае мавҷуд нест. Масалан, дар Тоҷикистон адои Ҳаҷ, гирифтани рӯза, гузоштани намози ҷумъа ва анҷом додани дигар талаботи динӣ комилан озод аст ва Ҳукумат барои дар шароити беҳтар доир гардидани онҳо мусоидат мекунад. 

Аммо бояд тамоми фаъолиятҳои динӣ дар доираи қонун бошад. Албатта таҳсили ғайрирасмии динӣ, иштирок дар созмонҳои террористии динӣ, аз ҷумла ДИИШ, ТТЭ ҲНИ ва ғайра мамнуъ мебошад. Дар худи ИМА ҳам чунин қонунҳо амал мекунанд.

Агар мамнуъ гардидани фаъолияти ТТЭ ҲНИ, равияи Салафия ва дигар созмонҳои ба наҳзат монанд ҳамчун саркуби дин ҳисобида шуда бошад, пас комилан ғалат аст. Зеро инҳо ташкилотҳои террористию ифротӣ ҳастанд, ки ҷиноятҳои мудҳиш содир намудаанд. Фаъолияти террористии наҳзатиҳоро бо диндорӣ як ҳисобидан камоли аҳмақист.    

Наҳзатиҳо бояд аз номи дину мазҳаб умуман гап назананд. Зеро онҳо на танҳо ватану миллат, балки мазҳаби худро низ фурухтаанд. Солҳои навадум дар кишварамон идеологияи бегонаро таблиғ карда, одамонро ба хушунату ҳамдигарбадбинӣ водор карданд. Бо дастури хоҷаҳои хориҷии худ дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро роҳандозӣ намуданд, ки боиси қатли шумораи зиёди шаҳрвандон ва харобии  кишварамон гардида буд. Имрӯз баъди фош гардидани мақсадҳои палидонаашон ва ҷиноятҳои мудҳиши  содир кардаашон наҳзатиҳо  дар Аврупо панаҳ бурдаанд ва боз нашармида ҳар фурсатеро барои туҳмат задан ба давлату Ҳукумат истифода мебаранд. Вале ба мақсади бади худ намерасанд.

Дар Тоҷикистон имрӯз тамоми сохторҳо ба таври зарурӣ фаъолият доранд, озодию ҳуқуқи мардум таъмин аст, сокинон барои пешрафти минбаъдаи ватани худ меҳнат мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар гуна хулосаю тавсияҳои ғаразнок ва хаторо, ки наҳзатиҳоро ба ваҷд меорад, намепазиранд.

 

Диловари Хуршед тахлилгар

 

Тегхо

Анбори хабархо

Октябрь 2024 (1)
Сентябрь 2024 (1)
Июль 2024 (1)
Май 2024 (5)
Апрель 2024 (5)
Март 2024 (4)
^